БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ

№14 майи соли 2016 14.05.2016

Kasri-millat14 майи соли 2016 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи рӯзҳои ид», Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Мувофиқи иловае, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид карда шудааст, 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Қонуни мазкур бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушду нумӯи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа қабул гардидааст.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ворид карда шудаанд, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии истифодаи усулҳои ғайриқонунӣ ҳангоми дастгиркунӣ ва пурсиши гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, аз ҷумла истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, инчунин роҳ надодан ба дигар маҳдудкуниҳо ва таъмини қонуният дар ин самт равона шудаанд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» воридгардида, муҳлати амали ваколати адвокатҳое, ки то қабули ќонуни мазкур ин мақомро соҳиб шудаанд, то 27 июни соли 2016 тамдид карда шудааст. Ин шахсон метавонанд дар ин муддат ба фаъолияти адвокатӣ машғул гардида, ҳамзамон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни амалкунанда ба мақоми адвокатӣ соҳиб шаванд.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси мурофиавии гражданӣ ворид карда шудаанд, тартиби бистарикунонии маҷбурии шахсони мубталои бемории силро дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил ва таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил муайян менамояд.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ҷавобгариро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ пурзӯр намуда, барои пешгирии беқурбшавии пули миллӣ ва таҳкими низоми бонкӣ равона карда шудааст.

Қонунҳои қабулгардида ба таъмини пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, такмили низоми бонкӣ, пешгирии қонуншиканӣ вобаста ба муомилоти асъор, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.