Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Хоновро таҳти унвони «Ҷавононро дар заминаи арзишҳои маънавӣ тарбия бояд кард», ки 15 декабри соли 2014 таҳти №149 (3295) ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, чунин маълумот манзур медорад: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона буда, дар он арзишҳои инсонӣ дар мадди аввал меистанд ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқотҳояшон бо ҷавонон, аҳли зиё, аҳли ҷамоатчигӣ, вохӯриву мулоқотҳо дар маҳалҳо бо мардум, суханрониҳояшон дар арафа ва рӯзи идҳо ва дигар ҷашну маросимҳо бармеоянд, моро бештар водор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба таълиму тадрис ва шуғл фаро гирифтани ҷавонони мамлакат корҳои назаррасро ба анҷом расонем.
Дар робита ба ин мавзӯъ зикр намуданием, ки дар ҷумҳурӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ барномаҳои миёнамуҳлати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» татбиқ мегардад, ки он моҳиятан иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад ва амалӣ гаштани он баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Дар доираи Барномаи мазкур соли 2014 ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 112634 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 40261 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин давра аз 51248 нафар шаҳрвандоне, ки ба онҳо мақоми бекор дода шудааст, 28382 нафарашон ҷавонон буда, бо кори доимӣ таъминшудагон 38911 нафарро дар бар мегиранд, ки 16412 нафарашон ҷавононанд.
Дар заминаи 685 ярмаркаи ҷойҳои кории холии соли гузашта гузаронидашуда, дар маҷмӯъ, 12252 нафар шаҳрвандон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуда буданд, аз ин миқдор1457 нафарро занон ва 1625 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Бояд афзуд, ки давлат кафолати иловагиро ба шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дошта, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат баробар рақобат карда наметавонанд, бо воситаи таҳия ва татбиқи барномаҳои маҷмӯии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ ва рушди ташкилотҳои махсусгардонидашуда бо дарназардошти ташкили онҳо барои ҷалби меҳнати маъюбон, муқаррар кардани квота, пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба роҳнамоии касбӣ ва бо роҳи ташкил намудани омӯзиш вобаста ба барномаҳои махсусгардонидашуда ва дигар чорабиниҳоро таъмин менамояд.
Мусаллам аст, ки рушди соҳибкории хурду миёна на танҳо барои таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ шароит фароҳам меорад, балки низоми муносибатҳои бозоргониро ба миён оварда, ба ин васила ба паст гардидани шиддати бекорӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва некуаҳволии шаҳрвандон суръат мебахшад.
Вобаста ба ин, соли гузашта аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 8464 нафар кумакпулӣ оид ба бекорӣ таъин карда шудааст, ки аз ин шумора 6705 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва 5649 нафар ҷавонон ба роҳнамоии касбӣ фаро гирифта шуданд.
Дар соли 2014 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 3751 нафар шаҳрвандони бекор дар ҳаҷми 12 млн. 706,7 ҳазор сомонӣ ё худ ба ҳар як нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 84,7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо кумаки молиявӣ пардохт гардид, ки ин нишондод 121,0 фоизи иҷрои нақшаи солонаи барномаро ташкил медиҳад. Соли сипаригардида ба 2127 нафар занон дар ҳаҷми 7 млн. 204,7 ҳазор сомонӣ ва ба 1410 нафар ҷавонони бекор барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ 4 млн. 777,7 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардидааст, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2008 аз ҳисоби занон 696 нафар ва аз ҳисоби ҷавонон 297 нафар зиёд мебошад.
Вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар бояд зикр намуд, ки оид ба сари вақт огоҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз талаботи нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷират дар давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тибқи супориши вазорат гурӯҳи корӣ таъсис ва барои бурдани корҳои иттилоотӣ ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шудааст.
Бо мақсади таъмини дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба иттилооти зарурӣ дар дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шуъба ва бахшҳои маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият менамоянд.
Айни замон дар асоси муроҷиати шаҳрвандон бо истифода аз маълумоти аз мақомоти Федератсияи Россия дастрасшуда, дар тамоми сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳалҳо, фурудгоҳҳо ва истгоҳи роҳи оҳан санҷиш ва огоҳонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои ҷой доштани манъи воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия ба роҳ монда шудааст. Инчунин аз ҷониби вазорат оид ба навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ буклетҳои иттилоотӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр гардида, тавассути сохторҳои вазорат дар маҳалҳо байни сокинони кишвар паҳн карда шуд. Оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мунтазам роликҳои иттилоотӣ ва мусоҳибаҳо пахш гардида, дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ хабару гузоришҳо нашр карда мешаванд.
Фаъолияти намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳал намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ равона шудааст. Кормандони намояндагӣ дар ҳашт шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии муҳоҷирон ҳамкории мунтазам дошта, барои ҳалли мушкилоти онҳо пайваста мусоидат менамоянд.
Вазорат тасмим гирифтааст, ки соли 2015 дар доираи салоҳияту ваколатҳои худ дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои заруриро андешанд.
С.Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон