Эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард. Дар баробари эҳё ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ба мушкилоти ҳунармандон низ мебояд таваҷҷуҳ намуд, зеро бе ҳалли онҳо наметавон ба фаъолияти эшон равнақ бахшид. Ин нукта якуми майи соли ҷорӣ дар суҳбати гирди миз, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ)-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дошт.
Директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода иброз намуд, ки олимону муҳаққиқони муассиса роҷеъ ба ҳунарҳои анъанавӣ ва мардумӣ корҳои зиёдро анҷом дода истодаанд. Аз ҷумла, аз соли 2016 силсилакитоби «Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик» таҳия мешавад. То имрӯз чор ҷилд аз ин силсила, бо ороишоти ранга ва сифати баланд ба табъ расид, ки натиҷаи экспедитсияҳои кормандони пажӯҳишгоҳ мебошад. Дар китобҳо оид ба анъанаҳо, ҷашну маросим, ҳунарҳо, суннатҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ ва ғайра маълумоти фаровон ҷамъ оварда шудааст.
Маърӯзаи номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов дар мавзӯи «Баррасӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҳунармандон дар Тоҷикистон» боиси таваҷҷуҳ ва мубодилаи афкори аҳли нишаст гардид. Вай ба таври муфассал роҷеъ ба мушкилоти ҳунармандон, касбу ҳунарҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон фаромӯш шудаанду хатари азбайнравӣ доранд, суханронӣ кард.
Муҳаққиқон Зафар Холмуродов, Абдулфаттоҳ Аминов ва Лайло Носирова доир ба сафарҳои эҷодӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, вазъият ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ибрози назар карданд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»