Сеюми сентябри соли 2014 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон терминали нави ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ифтитоҳ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳудуди ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ташриф оварда, бо буридани лентаи рамзӣ терминали нави онро, ки бо тарҳи муосир ва хеле зебои муҳандисию меъморӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизот муҷаҳҳаз шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ба кор даромадани чунин иншооти муосири зербиноӣ дар соҳаи хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ туҳфаи пурарзиш ба истиқболи солгарди 90-уми таъсиси Авиатсияи граждании тоҷик номида шуд.
Зимни шиносоӣ бо шароити кории терминали нав, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дар асоси қарордод миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса ва миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Ширкати фаронсавии «Винчи Констраншин Гранд Проҷекст — VINCI» дар муддати 20 моҳ сохта ва муҷаҳҳаз карда шуда, ҳоло корҳои охирини васли таҷҳизот ва ҳамоҳангсозии барномаҳои электронии корӣ бо шабакаҳои ҷаҳонӣ идома дорад.
Корҳои сохтмон ва таҷҳизи терминали нави ҶСК «Фурудгоҳи Душанбе» бо харҷи 280 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст, ки наздик ба нисфи он аз ҷониби худи фурудгоҳ пардохт шуда, боқӣ гранти давлати Фаронса аст.
Дар давоми сохтмон 200 кас ба кор ҷалб шуда буд, ки 110 нафари он коргарони маҳаллӣ мебошанд.
Тавре аён гардид, бинои терминали нави ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ки аз ду ошёна ва масоҳати умумии 11 000 м2 иборат аст, имкон дорад дар як соат то ба 500 мусофир хизмат расонад. Дар терминал шароити хуби корӣ бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ, ки ҳамагӣ бо шабакаҳои махсуси дохилӣ ва ҷаҳонӣ пайваст мебошанд, барои тамоми хадамоти хизматрасон ва назоратӣ, аз ҷумла бақайдгирии мусофирон ва бори онҳо, назорати гумрукӣ, назорати сарҳадӣ, санҷиши фитосанитарӣ ва хизматрасонии консулӣ муҳайё гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки тамоми кормандони фурудгоҳ, аз ҷумла хадамоти назоратию хизматрасон бояд на кам се забони хориҷӣ, пеш аз ҳама, русию англисиро донанд ва одобу ахлоқи баланд дошта бошанд.
Ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва роҳбарияти фурудгоҳ дастур дода шуд, ки нуқтаҳои хизматрасонии консулӣ, ки барои додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ дар худи фурудгоҳ пешбинӣ шудааст, зиёд карда шавад.
Дар идомаи шиносоӣ зикр гардид, ки барои хизматрасонии зуду босифат ин бино дорои 18 нуқтаи бақайдгирии мусофирон, ду эскалатор, панҷ лифт, се тасмаи даврзананда барои қабули бағоҷ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.
Дар терминал ду зинапояи телескопӣ мавҷуд аст, ки имкон доранд дар як вақт ба чор ҳавопаймо хизмат расонанд. Шумораи солонаи интиқоли мусофирон 1 млн. 200 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.
Тасмим гирифта шуд, ки оянда дар паҳлуи ин бино боз як терминали наву муосир сохта шавад.
Тавре зикр гардид, ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои кор дар терминали нав мутахассисонро омода сохтааст. Давоми сол коргарони фурудгоҳ аз ҷониби мутахассисони фаронсавӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда, нозукиҳои касб ва истифодаи таҷҳизот ва техникаҳои мавҷударо аз бар кардаанд.
Ба истиқболи ҷашни 90-солагии Авиатсияи граждании тоҷик, ки ба арафаи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омадааст, чанде аз кормандони хизматнишондодаи ин соҳа бо ордени «Шараф» дараҷаи 2, медали «Хизмати Шоиста», унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Ҳамчунин ба роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои хориҷие, ки дар сохтмон ва ҷиҳозонидани терминали нави ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» саҳми арзанда гузоштаанд, туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аҳли толорро бо 90-солагии Авиатсияи граждании тоҷик, ифтитоҳи терминали нави ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки баробари ба кор даромадани терминали нав сатҳи хизматрасонӣ баланд шуда, сифати он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар мешавад ва таъмини бехатарии мусофирон боло рафта, имконияти бемаҳдуди истифодаи хизматрасониҳо фароҳам оварда мешавад.
www.president.tj