31 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Хабари садамаи мудҳиши ҳавопаймои мусофирбар дар нимҷазираи Синай, ки боиси марги беш аз дусад нафар одамон, аз ҷумла кӯдакон гардид, моро ба изтироб овард.
Дар ин соатҳои ҳазин, аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон дар робита ба ин фоҷиа ба роҳбарият ва халқи дӯсти федератсияи Россия тасаллияти амиқ баён менамоям ва хоҳишмандам ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед».