Барои чӣ ба усто Мадраҳим Ордени «Александр» дода шуд?

№148 (4098) 10.12.2019

Дар байни қаторкӯҳҳои ҳазрати Шоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин деҳаи зебову хушманзаре ҷойгир аст, ки Навобод ном дорад. Оҳангарӣ дар ин макон шуҳрати бештар дошт. Усто Шариф бо фарзандонаш — Носир ва Шараф досу болға, табару теша, белу каланд, юғу испор сохта, ба ин восита умр ба сар мебурданд.

Мардуми заҳматпешаи Муъминобод, Яхсӯ, Даштиҷуму Дарвоз ба дӯкони оҳангарии усто Шариф омада, ҳар гуна олоти зарурии кишоварзӣ ва рӯзгори хешро фармоиш медоданд.

Усто Шариф писарбачаеро  бо номи Мадраҳим  аз хурдӣ фарзанд  хонда буд. Ӯ аз ҳамсолон  фарқ мекард:  зеҳни тезу забони бурро дошт, панҷаҳояш сахту гиро буданд. Мадраҳим  аз 13-солагӣ ба усто Шариф шогирд шуд. Соҳибкасб гардиду ҳунари ӯро ҳама писандиданд. Аз ин хотир  усто Шариф дар шаҳраки Саричашма  барояш дӯкони оҳангарӣ   сохта дод.

Як рӯз ба устохонааш мударриси  мадрасаи Саричашма (ҳоло дар ҷойи мадраса Интернати бачагона ҷойгир аст)  Юсуф  меояд. Номбурда дар мадрасаҳои Мири Араб ва Кӯкалтош таҳсил карда, дар шаҳри Балх аз устодони мадраса дониш омӯхта буд.

Мувофиқи аҳдномаи Бухоро ва Петербург солҳои 1895 -1898 дар минтақаҳои Фархору Саричашма, Девдору Ёл то Дарвоз дидбонгоҳ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ ташкил шуда буд. Сарҳадбонҳои рус дар деҳаи Сомончии ноҳияи Фархор ва деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ паром (гузаргоҳи обӣ) сохтанд, ки то ҳол маъруф аст. Дар ин мавзеъҳо сарҳадбонон қамишзорро ба киштзору боғ табдил доданд.Ҷойи зикр аст, ки саҳми хизматчиёни ҳарбии рус ҳамон солҳо дар аз худ кардани заминҳои навкорам ва хурраму зебо гардонидани мавзеъҳои наздисарҳадӣ кам набуд.

Дар туғайзорҳои наздик хуку гуроз, юзу паланг ва дигар дарандаҳо киштзори сарҳадбононро поймол мекарданд. Бинобар ин, онҳо дар он ҷо дом мегузоштанд. Азбаски  усто Мадраҳим дар сохтани қапқон ҳунари хуб дошт, ӯро даъват мекарданд ва номбурда домҳоро азнавсозӣ ва чанд қапқони дигар сохта, ба сардори гарнизон полковник Николаев ҳадя мекунад. Онҳо чунон мустаҳкам буданд, ки ҳайвоноти ваҳшӣ ҳангоми дарафтодан халосӣ намеёфтанд.

Сипас, ӯро ба ноҳияи Серпантин – Сарои Камар (Панҷи ҳозира) даъват мекунанд. Дар он ҷо ба сарҳадбонони рус  қапқон сохтанро ёд медиҳад.

Тавсифи ҳунари ӯ то ба ситодҳои ҳарбии шаҳри Оренбурги  Россия мерасад. Бо даъвати масъулин ҳунармандро ба воситаи аробаи чатрдори ҳарбӣ (фойтун) ба Тирмиз ва аз он ҷо ба воситаи эшелон (қатораи боркаш) ба Оренбург мебаранд.

Баъди ду сол таълими низомӣ ва рутбаи афсарӣ мегирад. Забони русиро омӯхта, ба забонҳои туркӣ, тоторӣ ва ӯзбекӣ озод гап мезад. Бо дарназардошти ин, сардори бахши таъмир ва тармими баталйони муҳандисӣ таъин мекунанд. Ҳамрадиф бо ифои вазифа ба ҳарбиёни  Оренбург касби оҳангариро меомӯзонад. Азбаски Мадраҳим дар пеши табиб Юсуф Раҳим асрори гиёҳ ва олами ҳайвонотро аз китоби «Махзан — ул — адвия» ва «Ҳақоиқ-ул-адвия» омӯхта буд, равғани зағирро дар технологияи яроқтозакунӣ истифода мебарад. Ин таҷриба имкон дод, ки он солҳо (1900-1910) истифодаи равғани зағир дар Россияи подшоҳӣ маъмул гардад.

Ҳамин тариқ, намунаи маҳсули дас­тони Мад­раҳим – лавозимоти ҳарбиро  дар  шаҳрҳои Оренбург, Маскаву Санкт — Петербург дар ҷашнвораҳои низомӣ ба намоиш  мегузоштанд.

Дар  иди «Юрийи Муқаддас»   императори рус  Николайи II (сулолаи Романовҳо) барои хизматҳои шоён дар қатори муҳандисони рус   Мадраҳим Раҳмоновро  бо  ордени  «Александр», дараҷаи I сарфароз мегардонад.

Баъди  хидмат дар шаҳри Оренбурги Россияи подшоҳӣ ба зодгоҳаш  бо унвони  ҳарбии штабс — капитан баргашта, ҳамчун афсар дар минтақаи марзбонии «Боғ» — и сарҳади Афғонистону Бухорои Шарқӣ хизмат­ро идома медиҳад.

- Сари синаашро ордену медалҳои Россияи подшоҳӣ зиннат медод ва аз ин ифтихор мекард, – мегӯяд писарамакаш, сокини деҳаи Давлатободи ноҳияи Фархор Мадраҳим Маднаимов.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба пиронсолӣ нигоҳ накарда, бо шогирдон дар бунёди «Танки Тоҷик» саҳм гузошт. Ҳамон айём  аз колхози «Гули Сурх», ки қаҳрамони матлаб дар он ҷо зиндагӣ мекард, зиёда аз 100 аспи пурқувватро ба фронт равон карданд.  Аз он «Гвардияи  савора» ташкил дода, бо сарварии фарзанди шуҷои ин диёр Сайдаҳмад Кабиров ба фронт равон карданд.

Чун солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, месазад аз соҳибҳунаре чун усто Мадраҳим ёдовар шавем. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки номи неки ӯ вирди забони ҳунармандон буда, меҳри ӯ дар дили мардуми диёр маъво гирифтааст.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»,

Исматуллоҳи ЯъқубзодРӯзноманигор