Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» дар таҳрири нав, сметаи хароҷоти вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ вобаста ба маблағҳои ғайримақсаднок истифодашуда кам карда мешавад
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар зикр карданд, ки «Дар доираи ислоҳоти самтҳои алоҳидаи идоракунии молияи давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ва тақсимоту истифодаи мақсадноки онҳо таҳияву татбиқи буҷети давлатӣ дар асоси барнома роҳандозӣ шуда истодааст. Аммо фаъолияти сохтору мақомоти марбута дар ин самт ҳанӯз нокифоя буда, амалияи ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ ҳам дар сатҳи вазорату идораҳои алоҳида ва ҳам аз ҷониби Вазорати молия андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд».
Дар робита ба ин, Пешвои миллат супориш доданд, ки «Вазорати молия бояд дар самти татбиқи самараноки ислоҳот доир ба низоми идоракунии молияи давлатӣ бо дарназардошти таъмин намудани самаранокӣ, мақсаднокӣ, шаффофият ва назорату арзёбӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар самти риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ низоми идораи вазоратро тавсеа бахшад».
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» аз ибтикори вобаста ба дастуру супоришҳои Сардори давлат амалинамудаи роҳбарияти Вазорати молия маҳсуб мешавад.
Суҳбате, ки бо муовини якуми вазири молия Ҷамшед Каримзода доир намудем, моҳияти ин санади меъёрии ҳуқуқиро бозгӯйӣ менамояд.
- Хазинадорӣ дар қонуне, ки мавриди суҳбат аст, чӣ гуна тафсир шудааст?
- Хазинадорӣ раванде мебошад, ки аз ҳамоҳангсозии идоракунии хазинавии иҷрои буҷети давлатӣ, баҳисобгирӣ ва мониторинги уҳдадориҳои шартномавии вазорату идора ва ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, таъмини пардохтпазирии буҷети давлатӣ, хизматрасонии қарзи давлатӣ, векселҳои давлатӣ ва пасандозҳои буҷети давлатӣ ва идоракунии суратҳисобҳои хазинадорӣ, ҷамъоварӣ ва истифодаи маблағи дар буҷети давлатӣ пешбинигардида таркиб ёфтааст.
- Чӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» дар таҳрири нав қабул гардад?
- Иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва «Нақшаи стратегии рушди Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» алоқаманд аст. Қонуни амалкунанда, ки 18 июли соли 2008 қабул гардидааст, бо дарназардошти ислоҳоти солҳои охир такмилталаб гардида буд. Вобаста ба ин ва бо дарназардошти он ки тағйироти пешниҳодшуда беш аз 50 дарсади қонуни амалкунандаро фаро мегирад, он дар таҳрири нав таҳия гардид.
- Дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки «Муосиргардонии низоми идоракунии молияи давлатӣ тақозо менамояд, ки дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ ва назорати қисмҳои даромаду хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ технологияҳои рақамӣ ҷорӣ карда шаванд». Дар ин самт чӣ корҳо ба сомон расидаанд ва чӣ нақша доред?
- Ин масъала дар мадди назари мо қарор дорад ва мунтазам дар ин самт чораандешӣ мешавад. Барои мисол, аз соли 2015 ба муассисаю ташкилотҳои буҷетии ҷумҳуриявӣ ва аз 1 январи соли 2016 ба мақомоти молияи маҳаллӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки ба низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ пайваст гардида, ҳуҷҷатҳои маблағгузории худро тавассути ин низом анҷом диҳанд.
Инчунин, бо мақсади сода ва шаффоф намудани амалиёти маблағгузорӣ, аз 1 январи соли 2016 пардохти музди меҳнати муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ, идрорпулӣ ва аз 1 апрели соли 2018 пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказӣ хизматрасонӣ карда мешаванд, мустақилона, яъне, бо тарзи электронӣ, ба роҳ монда шуд.
Мақсад аз таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» дар таҳрири нав, ки идомаи мантиқии корҳои қаблан амалишуда ба ҳисоб меравад, таҳкими назорати раванди иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани механизми маблағгузорӣ, қабули ҳуҷҷатҳои пардохтӣ тавассути алоқаи электронӣ, такмили тартиби таҳияи ҳисоботи дахлдори иҷрои буҷети давлатӣ, бахусус, таъмини шаффофияти даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ мебошад.
- Тибқи муқаррароти қонуни нав мақоми хазинадорӣ чӣ ваколат дорад?
- Тибқи моддаи 5-уми қонун, кормандони мақоми хазинадорӣ барои идоракунии самараноки маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, идоракунии суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ва суратҳисобҳои дигар, кушодан ва бастани суратҳисобҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзӣ, пешниҳоди таклиф ба мақоми давлатии дахлдор оид ба бартараф намудани камбудиҳо, таъмини робитаи электронӣ-коммуникатсионӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади самаранок идора намудани маблағҳои буҷети давлатӣ, таҳияи маводи методологӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин робита ваколат доранд.
- Вазифаҳои мақоми хазинадорӣ кадомҳоанд?
