«Башардӯстӣ, беғаразӣ, бетарафӣ мароми мост»

№45 (4465) 12.04.2022

WhatsApp Image 2022-03-30 at 13.09.51Имсол ба оғози фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) 95 сол пур мешавад. Биноан, бо котиби генералии он Баҳодур Қурбониён мусоҳиб шудем.

- Лутфан дар бораи чӣ гуна ба роҳ мондани фаъолияти ҷамъият дар минтақаҳои мамлакат маълумот диҳед.

- ҶҲАТ аз соли 1927 ба мардуми ниёзманд ва ба ёрии фаврӣ эҳтиёҷдошта дасти кумак дароз мекунад. Соли 1992 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро ба ҳайси ҷамъияти умумиҷумҳуриявии мустақил, ихтиёрӣ ва иҷтимоӣ пазируфт. Пас аз 5 сол Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро ба расмият ­шинохт. Аз соли 1997 ҶҲАТ узви Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошад. Соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки ба ин васила, дорои замонатҳои давлатӣ ва афзалият будани ҶҲАТ эътироф гардид. ҶҲАТ ду бахши вилоятӣ, 2 минтақавӣ, 16 шаҳрӣ, 49 бахши ноҳиявӣ, 12566 аъзо, 732 ташкилоти ибтидоӣ ва беш аз 9000 ихтиёрӣ дорад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар расонидани ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ, ба монанди сел, лағжиши замин, хушксолӣ ва зилзилаҳо, ки мутаассифона дар Тоҷикистон зуд — зуд рух медиҳанд, саҳм мегузорад. Он дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо низ саҳми арзанда дорад. Ҳоло аз ҷониби Шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ дар мамлакат 10 маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода таъсис дода шудааст. Шуъбаи мазкур дар самтҳои омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо, расонидани кумаки башардӯстона ва ёрии аввали тиббӣ ба зарардидагони низоъҳои мусаллаҳона, барқароркунии робитаҳои оилавӣ, иштироки ҷомеа дар идоракунӣ ҳангоми офатҳои табиӣ, коҳиши хавфи офатҳо ва ғайра фаъолият менамояд.

- Соли сипаришуда дар самти дастгирии шахсони ниёзманд чӣ чораҳо андешида шуд?

- Бо дастгирии Маркази имдод ва фаъолиятҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои ниёзманди 8 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе кумак намуд. Дар доираи он ба 9331 оилаи ниёзманд аз ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе орд, равғани рустанӣ, биринҷ, шакар, макарон, лӯбиё, наск, чойи хушк ва намак дастрас шуд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, инчунин, бо истифода аз Бунёди махсуси вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федерат­сияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (DREF) ба 357 оилаи аз офатҳои табиӣ осебдидаи ноҳияи Восеъ, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Кӯлоб кумаки башардӯстонаи ғайрихӯрокӣ (бистар, болишт, рахти хоб, бел, каланд, сатил, зарфҳои обгирӣ ва маводи гигиению хӯрокпазӣ) расонид. Илова бар ин, ба 74 оилаи осебдида (370 нафар) ба маблағи 200 франки швейтсарӣ кумак карда шуд.

- Се сол боз бемории COVID — 19 аҳолии ҷаҳонро ба изтироб андохтааст. Дар самти пешгирӣ аз сироятёбӣ ба он ҷамъият чӣ иқдомро амалӣ намуд?

- ҶҲАТ бо таҷрибаи зиёд, ки дар самти кор бо аҳолии маҳал ва мактаббачагон дорад, аз оғози тирамоҳи соли 2020 лоиҳаи «Омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз коронавируси нави COVID – 19 дар Тоҷикистон» — ро мавриди амал қарор дод. Ин лоиҳа бо кумаки техникии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар 15 шаҳру ноҳияи мақсадноки мамлакат роҳандозӣ гардид. Дар амалисозии он Бунёди мадади Шоҳигарии Британияи Кабир, Вазорати Федератсияи ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон, ҷамъиятҳои Салиби Сурхи Канада ва рушди Олмон, ҷамъиятҳои Салиби Сурхи Канада ва Белгия низ мусоидат намуданд. Бо дарназардошти он ки беморони сил ва ВНМО қишри нисбатан осебпазир мебошанд, дар чаҳорчӯбаи лоиҳа ба 1000 нафар дар кишвар дар чор марҳила бастаҳои беҳдоштӣ (собун, шампун, хокаи либосшӯӣ, маводи безараркунӣ ва ниқобҳои тиббӣ) тақсим шуд.

Ҷиҳати омодагии доимӣ оид ба пешгирии бемории COVID — 19 ва иҷрои саривақтии фаъолиятҳои пешбинишудаи лоиҳа ба бахшҳои ҶҲАТ дар 15 шаҳру ноҳияи мақсадноки мамлакат маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, лавозимоти тиббӣ ва муҳофизатӣ, пешдоман, лавозимоти конселярӣ ва иттилоотӣ равона шудааст.

- Охирҳои моҳи апрели соли гузашта дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон даргирии мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок шуда, иддае ҷароҳат бардош­танд. Оё ба хонадони осебдидагон кумак расонидед?

- Дар муноқишаи зикршуда аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар ба ҳалокат расида, 87 кас захмӣ шуданд. Инчунин, 55 хона дар деҳоти «Чоркӯҳ», «Ворух» ва «Сурх» — и шаҳри Исфара пурра ва қисман хароб гардиданд.

ҶҲАТ бо истифода аз барномаи «Вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон», ки бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба роҳ монда шудааст, ба 850 оилаи шаҳри Исфара ва 100 оилаи ноҳияи Ҷ. Расулов дар намуди бастаҳои гигиенӣ кумаки башардӯстона расонид. Ба 250 оилаи хонаҳояшон пурра ва қисман харобгашта, хонаводаҳои дар муноқиша узви оилаашон ҳалок ё захмишуда, оилаҳои маъюбдошта ва бесаробон кумакпулии яквақтаинаи иҷтимоӣ расонида шуд.

Аз тарафи КБСС ба 37 ­оилае, ки дар он муноқиша хонаҳояшон пурра вайрон шуданд, маҳсулоти озуқаворӣ дастрас гардид. Илова бар ин, аз ҷониби Салиби Сурхи Олмон ба 550 оилаи зарардидаю ниёзманди шаҳри Исфара ва 150 оилаи ноҳияи Ҷ. Расулов, инчунин аз тарафи КБСС ба 42 оилаи зарардидаи шаҳри Исфараю ноҳияи Б. Ғафуров дар якҷоягӣ бо ҶҲАТ кумакпулӣ расонида шуд.

ҶҲАТ мувофиқи принсипҳои башардӯстӣ, беғаразӣ, бетарафӣ, мустақилӣ, ихтиёрӣ, ягонагӣ ва ҷомеият фаъолият намуда, кӯшиш менамояд, ки ҳамеша ба мардуми ниёзманду ранҷкашида, сарфи назар аз нажод, дин ва ақидаҳои сиёсиашон, дасти мадад дароз намояд.

Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»