Беморонро ба василаи садақа табобат намоем

№ 21.05.2020

Суҳбати хабарнигорамон бо мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов доир ба амалҳои хайру савоб

- Алҳол паҳншавии бемории коронавирус боиси ташвиши аҳли башар гардидааст ва дар баробари андешидани тадбирҳо баҳри пешгирӣ аз он, одамон ба маслиҳату машварат, дастгирии моддию маънавӣ ва рӯҳӣ ниёз доранд.  Дар робита ба ин, мехос­тем роҷеъ ба анвои садақа ва фазилатҳои амали хайру савоб аз нигоҳи дини мубини ислом маълумот диҳед.

- Мафҳуми садақа аз он иборат аст, ки инсони садақакунанда бо садақааш сидқу ростиро ба Парвардигор баён мекунад, яъне садақа аломати сидқи инсон дар муомила ва муносибат бо Парвардигор мебошад. Мусулмон бояд муроқиби забонаш бошад, дар ҳолатҳои зикршуда мебояд ба чашми тақдир назар кунаду раҳму шафқаташ ба инсонҳо зиёд бошад, зикр ва тавбаю истиғфор ва садақаро зиёд намояд.

Дар яке аз ҳадисҳои Паёмбари ислом (с) омадааст, ки «Бешак, Парвардигор садақаро ба яминаш қабул мекунад, сипас, онро парвариш мекунад, чуноне ки яке аз шумо аспи худатонро парвариш мекунед». Пас, шахси хайрхоҳ ва садақакунанда, ҳаргиз аз садақа кардан набояд ҳаросад. Зеро ҳисоби мустақим бо Худо дорад ва Худо, вақте ки инсонро ато мекунад, ҳисобӣ ва рақамӣ ато намекунад, балки беҳисобу китоб ато мекунад: «Ба дурустӣ, ки Худо ҳар киро мехоҳад, бешумор рӯзӣ медиҳад» (Сураи «Оли Имрон», ояти 37.).

Дар ҳамин замина Паёмбар (с) мефармоянд: «Моли муъмин аз садақа додан кам намешавад». Ва ё: «Беморҳоятонро ба садақот дармон кунед!». Акнун ҳикояте, ки дар ин маврид ҷолибу ибратбахш аст, мехоҳам манзури хонандагон гардонем. Марде ба бемории дил гирифтор мешавад. Аҳли оилааш тасмим мегиранд, ки ӯро барои муолиҷа ба Лондон фиристанд. Баъд аз ташхиси табибони лондонӣ маълум мегардад, ки рагҳои дилаш танг шудаанд ва бояд ҳатман ҷарроҳӣ шавад. Ӯ мегӯяд, тасаввур намекардам, ки амр то ин дараҷа хатарнок бошад. Мард аз табибон рухсат мехоҳад, ки ба ватанаш баргардад ва баъзе аз корҳои нотамомро анҷом дода, барои ҷарроҳӣ омода шавад. Вай ба хонааш бармегардад ва чанд рӯзе бо аҳли оилааш мемонад, бо дӯстону пайвандонаш дидорбинӣ мекунад ва як рӯз қабл аз бозгашт ба Лондон ҳодисае барояш иттифоқ меафтад. Марди бемор дар дӯкони яке аз дӯстонаш бо мунтаҳои ғаму андӯҳ ва хотири парешон нишаста, дар бораи беморӣ, харҷу масрафи сафар, паёмади ҷарроҳӣ фикр мекард. Нохост чашмаш ба модаре меафтад, ки дар назди гӯштфурӯше истода, ҳар чизе, аз қабили майдаи гӯшт ва устухонпорае, ки дар вақти майда кардани гӯшт меафтид, аз замин дар халтачае бармедошт. Мард модарро даъват карда мепурсад: «Чаро чунин мекунӣ»? Модар мегӯяд: «Ман ҳафт ятимдухтар дорам ва беш аз шаш моҳ мешавад, ки онҳо мазаи гӯштро начашидаанд. Ҳоло ҳамин пасмондаҳоро, аз қабили пӯсту устухони бо гӯштомехта, ҷамъ кардам, то чизе барояшон шавад». Мард ба чизи ҷамъовардаи модар нигариста ва ба назди гӯштфурӯш рафта, мегӯяд: «Ҳар ҳафта ду кило гӯшт ба муддати як сол ба ҳамин модар бидеҳ ва яксола пулашро ҳозир муқаддам бар ман ҳисоб кун!». Мард пули яксолаи гӯштро ба гӯштфурӯш барои ризои Аллоҳ ва хушҳолии модари ҳафт ятимдошта ҳамчун садақа пардохт мекунад. Модар дасти дуо бардошта, аз сидқи дил дар ҳаққаш дуо мекунад.

Мард мегӯяд: «Дуои бо гиряолудаи модарро гӯш кардам, хаёл кардам, ки дилам аз қафаси синаам берун баромад, беихтиёр мегирис­там, вале дилам хушҳол буд, ғаму андуҳ ва парешонӣ аз дилам гум шуд ва ба ҳамин ҳол, яъне хушҳол ба хона баргаштам. Дарро донишҷӯдухтарам кушод. Духтарам ба чеҳраам назар карда, пурсид: «Падарҷон, чӣ гап шудааст? Хушҳол мебинамат, сабаби ин хушҳолӣ дар чист?» Гуфтам: «Модари фақиреро, ки ҳафт ятим дошт, бо садақаи андаке хушҳол кардам. Яксола пули гӯштро ба гӯштфурӯш барои модар пешпардохт кардам. Модар аз хушҳолӣ дар пешам ба зону зада, дар ҳаққам аз сидқи дил бо гиря дуо кард. Аз хушнудии модар хушҳол шудам».

