Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», мақолаи «Фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар соли 2012 пурмаҳсул буд»-и роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 25 январи соли 2013 таҳти №12- 13 (2997- 2998) ба нашр расидааст, мавриди озмӯзиш қарор дода шуд.
Вобаста ба маълумотҳои дар мақола дарҷгардида марбут ба норозӣ будани сардабири рӯзномаи «Миллат» А.Умарова бо санадҳои судӣ муайян гардид, ки даъвои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати рӯзномаи «Миллат» оиди рӯёнидани зарари маънавӣ ба Cуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 18 феврали соли 2010 ворид ва пас аз ҳалли масъалаи қабул, анҷом додани амалиётҳои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ, бо дархости тарафҳо ду маротиба ташхиси филологӣ- суханшиносӣ гузаронида, 8 феврали соли 2011 парванда моҳиятан баррасӣ ва талаботи даъво қисман қонеъ гардонида, ҳалнома 21 апрели соли 2011 эътибори қонунӣ пайдо намудааст.
Дар асоси шикояти назоратии ҷавобгар ба қарори марҳилаи назоратии Суди шаҳри Душанбе аз 14 марти соли 2012 ҳалномаи мазкур бинобар татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ бекор ва барои баррасии нав ирсол карда шудааст.
Минбаъд бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 25 апрели соли 2012 тибқи муқаррароти сархати 1 моддаи 225 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар тобеияти суди иқтисодӣ доштани баҳс, пешбурди парвандаи мазкур қатъ карда шуда, тарафҳо санади мазкурро мавриди шикоят қарор надодаанд.
Маълумоти навбатии мақола доир ба парвандаи гражданӣ бо даъвои С.М.Роибова дар ворисии О.Б.Холов нисбати Ҳ.С.Одинаева оиди эътироф намудани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, моликияти умумӣ эътироф намудани манзили истиқоматӣ ва ҷудо намудани ҳиссаи меросӣ, аризаи даъвоӣ муқобили даъвои Ҳ.С.Одинаева нисбати С.М.Роибова, Б.О.Холов дар бораи амволи муштараки зану шавҳар эътироф кардани манзили истиқоматӣ ва тақсими моликияти меросӣ дахлдор буда, баҳси мазкур дар судҳои марҳилаи якум се маротиба моҳиятан баррасӣ гардида, санадҳои судии қабулгардида дар асоси шикояти тарафҳо аз ҷониби суди марҳилаи болоӣ бекор гардидааст.
Айни замон парванда дар пешбурди Суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад ва шаҳрванд Ҳ.С.Одинаева метавонад дар муҳокимаи судӣ иштирок намуда, ваҷҳу далелҳояшро ҳамчун тараф ба суд пешниҳод намояд.
Масъалаи аз ҷониби судяҳо С.Қурбонов, Ш.Нарзуллоев, Х.Давлатов ва Ҳ.Раҷабов дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун баррасӣ нагардидани парванда дар назди роҳбарияти Шӯрои адлия мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт. Диққати судяҳои номбурда бобати риояи дақиқу татбиқи дурусти меъёрҳои моддию мурофиавӣ ва дар муҳлати бо қонун пешбинигардида баррасӣ намудани парвандаҳо, қабули қарорҳои асоснок ва қонунӣ ҷалб карда шуд.
М.С.ҚАЛАНДАРОВА,
муовини раиси Шӯрои
адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон