Кишвари соҳибистиқлоламон бо сарҷамъию муттаҳидии шаҳрвандонаш дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор пеш меравад. Сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтару хубтар ва сатҳи камбизоатӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ паст гардида истодааст. Ободонию бунёдкориҳо бошанд, ҳамаро ба ҳайрат мегузоранд. Ба фикри ман, ин ҳама натиҷаи саъю кӯшиш ва иродаи матини Пешвои миллатанд, ки баҳри иҷрои ҳадафҳои асосии Давлату Ҳукумати кишвар тамоми донишу малака ва қувваю ғайратро сарф менамоянд.
Аммо то ба ҳол шахсоне ёфт мешаванд, ки ба тадбирҳои ободкоронаю созандаи Давлату Ҳукумат ва халқ муғризона баҳо дода, мехоҳанд бо туҳматҳои ғаразноку ҷоҳталабона қадру манзалати мамлакатро дар арсаи ҷаҳон паст кунанд.
Бояд гуфт, ки туҳмат ва буҳтонҳои беасос вақтҳои охир нисбат ба Сарвари давлат ва фаъолияти кориашон, тавассути гурӯҳҳои алоҳидаи зархаридони хориҷӣ, махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, зиёд шудааст. Вале он ҳама нигоштаҳо асоси воқеӣ надошта, аз ғаразҳои шахсӣ ва сиёсӣ иборат мебошанд. Ин тоифаи зиёнкор мехоҳанд, ки ба заҳматҳои кашидаи Сарвари давлат, ки бо кӯшишҳои пайвастаашон сулҳу ваҳдат ва рушди босуботи мамлакат таъмин гардид, хати батлон кашанд. Ба андешаи ман, нодида гирифтани муваффақияту пешравиҳои ҷумҳурӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат ношукрӣ ва носипосии рӯирост мебошад.
Аксар давлатҳои дунё, ки қисме аз мардумаш мубталои бемории сироятии COVID-19 гардидаанд, дар дохили кишвар ва ё берун аз он мухолифони худро доранд, аммо дар чунин айёми душвору сангин ҳеҷ кадоме аз онҳо ба монанди аъзои бадхоҳ ва бадбини ташкилоти экстремистӣ — террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо афкору ақидаи фитнаангез ба давлату миллат ва сарзамини аҷдодӣ теғи душманӣ кашида, дар расонаҳо хабару ҳангомаҳои бардурӯғ наангехтанд.
Имрӯз аз мусибати ба сари мардумомада ҲНИ ва тарафдоронаш табли шодӣ мезананд. Амалҳои ғайриинсонии ин тоифа аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо мухолифони давлати Тоҷикистон нестанд, балки душманони ашаддии миллату давлати тоҷик ҳастанд. Барои онҳо арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ кайҳо вуҷуд надоранд, чунки виҷдону имону муҳаббату садоқату вафоро нисбат ба Ватану миллат кайҳо қурбони хоҷаҳои зархариди хориҷӣ кардаанд.
Аз ин рӯ, бояд саъю кӯшиш кунем, ки пеши роҳи ҳар гуна туҳмат, буҳтон ва ғаразҳои шахсиро, ки ба шаъну шуҳрати Роҳбари давлат иснод меоваранд, пешгирӣ ва воқеиятро ба ҳар восита тарғиб намоем. Чунки тамоми соҳаи ҳаётан муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла, соҳаи нақлиёти автомобилӣ, зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҳоли тараққиёти бемайлон қарор доранд.
Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар ҷумҳурӣ, бинобар кашмакашиҳои сиёсии оғознамудаи наҳзатиён ва ҷанги шаҳрвандӣ, соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба буҳрони шадиди молию иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Аз бесарусомонӣ ва беҳокимиятии бамиёномада истифода бурда, нақлиёти мусофирбари муассисаҳои нақлиётии Иттиҳодияи истеҳсолии нақлиёти автомобилии мусофирбари байнишаҳрии Вазорати нақлиётро гурӯҳҳои силоҳбадаст ва шахсони алоҳида ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, водии Вахшу Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бурданд.
Пас аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баргардонидани молу мулки баяғмобурдаи ҷамъиятиро ба миён гузоштанд. Вазорати нақлиёт бо ин мақсад комиссияи босалоҳият таъсис дод. Солҳои 1993 — 1996 бо саъю кӯшиши аъзои он 80 дарсади нақлиёти дуздидашуда ба муассисаҳои марбутаи нақлиёти давлатӣ баргардонида, фаъолияти мусофиркашонии пурра фалаҷгардида аз нав ба роҳ монда шуд. Ҳамин тариқ, тавассути нақлиёти мусофирбари муассисаҳои Иттиҳодияи истеҳсолии нақлиёти автомобилии мусофирбари байнишаҳрии Вазорати нақлиёт зиёда аз 900 ҳазор нафар гурезаи иҷборӣ ба ҷои зисти доимӣ баргардонида шуданд. Баъдтар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста бо тақозои давр хусусигардонии молу мулки давлатӣ оғоз гардид. Кормандони Иттиҳодияи истеҳсолии нақлиёти автомобилии мусофирбарии байнишаҳрии Вазорати нақлиёт саҳмияҳои онро пурра харидорӣ намуда, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи мусофирбар»-ро таъсис доданд, ки алҳол дар ҳайати он зиёда аз 1000 нафар ронанда тибқи шартнома ва кормандони масъул фаъолият менамоянд.
Минбаъд равнақу ривоҷи соҳибкорӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилии мусофирбар, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, кам кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳии фаъолият ва таъмини фазои озоди рақобат дар хизматрасонии нақлиётӣ ба мусофирон ба яке аз ҳадафҳои асосии Давлату Ҳукумати кишвар табдил ёфтанд. Барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ заминаҳои асосии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд. Ҳоло ягон монеа вуҷуд надорад, ки садди роҳи хоҳишмандони ба соҳибкорӣ машғулшаванда дар соҳаи нақлиёти автомобилии мусофиркашонӣ гардад.
Бо мақсади ба тартиб даровардани фаъолияти ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ва барқарор намудани муносибатҳои мутақобилаи байни онҳо, муҳофизати дастаҷамъонаи ҳуқуқу манфиатҳояшон 3 марти соли 2003 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №88 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи иттиҳодияҳои нақлиёти автомобилӣ» ба тасвиб расид ва 30 марти соли 2010 бо қарори №169-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он тағйиру илова ворид карда шуд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки дар татбиқи қарори мазкур ҳамаҷониба саҳм гузоранд.
Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар партави иҷрои қарори зикршуда таъсис ёфт, дар самти муттаҳидшавии ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои онҳо ба муваффақият ноил гардид. Бисёре аз ронандагони ҷамъияту ширкатҳои мусофирбарии вилоятҳои Суғду Хатлон, водиҳои Ҳисору Рашт узвияти Ассотсиатсияро пазируфтанд, ки имрӯз шумораашон беш аз 10000 нафарро ташкил медиҳад.
Дар асоси таклифҳои Ассотсиатсия ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои машғул шудани онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ сабукии зиёд пешниҳод гардид. Ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ ворид сохтани тағйиру иловаҳо, дар муддати даҳ соли охир баланд набардоштани ҳаққи патент, бо иҷозатномаи шахсони ҳуқуқӣ фаъолият кардани соҳибкорони инфиродӣ, барҳам додани сертификати техникии нақлиёт, ройгон дастрас намудани варақаи назоратӣ ва ғайра далели ин гуфтаҳост.
Таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард, бунёди нақбу пулҳои мошингузар, иншооти дигари нақлиётиро низ метавон чун ғамхории беназири Сарвари давлат дар ҳаққи соҳибкорони соҳаи нақлиёти автомобилӣ маънидод кард.
Вақте ки шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанак» вобаста ба талаботи меъёрҳои байналхалқии роҳсозӣ таъмиру тармим ва азнавсозӣ гардиду дар масири он ду нақби бузург ва даҳҳо пули мошингузар сохтаву нигоҳдорию истифодаи он ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшиз ЛТД» гузошта шуд, бадхоҳони Ҳукумати Тоҷикистон дар дохили мамлакат ва берун аз он шӯру валвалаи зиёд ба по карданд. Аммо, баъди гузашти чанд сол, маълум гардид, ки тасмими Ҳукумати кишвар дар бобати пулакӣ кардани рафтуомад дар ин роҳ дуруст будааст. Ронандагони мусофиркаши ҷамъиятҳои мусофирбарии аъзои Ассотсиатсия, ки дар ин шоҳроҳ ба мусофирбарӣ машғуланд, аз сифати хизматрасонии кормандону мутахассисони ширкати саҳомии зикршуда қаноатманданд, чунки ҷойҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаро сари вақт ва бо сифати баланд таъмир карда, роҳро дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ медоранд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки шоҳроҳ дар тамоми фасли сол, новобаста аз тағйирёбии обу ҳаво, дар хизмати ронандагону мусофирон қарор дорад.
Роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма низ, ки бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд сохта шуд, тамоми фасли сол дар хизмати нақлиётчиёни автомобилӣ аст.
Ҳамин тавр, соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, маданию хизматрасонии ҷумҳурӣ зери назорати доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Қонуну қарорҳои қабулгардида барои меҳнати софдилона, махсусан, соҳибкорӣ, дар соҳаҳои гуногун кафолати пурраи ҳуқуқӣ медиҳанду фазои орому осуда ва бе ҷангу ҷидолро дар кишвар таъмин месозанд. Аз ин дида неъмати бебаҳое магар вуҷуд дорад? Ман намедонам, бадхоҳони миллату давлат аз Ҳукумати ҷумҳурӣ боз чӣ мехоста бошанд?
Сафаралӣ ГУЛОВ, раиси Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбар, узи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон