Ҳамовозӣ

Баҳри кайке пӯстин оташ мазанем!

№7 (3957) 17.01.2019

Чаро дар баъзе маврид илми ҳимояи наботот ба қафо меравад?

Bojya-korovka-11337Дар шумораи №149 «Садои мардум» (15 декабри соли 2018) мақолаи номзади илм­ҳои кишоварзӣ Икром Тешаев бо номи «Таъсиси Маркази муборизаи биологӣ бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ зарур аст» чоп шуд. Ман бо муаллиф ҳамақидаам. Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки дар асри гузаш­та олимони соҳаи муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонҳо усули муборизаи химиявиро дар ҷойи сеюм гузошта буданд. Сабаб дар он буд, ки заҳрхимикатҳо ба инсон, обу хоку ҳаво ва олами набототу ҳайвонот таъсири манфӣ мерасонанд. Мутаассифона, имрӯз баъзе олимон, ки дар бораи ҳашарот фаҳмиши дуруст надоранд, ҷанбаҳои иқтисодӣ ва саломатии аҳолиро ба назар нагирифта, истифодаи заҳрхимикатҳоро дар ҷойи аввал мегузоранд. Онҳо, бинобар манфиатҳои шахсӣ, усули биологии мубориза бар зидди зараррасонҳоро сарфи назар мекунанд.

Дар вақташ собиқ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев сарвари ҳаводорони истифодаи заҳрхимикатҳоро, ки аз дигар ҷумҳурӣ омада, ҳадафи бештар савдо кардани онҳоро дошт, фош намуда, кафшашро пеш гузошта буд. Мутаассифона, имрӯз баъзеҳо майдони илми ҳимояи набототро холӣ дида, мавзӯъҳои дар гузашта баррасишударо дубора аз номашон пешниҳод карда истодаанд. Аз ин рӯ, дар самти муборизаи интегратсионӣ бар зидди ҳашароти зараррасон ақибравӣ ба назар мерасад.

Чиро муборизаи интегратсионӣ (ҳампайвандӣ) — и растаниҳо мегӯянд? Муборизаи интегратсионӣ муносибати махсус дар самти истифодаи муштараки ҳама гуна шакли маҳв намудани зараррасонҳо мебошад, ки ба тариқи систематикӣ, бо мақсади бехавф, самарабахш ва бо нигоҳ доштани популятсияи зараррасонҳо сурат мегирад. Бо ин мақсад бояд мутахассисон шумораи зараррасонҳоро бо роҳи ба ҳисобгирии мунтазаму ташхис омӯхта, давраҳои ҳаётии онҳоро муайян карда, баъд усулҳои муборизаро пешниҳод намоянд.

Масалан, ба ниҳоли пахта фақат насли якуми кирмаки реша зарар мерасонад. Давраи зараррасонӣ ва ғизогирии ин кирмак аз саршавии аввали сабзиши пахта оғоз ёфта, то пайдо шудани 6- 8 барги асосии он идома меёбад. Дар ин давра кирмакҳо метавонанд пурра решаи пахтаро хӯрда, ниҳолро нобуд кунанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар як метри мукааб майдони пахта 2,6 кирми калон ба қайд гирифта мешавад. Зараррасонҳо дар се шаб то ба зоча табдил шудан дар як гектар аз 1942 то 4454 ниҳолро нест карданд. Дар натиҷаи омӯзиши хусусиятҳои экологӣ ва биологии кирмаки решаи пахта маълум шуд, ки зидди ин зараррасон пешакӣ дар заминҳо пошидани ДДТ ва ГХС барин заҳрҳои қотил ғайримақсаднок мебошад. Аз ин рӯ, пешакӣ пошидани ин заҳрхимикатҳо («доруи дуст») дар заминҳои пахта солҳои шастуми асри гузашта манъ шуд. Зеро пошидани заҳрҳои қотиле, ки солҳо таъсираш дар хок монда, зарараш ба истеъмолкунандагон мерасид, мақоли «баҳри кайке пӯстин оташ задан»- ро ба ёд меовард.

Камина равияҳои экологии муборизаи интегратсионӣ ва таъсири онҳо ба рафтори кирмакҳоро дар мақолаю монографияҳои илмӣ солҳои 1966, 1968, 1969, 2005, 2015 ва 2017 пурра дар асоси структураи агробиосенози пахта шарҳ додаам. Раисони хоҷагиҳои пешқадам ва олимони маъруфи давраи шӯравӣ Ю. Воронин, Е. Шишкин, В. Танский, М. Нарзиқулов ва Ш. Умаров натиҷаҳои илмии дар боло зикршударо тасдиқ намуда буданд.

Дуюмин ҳашароти зараррасон кирми ғӯза мебошад, ки дар водиҳои пахтакори Тоҷикистон аз 3 то 5 маротиба насл медиҳад. Ба ҳосили пахта ду насли он зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар шароити имрӯза ғизои асосии ин ҳашарот помидор ва ҷуворимакка аст. Азбаски қитъаҳои зироатҳои мазкур чандон зиёд нес­танд, бо усули биологӣ бо ҳашароти мазкур муборизаи бурдан беҳтар аст.

Дар ин хусус соли 1992 дар шаҳри Санкт — Петербург рисолаи докторӣ ҳимоя кардам.

Мутаассифона, М. Тошпулодов барои соҳиби унвони илмӣ шудан ҳашаротеро, ки ҳанӯз соли 1981 дар тавсияномаи муборизаи интегратсионӣ қайд шуд, дар рисолаи докторӣ ҳамчун намуди нави зараррасони пахта муаррифӣ кардааст.

Дар давраи шӯравӣ барои муҳофизати пахта аз ҳашарот 9 пажӯҳишгоҳи илмии ИҶШС тадқиқот бурда, зараррасонҳо ва роҳҳои мубориза бо онҳоро муайян карда буданд.

Имрӯз бошад, А. Ҷалилов ва М. Тошпӯлодов барин олимон танҳо бо чопи плакатҳои ранга ва такрори гуфтаҳои олимони давраи шӯравӣ гӯё роҳҳои «нав» — и бо зараррасонҳо мубориза бурданро пешниҳод мекунанд. Мутмаинам, ки бо чунин корбарӣ мушкилоти вобаста ба ҳимояи наботот кам не, зам мешавад.

Салоҳиддин МУҲИДДИНОВ, доктори илмҳои биология, профессори ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур