21-уми январи соли 2025 дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария оид ба таҷлили «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҳамоиш дурнамо барои соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида буд, баррасӣ шуд.
Ҳамзамон, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо: мушкилот ва имконот» аз ҷониби ҳамраисони шурои машваратӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Муовини Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хонум Ко Баррет ва ёвари директори генералии ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиатшиносӣ хонум Лидия Артур Брито вобаста ба масъала андешаҳояшонро иброз карданд.
Инчунин, ҷонибҳои манфиатдор захираҳо, воситаҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои обшавии пиряхҳо, идоракунӣ ва мониторинги захираҳои об, хатарҳои марбут ба об ва ғайраро дар асоси уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»