Аз якуми апрели соли равон дар ҷумҳурӣ даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳарбӣ оғоз шуд. Натиҷаи фаъолияти хуби комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буд, ки ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Мастчоҳ, Дарвоз пеш аз муҳлат маъракаи даъвати баҳориро ба анҷом расониданд.
То 23 апрел иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 60 фоизро ташкил дод. Ин рақам дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба 55 фоиз баробар аст. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баъд аз ҷамъбасти маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон дар соли 2017 фаъолияти сусти комиссариатҳои ҳарбии шаҳрҳои Хоруғу Ҳисор, Хуҷанд, Исфара, Ваҳдат, ноҳияҳои Рашт, Қубодиён, Фархор ва Лахшро таъкид карда буд.
Солҳои охир фаъолияти қисмҳои низомӣ ва шароити хизмати аскарон беҳбудӣ ёфтааст. Бо мақсади пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар қисмҳои низомӣ камераҳои назоратӣ насб шудааст. Ин тадбир, албатта, то андозае сатҳи «калонтарошӣ» («дедовщина»)- ро коҳиш хоҳад дод. Вале ба андешаи аксар волидон, то ба як сол кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ пурра «калонтарошӣ»- ро аз байн хоҳад бурд.
Дур нарафта, таҷрибаи Ӯзбекистони ҳамсояро мисол меорем. Дар ин кишвар, ки чанд сол боз хизмати ҳатмии аскарӣ як сол аст, интихоби наваскарон тибқи озмун сурат мегирад. Барои қабули наваскарон Маркази давлатии тестӣ якҷоя бо раёсатҳои маълумоти миёнаи махсус ва касбӣ озмун мегузаронанд. Ҷавонону волидайни онҳо ҳатто барои ба хизмати аскарӣ рафтан миёнараву шинос меҷӯянд, зеро барои хизматкардаҳо ҳангоми ба мактаби олӣ дохил шудан ва ба кор даромадан имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Аз ин рӯ, тибқи маълумоти Созмони Global Fire Power, ки артиши 136 мамлакатро вобаста ба неруву тавоноӣ баҳогузорӣ мекунад, Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ дорои пурқувваттарин артиш буда, дар собиқ шӯравӣ, баъди Федератсияи Россияву Украина, ҷойи сеюм ва дар ҷаҳон ҷойи 39 — умро ишғол мекунад. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон дар ҷойи 96 — ум қарор дорад.
Хуб мешуд, ки дар ҷумҳурӣ аз ин таҷриба истифода бурда, муҳлати хизмат дар артишро як сол мекарданд. Касоне, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, ба мақомоти суд, прокуратура, андоз, милитсия, гумрук, бахши дин ва ғайра ба кор гирифта нашаванд. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода пешниҳод карда буд, ки барои фаро гирифтани сарбозон ба омӯхтани касбу ҳунар, аз қабили сартарошӣ, нонпазӣ, челонгарӣ, дуредгарӣ ва ғайра дар қисми низомии 6592 — и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Турсунзода Маркази таълимӣ таъсис дода шавад, то аз дигар қисмҳои ҳарбӣ аскарон ба он ҷо омада, соҳиби касбу ҳунар шаванд. Агар пешниҳоди зикршуда низ амалӣ гардад, ҷавонон паси дарҳои комиссариатҳои ҳарбӣ барои ба хизмати аскарӣ рафтан навбат хоҳанд истод. Зеро пӯшида нест, ки як қисми ҷавонон имрӯз танҳо барои аз хизмати аскарии дусола гурехтан ба мактаби олӣ ҳуҷҷат месупоранд. Агар донанд, ки як сол хизмат кардаву соҳиби ҳунар низ мешаванд, артишро интихоб хоҳанд кард.
С. АМИНИЁН, «Садои мардум»