Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

Барои тайёрии касбии муҳоҷирон чораҳо амалӣ шуда истодаанд

№100 (3085) 05.08.2013

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №10/341 (96) аз 20 феврали соли 2013 гузориши Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» дар соли 2012 мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода, чунин  иттилоъ медиҳад.

Вобаста ба мақолаи «Ривоҷи кори иҷтимоӣ- омили коҳиши сатҳи камбизоатӣ» (Б.Каримзода, А.Салоҳов, рӯзномаи «Садои мардум» аз 27 июли соли 2012, №96-97) иттилоъ медиҳем, ки аввалан мақолаи мазкур характери ташвиқотӣ ва ахборотӣ дошта, дар он ба унвони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сохторҳои тобеи он эрод ё танқид матраҳ нагардидааст.

Аз тарафи дигар, мақолаи номбурда дар асоси маводҳои вазорат, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи кормандони касбии кори иҷтимоии Тоҷикистон дастрас гардида буд, ба муаллифи мақола- муовини мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Яъне, мақсад аз таҳияи мақола як навъ иттилоотонӣ аз фаъолиятҳои вазорат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташкили омӯзиши ихтисоси кори иҷтимоӣ ва нақши он дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Аз ин рӯ, таҳия ва нашр намудани мақолаи ҷавобӣ ҳамчун вокуниш ба маводи танқидии нашршуда зарурат надорад.

Вобаста ба мақолаи «Бозори кор ба муҳоҷири соҳибихтисос ниёз дорад» (Аъзам Мӯсоев, рӯзномаи «Садои мардум» аз 13 феврали соли 2012 таҳти №18), зикр менамоем, ки яке аз омилҳои муҳим барои ҳар чӣ бештар ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандон ин ҷорӣ кардани        омӯзиши касбу ихтисосҳои гуногун мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат мебошад. Алҳол муассисаҳои таълими касбии системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират барои пешбурди фаъолияти касбомӯзӣ ба 62 касбу ихтисос иҷозатнома доранд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ муассисаҳои таълимии мазкур аз рӯйи 48 номгуйи касбу ихтисос шаҳрвандони бекорро ба тайёрии касбӣ фаро гирифтанд ва имконияти боз ҳам васеъ намудани омӯзиши касбӣ дар доираи касбҳои коргарӣ мавҷуд мебошад.

Муассисаҳои таълимии системаи агентӣ айни ҳол барои гирифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолият оид ба ихтисосҳои нав, аз ҷумла «Растанипарвар- гулпарвар», «Барномасоз», «Таъмиргари таҷ-ҳизоти электронӣ», «Нонпаз», «Кандакорӣ дар чӯб», «Ронанда», «Қуроқдӯзӣ» ва «Дӯзанда бо малакаи кор дар технологияи компютерӣ» ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.

Э.САНГИНОВ,

муовини якуми вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АЗ ИДОРА: Ба унвони идораи рӯзнома аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз як соли чопи мақолаҳои зикршуда ҷавоб омад ва аз он маълум мегардад, ки вокуниш нишон доданро вазорат зарур  нашуморидааст. Дар сурате, ки мақсад аз чопи маводи «Ривоҷи кори иҷтимоӣ-омили  коҳиши сатҳи камбизоатӣ» танҳо иттилоотонӣ набуд. Дар мақола ҳамзамон чанд масъалаҳое низ буданд, ки вазорат бояд  ба он таваҷҷуҳ мекард, аз ҷумла ба таври расмӣ истифода нагардидани мафҳуми корманди иҷтимоӣ дар ҳуҷҷатгузориҳо, мавҷуд набудани рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ ва ё  масъалаи бо кор ҷалб кардани  ҷавононе, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кишварҳои хориҷа аз рӯйи ихтисоси кори иҷтимоӣ таҳсил кардаанду имрӯз ба кор ҷалб нашудаанд ва ғайра.