Мушкилоти умумиҷаҳонӣ

Бемории сил табобатшаванда аст

№47 (3032) 16.04.2013

Дар урфият мегӯянд, ки «Тани гарм бе дард намешавад». Оре, нафареро пайдо кардан мушкил аст, ки дар ҳаёташ ба ягон дард ва ё беморие гирифтор нашуда бошад. Аммо боз ҳам чуноне халқ мегӯяд: «Худо дардро, ки дод, шифояшро ҳам медиҳад». Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир бемориҳои сироятӣ рӯ ба афзоиш буда, чун мушкилоти глобалӣ инсониятро ба ташвиш овардааст. Гарчанде табобати саривақтӣ ва риояи реҷаи табобат аксари бемориҳоро рафъ мекунад, мутаассифона, надоштани иттилооти лозима ва паст будани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ сабаб мегардад, ки баъзе ашхос ба инсони гирифтори маризие тамғагузорӣ шаванд. Ҳамин гуна беморӣ, ки сироятшудагони онро дар тамоми давлатҳои дунё пайдо кардан мумкин аст, сил мебошад.

Сил бемории сироятӣ буда, барангезандаи он микробактерияи сил аст, ки бо роҳи қатравӣ ва ҳавоӣ паҳн мешавад. Имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба микробактерияи сил сироят ёфтаанд, ки зиёда аз ду миллиард нафарро ташкил медиҳад. Аз даҳ нафаре, ки ба микобактерияи сил сироят ёфтаанд, як нафар тӯли ҳаёти худ бемори шакли фаъоли сил мешавад. Сабабҳои асосии пайдоиш ва инкишофи бемории сил пайдоиши сирояти ВНМО, камбизоатӣ, авҷи муҳоҷирати меҳнатӣ, бад шудани шароити маишию иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир (маҳбас, истеъмоли маводи мухаддир, тиҷорати шаҳвонӣ) ва муқовимати яроқноки дохилӣ мебошад. Тибқи иттилои сармутахассиси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои сил Қурбонгул Зокирова, шумораи шахсони ба бемории сил гирифтор сол то сол афзоиш ёфта, айни ҳол беморони сили бори аввал бақайдгирифташуда дар ҷаҳон солона 8-9 миллион нафар мебошанд. Ҳаштод фоизи беморони силро ашхоси синнашон аз 15 то 50-сола ташкил медиҳанд.

Тавре Қурбонгул Зокирова афзуд, 30 фоиз одамони дорои ВНМО (СПИД) ҳамзамон гирифтори бемории силанд, ки аксарашон аз ҳамин сабаб мефавтанд. Барои чунин шахсон хавфи хурӯҷи шакли фаъоли сил дар қиёс бо онҳое, ки гирифтори ВНМО нестанд, 20-40 маротиба бештар аст. Номбурда гуфт, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4000 нафар гирифторони ВНМО ҳастанд ва аз онҳо 426 нафарашон ҳамзамон бемори сил мебошанд.

Қурбонгул Зокирова изҳор дошт, ки соли 2006-ум 1008 нафар гирифторони бемории силро ташхис кардаанд, ки аз онҳо 17 нафарашон ҳамзамон бемории ВНМО доштанд. Соли 2010 баъди аз ташхис гузаронидани 5356 нафар бемори сил 64 нафар ва дар соли 2012 аз 8851 нафар бемори сил 70 нафар беморони ВНМО-дошта пайдо шуданд. Аз 98 нафар беморони ВНМО, ки соли 2006 ташхис кардаанд, 12 нафарашон ҳамзамон гирифтори бемории сил буданд. Панҷоҳу як фоиз гирифторони бемориҳои ВНМО аз шумори нашъамандон, ҳафт фоиз маҳбусон, 11 фоиз муҳоҷирони меҳнатӣ ва 31 фоиз дигар гурӯҳи аҳолӣ мебошанд.

Ба кишварҳои дорои сатҳи баланди бемории сил Ҳиндустон, Хитой, Федератсияи Россия, Африқои Ҷанубӣ ва Бангладеш дохил мешаванд. Ба бемории сил тамоми узвҳои инсон, аз қабили сутунмӯҳра, устухон, буғумҳо, гурда, пардаҳои майнаи сар, чашм, пӯст ва ғайра, ба ҷуз аз нохун ва мӯйи сар, гирифтор мешаванд. Бештар ба ин беморӣ шуш гирифтор мешавад, ки хавфаш низ нисбат ба сили дигар узвҳо зиёдтар аст, зеро сирояткунандаи бемории сил аслан бо роҳҳои ҳавоӣ, аз ҷумла ҳангоми суҳбат, атса задан ва туф кардани балғам ба инсони солим, мегузарад.

Бино ба гуфти мутахассисон, барои аз бемории сил пурра шифо ёфтан ва пешгирии паҳншавии он муроҷиати саривақтӣ ба табибон ва табобати пурраи бемории сил хеле муҳим мебошад.

Нишонаҳои бемории сил сулфаи давомнокиаш беш аз ду ҳафта, дарди қафаси сина, нафастангӣ, хунпартоӣ, камшавии иштиҳо, лоғаршавӣ, бемадорӣ, арақкунии шабона ва баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан (37-38 дараҷа) аст. Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои мазкур инсонро зарур аст, ки ҳатман ба духтур муроҷиат карда, барои муайян кардани беморӣ ташхиси микроскопии балғамро супорад. Дар ҳолати бемории силро нишон додани натиҷаи ташхис, бемор бояд табобати дурусти саривақтиро қабул намояд, ки бетанаффус ва на камтар аз 6-8 моҳро дар бар мегирад. Баъд аз ду моҳи табобат дар беморхона беморро мебояд боз на камтар аз чор моҳи дигар табобатро дар муассисаи тиббии маҳалли зисти худ зери назорати доимии коркунони тиб давом диҳад. Ин амалҳо ба бемор шифои комил дода, ӯро аз такрории беморӣ дар оянда эмин нигоҳ медорад. Дар ҳолати акс, беморӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ниҳоят марги инсон шавад.

Имрӯз барои табобати бемории сил дар Тоҷикистон шароити лозима фароҳам аст ва шахси ба ин беморӣ гирифторро мебояд бо риояи реҷаи муайяншуда пурра табобат гирад. Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сили Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабов гуфт, ки имрӯз марказ бо тамоми ташхисгоҳҳову лабораторияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ки дар муддати кӯтоҳтарин бо сифати баланд натиҷаи ташхисро муайян мекунад. Масалан, дастгоҳи рентгение, ки дар марказ насб аст, дар муддати як дақиқа натиҷаи рентгенро тавассути принтер чоп мекунад. Зикр кардан бамаврид аст, ки тамоми ташхисҳо ройгон гузаронида мешавад. Ҳамарӯза аз 25 то 50 нафар барои аз ташхисҳои гуногун гузаштан муроҷиат мекунанд, ки аз онҳо гоҳе як- ду нафар гирифтори бемории силро пайдо мекунем.

Мудири шуъбаи омори маркази зикршуда Ҷаҳонгир Исмоилов изҳор дошт, ки афзоиши бемории сил дар ҷумҳурӣ солҳои 2008-2011 дар як сатҳ қарор дошта, ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 80 нафар гирифтори бемории сил рост меомад. Ин нишондод дар соли 2012 коҳиш ёфта, ба 100 ҳазор аҳолӣ 70 нафарро ташкил дод. Чуноне мавсуф афзуд, 15 фоиз беморони бори аввал муайяншуда аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Мутаассифона, паст будани маълумотнокии аҳолӣ доир ба бемории сил сабаб шудааст, ки имрӯз онро чун дарди бедаво ва бемории ирсӣ ном баранд. Ин тамғагузорӣ беморро аз ҳаёт дилхунук карда, боиси аз табобат даст кашидан ва интизори марг шуданаш мегардад. Ин дар ҳолест, ки борҳо ирсӣ набудан, табобатшаванда будани сил ва пас аз давраи аввали табобат безарар будани нафари беморро тавассути воситаҳои ахбори омма мутахассисони силшинос таъкид кардаанд. Ҳамин гуна як нафаре, ки ба бемории сил гирифтор шудаву бо аз сар гузаронидани тамоми давраҳои табобат шифо ёфтааст ва нахост, ки номаш зикр шавад, (номашро шартан Қаҳҳор мегӯем) дар ибтидои дучори бемории сил шуданаш ҳолати зикршударо доштааст. Қаҳҳор мегӯяд, сил ба ӯ аз бародараш, ки бар асари ин беморӣ фавтида буд, сироят шуд. Ҳангоми муайян шудани беморӣ Қаҳҳор низ пурра умедашро аз зиндагӣ канда буд, вале чуноне худи ӯ мегӯяд, ёрии табибон ва иродаи мустаҳкам барояш шифои комил бахшид. Аз ҳама асосӣ иродаи мустаҳкам инсонро ба шифои комил мерасонад. Имрӯз шароит хуб ва доруҳои босифат дастрас аст. Табибон доимо болои сарам буданд ва раванди бетанаффуси табобатро назорат карданд. Барои мубориза бар зидди сил дастгирии духтурон кам аст, бояд тамоми халқ бо он мубориза барад. Шумо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ба фаҳмондадиҳӣ машғул шавед, бисёр кори савоб аст. Ҳамин гуна Қаҳҳор аз ҳолатҳои ногувори замони бемориаш, ки ҳатто умедашро аз зиндагӣ канда буд, ёдовар шуда, шукр мегӯяд, ки имрӯз чун пештара сиҳату саломат пайи кору зиндагист.

Ин ҷо ба хулоса меоем, ки сил бемории ирсӣ набуда, танҳо сироятӣ мебошад ва дар ҳолати гирифтор шудан ба он муроҷиати саривақтӣ ва гирифтани табобати муайяншуда ба инсон шифои комил мебахшад.

 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»