Назари хос

Баъд аз ҳазор сол…

№71 (3865) 09.06.2018

 Таассурот аз мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон

Баъд аз тамошои навори мулоқот ба чунин хулоса омадам, ки бигӯям: Баъд аз ҳазор сол Худованд барои мо шахсеро фиристода, ки тавонист номи тоҷику Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ кунад ва миллати сарбаланди тоҷик дар ҳама ҷо шинохта шавад.

Мардони Худо Худо набошанд,

Аммо зи Худо ҷудо набошанд.

Вобаста ба вазъи ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам Сарвари давлат таъкид карданд, ки авзои ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарарро дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмат, ки истиқлолу озодӣ аст, бирасем. Таъкид карданд, ки аз равияҳои номатлуб эҳтиёт бошем ва ба онҳо напайвандем. Нисбат ба ТТЭ ҲНИ таъкид намуданд, ки аъзои он бо дастгирӣ ва маблағгузории кишварҳои «дӯст» корҳои таблиғотию ташвиқотӣ мебурдаанд. Мақсади онҳо ноором кардани кишвар, дигаргун кардани тафаккури мардум буд, ки хушбахтона, онҳо ва хоҷаҳояшон ба ниятҳои нопок нарасиданд.

Ҳангоми суханронӣ дар чеҳраи Сарвари давлат эҳсос ва ғамхории падарона дида мешуд, ки ҳар шахси соҳибдил онро дарк мекунад. Дида мешуд, ки ин марди наҷиб ғами миллат, ғами ояндаи Тоҷикис­тон ва наслҳои ояндаро мехӯранд. Аз гузашта ва ояндаи миллат бо эҳсос ва ифтихор ҳарф мезананд, ки ин мардумро ба зиндагӣ ва оянда дилгарм мегардонад. Дар он лаҳзаҳо беихтиёр ин шеърро замзама кардам:

 Баъд аз ҳазор сол, ки кар буд гӯши ман,

Овози ту расид аз он сӯи зиндагӣ.

 Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба зарурати қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи муқаррароти онро талаб намуданд.

Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, боло гузоштани манфиати давлат, дуруст ба роҳ мондани ташхису табобат, таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои тандурустӣ, махсусан марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баранд ва тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки бо риояи анъанаҳои неки аҷдодӣ ба созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ, иҷрои тадбирҳои хайру савоб, дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар, хоҳару бародарони хеш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Пешвои миллат бо итминон иброз доштанд, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватан, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳад кард.

Мутмаинам, ки ҳар шахси соҳибватан, ватандӯст, ки ин суханони пурмаъниро шунид, як ҷаҳон неру гирифта, барои ободӣ ва пешрафти Ватан беш аз пеш фаъол хоҳад буд.

Биноан, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботе, ки дорем, минбаъд низ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, барои ҳифзи тинҷию амонӣ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем ва барои пешрафти кишвар софдилона меҳнат мекунем.

Маҳваши Яъқубзод,

рӯзноманигор