- Кормандони он даромади буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси вазорату идора ва ташкилотҳои буҷетиро ба ҳисоб мегиранд, хизматрасонии амалиёти даромад ва хароҷоти онҳоро анҷом медиҳанд, маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро амалӣ менамоянд, интиқоли трансфертҳои байнибуҷетӣ (кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), ҳисоббаробаркунӣ (қарзҳои буҷетӣ)-ро дар байни сатҳҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозанд.
Илова бар ин, кормандони ин ниҳод вазифадоранд, ки маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро ба мақоми ваколатдори марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ вобаста намоянд, уҳдадориҳои шартномавии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро ба ҳисоб гирифта, мониторинги иҷрои онҳоро гузаронанд.
Ҳамчунин, онҳо нақшаи хазинавии иҷрои буҷетро таҳия мекунанд ва дар асоси ҳисоботи буҷетӣ ва молиявии аз ҷониби тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, мақомоти маҳаллии хазинадорӣ, мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ пешниҳодгардида ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатиро тартиб медиҳанд.
Моддаи шашуми қонун вазифадор кардааст, ки масъулини мақоми зикршуда оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона таҳия намуда, дар муҳлати муқарраршуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
- Моддаи 12 қонун «Баргардондани маблағи барзиёд ё саҳван ба буҷет воридшудаи даромад ё ҳисоб намудани он барои пӯшондани қарз дар назди буҷет» ном дорад. Ин раванд чӣ гуна сурат мегирад?
- Баргардондани маблағи барзиёд ё саҳван ба буҷет воридшудаи даромад ё ҳисоб намудани он барои пӯшондани қарз дар назди буҷет аз рӯи рамзҳои гурӯҳбандии буҷетӣ аз ҷониби мақоми хазинадорӣ дар асоси хулосаи маъмурони даромади буҷет анҷом дода мешавад.
Муҳим он аст, ки маблағи ба буҷет саҳван воридшуда, ки ба даромади буҷет тааллуқ надорад, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҳисоби даромади соли ҷории молиявӣ баргардонда мешавад.
- Масъалаи дигари таваҷҷуҳбарангез муқаррароти моддаи 15 — ҷойгиронии маблағҳои озоди буҷети давлатӣ ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ маҳсуб мешавад…
- Бале, чунин муқаррарот вуҷуд дорад. Тибқи он, бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет мақомоти хазинадорӣ метавонанд маблағи озоди буҷети давлатиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ ҷойгир намоянд.
Қонунгузор муқаррар кардааст, ки ин кор дар доираи бақияи маблағҳои озоди суратҳисобҳои хазинадорӣ амалӣ карда шавад.
- Уҳдадориҳои истифодабарандагони маблағи буҷетӣ чӣ гуна муайян мегардад?
- Моддаи 19 қонун ба ин масъала бахшида шудааст. Гирандагони маблағи буҷетӣ уҳдадоранд, ки ба мақомоти хазинадорӣ сари вақт ҳуҷҷат ва маълумоти заруриро барои тартиб додани нақшаи хазинавӣ дар шакли электронӣ пешниҳод намоянд, дархост ва ҳуҷҷатҳоеро, ки асоснокии маблағгузории буҷетиро тасдиқ мекунанд, ба мақомоти хазинадорӣ дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамӣ пешниҳод созанд. Дар ҳолати надоштани имконияти пешниҳоди ҳуҷҷати электронӣ бо имзои электронии рақамӣ, ба мақомоти хазинадорӣ нусхаи аслии ҳуҷҷатҳоро пешниҳод ва истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетиро таъмин намоянд.
Дар моддаи мазкур, ҳамчунин, муқаррар шудааст, ки масъулон ҳисоботи буҷетӣ ва молиявиро бояд бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ба мақомоти хазинадорӣ дар шакли электронӣ, бо имзои рақамии электронӣ имзошуда пешниҳод кунанд. Дар ҳолати надоштани имконияти пешниҳоди ҳисоботи буҷетӣ ва молиявии даврӣ ва солона бо имзои электронии рақамӣ, ба мақомоти хазинадорӣ нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои ҳисоботиро пешниҳод созанд.
- Табиист, ки барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ роҳбарон, сармуҳосибон ва шахсони дигари аз ҷиҳати пуливу молӣ масъул ҷавобгар мебошанд. Мехостем донем, ки дар сурати ошкор гардидани чунин далелҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» чӣ чораандешӣ мешавад?
- Дар навбати аввал сметаҳои хароҷоти вазорату идора ва ташкилотҳои буҷетӣ дар соли молиявии дахлдор вобаста ба маблағи ғайримақсаднок истифодашуда кам карда мешавад.
Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки дар қонуни зикршуда масъулияти кормандон масъалаи марказист ва муқаррар шудааст, ки роҳбарону сармуҳосибони гирандагони маблағҳои буҷетӣ барои ғайримақсаднок истифода бурдани онҳо, инчунин, нодуруст ба мақомоти хазинадорӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, маълумот ва ҳисоботҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ҷавобгар мебошанд.
Ашхоси масъул дар ҳолати нодуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», пардохти қарзҳои кредитории беасос, ки боиси истифодабарии ғайрисамаранок ва ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ мегарданд, тибқи талаботи қонунгузорӣ муҷозот хоҳанд шуд.
Мусоҳиб Далер Мерганов, «Садои мардум»