Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигори рӯзнома Ш.Атобуллоевро таҳти унвони «Нишондиҳандаҳое, ки шабеҳи ҳубоби рӯйи обанд», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» №38 аз 17 апрели соли 2014 рӯи чоп омадааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
Кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри иҷрои «Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» дар соли 2013, тибқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар майдони 44380 гектар кишти картошка гузаронида буданд, ки нисбати соли 2012-ум 2642 гектар зиёд буд. Тибқи ҳамин маълумоти агентӣ аз майдони умумии киштгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 1 115 696 тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ карда шуд ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 247,3 сентнериро ташкил дод.
Бояд зикр кард, ки аз картошкаи кишткардашуда 2853 гектараш барвақтӣ мебошад. Истеҳсоли картошкаи барвақтӣ, тибқи маълумотҳо, дар соли 2013-ум 51354 тоннаро ташкил дод ва он пурра барои истеъмоли аҳолӣ равона гардид. Ҳамзамон бо сабаби набудани анборҳои нигоҳдории картошка нигоҳдории дуру- дарози он дар анборҳои ғайристандартӣ ба талафоти зиёд оварда расонид. Ҳамасола зиёда аз 200 ҳазор тонна картошкаи истеҳсолшуда барои тухмӣ истифода бурда мешавад.
Бояд хотиррасон намуд, ки хариду фурӯш, содироту воридот, нигоҳдорӣ, захира ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба ваколатҳои Вазорати кишоварзӣ мансуб набуда, вазорат танҳо истеҳсол, риояи агротехника ва технологияи парвариши зироатҳои кишоварзиро бо гузаронидани семинар-машваратҳо ва тариқи дигар имкониятҳо якҷоя бо олимони соҳа тавсия медиҳад ва онро назорат мекунад.
Ҷ.С. Саидова, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон