Аммо чаро ташаббускорӣ ба баъзеҳо писанд нест?
Ду сол қабл аз зодагони ноҳияи Ашт, ки дар пойтахти мамлакат фаъолият мекунанд, дар бораи ташаббускории сокини деҳоти «Понғоз»-и ноҳияи мазкур Абдураҳим Дӯстматов шунида будам. Онҳо гуфтанд, ки номбурда ҳамеша ҳамроҳи сокинони деҳот аст. Моҳи октябри соли гузашта гузорам ба ноҳияи Ашт афтоду ба Понғоз рафтам. Дар Кӯҳи Машҳад ном мавзеъ дидам, ки коргарон тавассути экскаватори пуриқтидори тамғаи «Волво» теппаи сангинро тарошида, сангҳоро ба мошинҳо бор мекарданд.
А. Дӯстматов низ ҳамроҳашон буд. Назар ба қавли коргарон ин теппа, ки 150 метр тӯл мекашад, хеле хатарнок аст. Аз даврони шӯравӣ то ба ҳол борҳо боиси садамаҳои марговар шудааст. Аз ин хотир, бо роҳбарии А. Дӯстматов аз шаҳри Хуҷанд техникаи муосир киро намудаанд, то монеаи зикршударо рафъ намоянд.
Сипас, бинои нотамоми беморхонаи деҳоти «Понғоз»-ро дидам, ки бо ташаббуси мавсуф оғоз ёфта, тавассути маблағгузории соҳибкорону муҳоҷирони меҳнатӣ ва тариқи ҳашар 90 фоизи корҳо ба анҷом расидаанд. Аммо як сол боз сохтмони он боздошта шудааст. Дар деҳоти «Понғоз», инчунин, ба филиали мактаби ба номи Н. Ҳувайдуллоев рафтам, ки аз сабаби нарасидани маблағ нотамом мондааст.
Хулосаи сафарро баъди бозгашт дар рӯзномаи «Садои мардум» (№126, 22 октябри соли 2019) зери унвони «Понғоз кайҳо шаҳр мешуд, агар…» чоп намуда, боз ба сафари хизматӣ ба Федератсияи Россия рафтам. Баъди баргаштан аз он ҷо огоҳ шудам, ки то ҳол мушкилоти мазкур ҳалли худро наёфтааст. Аз ин рӯ, бо баъзе иловаҳо мақолаеро ба ҳафтаномаи «Минбари халқ» зери унвони «Чаро баистифодадиҳии беморхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз тӯл мекашад?» фиристодам, ки 8 январи соли равон ба табъ расид. Пас аз ду шумора дар нашрияи мазкур вокуниши муовини раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ ба ҳар ду мақола чоп шуд. Дар онҳо танҳо аз номи сокинон ташаббускор будани А. Дӯстматовро зикр намуда будам. Аммо ин ба Аниса Ҷалилӣ хуш наомада будааст, ки тамоми кинаи нисбат ба ин шахс доштаашро рӯи сафҳа овардааст. Аз ҷумла, ӯ чунин менигорад: «Шаҳрванд Дӯстматов А. гӯё худро ба ҷои сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия гузошта иддао дорад, ки роҳро таъмиру тармим кардааст».
Ростӣ, ман аз сокинони деҳот нисбат ба ӯ суханони нек шунидам ва номбурда дар суҳбат худро таъриф накардааст. Аммо А. Ҷалилӣ навиштааст, ки «номбурда ба ғайр аз худситоиву худтаърифкунӣ дигар кор надорад». Воқеан, агар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ташаббус нишон дода, техника меёфту гардиши хатарноки Кӯҳи Машҳадро таъмир мекард, ҳоҷати аз шаҳри Хуҷанд техникаи пуриқтидори замонавиро оварда, 20 рӯз коргаронро бо маошу ғизо таъмин кардани эҳсонкорон намешуд.
Дар вокуниши муовини раиси ноҳияи Ашт зимни баёни сабаби таъхири сохтмони беморхона ҷумлае таваҷҷуҳамро ҷалб кард: «Сабаби вайрон шудани лоиҳа аз он иборат аст, ки лоиҳаи мазкур аз тарафи «меъмори чирадаст Зикриддин Умаров», ки дар мақола дарҷ гардидааст, тартиб дода шуда, ӯ низ ҳамтабақу маслиҳатчӣ ва лоиҳа аз лоиҳаҳои биноҳои дар хориҷи дуру наздики давлатҳои мусулмонӣ гирифта шудааст…». Дар ҷои дигар омадааст, ки «ҳолати сохти тирезаҳои фасади бино ба талабот ҷавоб намедиҳанд, ки тарзи сохти онҳо (шарқӣ) буда, мисли тирезаҳои биноҳои мадраса ва масҷидҳо мебошанд».
Бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки дар замони шӯравӣ сохта шудааст, бо тирезаҳои шарқӣ даҳсолаҳо ҳазорон олиму мутахассиси дараҷаи олии соҳаи тандурустиро тайёр намуд. Дар шаҳри Душанбе чандин беморхонаю иншооти фарҳангию таълимӣ чунин тирезаҳо доранд. Магар истифодаи онҳоро низ ба хотири «аз лоиҳаҳои биноҳои дар хориҷи дуру наздики давлатҳои мусулмонӣ гирифта шуданашон» манъ кардан лозим аст?
Дар идома А. Ҷалилӣ навиштааст, ки А. Дӯстматов ба ғайр аз «талбандагӣ» дар умраш ба деҳқонию парвариши чорвои хонагӣ машғул нашудааст. Албатта, на ҳама кишоварзу чорводор шуда метавонад, вале мардумро ба кори неку ободкорӣ роҳнамоӣ кардан истеъдод аст. Хуб мешуд, ки ба ҷои «талбанда» гуфта таҳқир кардан аз ташаббускории чунин ашхос барои ободии диёр истифода барем. Агар тақдим кардани як сипосномаро дареғ медорем, ақаллан шахси дар байни мардум муътабарро таҳқир накунем.
Дар деҳоти «Понғоз» таҳти сарварии раиси он Бахтиёр Турсунов тайи солҳои 2018- 2019 беш аз 25 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуд, ки шоёни таҳсин ва мавзӯи суҳбати алоҳида мебошад.
Ҳадафи асосӣ аз навиштани мақолаҳои зикршуда танҳо тезонидани баистифодадиҳии беморхонаву бинои нотамоми мактаб буд. Зеро ободии як гӯшаи Ватан ва соҳиби ҷойи кор шудани чанд ҳамватанамон боиси хушҳолию шодмонии ҳар яки мост.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»