Духтари мард, ки аз дилбемории падараш хуб огоҳ буд, бо шунидани ин суханҳо ба гиря даромада, дасти дуо бардошта, дар ҳаққи падари бемораш чунин дуо мекунад: «Парвардигоро! Ҳамчуноне ки падари беморам он модару ятимонашро бо садақа хушҳол гардонид, садақаи падарамро ба даргоҳат қабул фармо ва моро бо шифои дили падарамон хушҳол бисоз!».

Падар мегӯяд: «Баъд аз шунидани дуои бо гиряи духтарам дилам чунон кушода шуд, ки хаёл кардам солимтарин шахси дунё ҳастам ва дигар ҳеҷ дарду кулфатеро ҳис накардам».

Фардои он рӯз падар ба Лондон барои муолиҷаи дилаш сафар мекунад. Табибон ташхис гузаронида, чун ҳолати авваларо намеёбанд, ҳайрон мешаванд. Дубора ташхис мекунанд, оризаву нуқсони пештараро дар дили мард намеёбанд. Табибон аз мард мепурсанд, ки дар ин фурсати кӯтоҳ чӣ амале анҷом додӣ, ки оризаи ту комилан нест шудааст ва ту дигар бемор нестӣ.

Мард мегӯяд: «Бо Худо ба садақа тиҷорат кардам ва Худо дар ивази садақаам бо шифои комил икромам кард».

- Подоши  садақа ва дигар амалҳои нек, албатта, дар моҳи шарифи Рамазон зиёдтар аст?

- Бале, моҳи Рамазон моҳи тоату ибодат, бандагии Яздон, кумаку дастгирии ниёзмандон ва моҳи хайру эҳсон мебошад. Паёмбари ислом (с) мефармояд: «Худованд бандагоне дорад, ки онҳоро барои баровардани ҳоҷатҳои мардум ихтиёр кардааст, то мардум барои рафъи ниёзҳои хеш ба онҳо паноҳ бибаранд». Воқеан, инсонҳои бузург ҳамвора дар андешаи дигаронанд ва дил дар гарави хидмати мардум мегузоранд. Мисоли ин гуфтаҳоро ҳоло дар иқдому амалҳои хайру савоби ҷавонмардони баору номуси Ватан мебинем.

Вақте Худо касеро тавфиқ диҳад ва лоиқ бинад, ки хидмати бенавоён кунад, бояд пайваста шукргузор бошад, ки маҳз ӯро Худованд воситаи хайру эҳсон ва бароварандаи ниёзҳои мардум гардонидааст. Аз муроҷиати мардум хаста нашавад ва шикоят ҳам накунад, зеро аз фазлу карами хоси Худо ва неъматҳои фаровони илоҳӣ бархӯрдор аст ва то замоне ки аз фазилатҳо бархӯрдор аст, мебояд ҳамеша дастгиру мушкилкушои мардум боқӣ бимонад, мабодо худаш аз ин хайри бузург бо сабаби беэътиноӣ маҳрум гардад.

Моҳи Рамазон бо таваҷҷуҳ ба ин ки моҳи хайру баракат аст ва савоби кори хайр дар он ба маротиб афзоиш дорад, беҳтарин фурсат барои кумак ва дастгирии ниёзмандон мебошад. Дар ин моҳи муборак ба арзу доди ниёзмандон расидан ва гирифтани дасти онҳо айнан даст ба дасти Худо додан аст. Зеро дастгирии халқи ниёзманди Худо розигии Худо мебошад ва Ӯ чунин касро ҳаргиз беподош намегузорад.

Хубӣ ва эҳсон ба мардум амали писандидаест, ки «Қуръон»-и карим бештар ба эҳсонкорӣ тарғибу ташвиқ намудааст. Худованд накукоронро дӯст медорад ва паёмҳои азиме ба онҳо мужда додааст. Бартараф кардани мушкилоти мардум, рафъи қаҳригӣ, созиши оила, ташвиқи сулҳу якдигарфаҳмӣ, аз байн бурдани душманӣ, коштани тухми меҳру муҳаб­бат дар дилҳои мардум ва фидо кардани молу амвол ба табақаи ниёзманд, аз ҷумлаи эҳсон ва накукориҳои олӣ мебошад. Тибқи таълимоти қуръонӣ, подоши хайру эҳсон ва накукорӣ, ҳамчунин сазои корҳои баду ғайриахлоқӣ ба инсон бармегарданд. Хайру эҳсон ва хизмат ба халқи Худо танҳо бахшидани молу бартараф кардани мушкилоту нигарониҳо, дарду ранҷҳои дунявӣ нест, балки бахшишу кумакҳои маънавӣ ва ислоҳи умури ахлоқию иҷтимоии мардум мебошад, ки аҳсани анвои эҳсон шуморида мешавад.

Хизмат кардан, воқеан, кори ахлоқӣ буда, арзиши маънавӣ дорад ва амалҳои нек, аз қабили пардохти закот, хайру эҳсон, таълими ройгон, дармони ройгони беморон, дифоъ аз молу амвол, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, бо дарназардошти розигии Худо, аз ҷумлаи хизматҳое мебошанд, ки арзиши маънавӣ доранд.

- Чун дар арафаи иди саиди Фитр қарор дорем, хонандагони рӯзнома низ мехоҳанд роҷеъ ба он тоифае, ки тибқи таълимоти қуръонӣ додани садақот ба онҳо ҳатмист, маълумот дошта бошанд.

- Парвардигор бо хитоби раббонӣ дар ояти 60 сураи «Тавба» мефармояд: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; [ва он] ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст». Яъне, фақир, мискин (бенаво), бемор, қарздор, мусофир аз зумраи нафаронест, ки ба онҳо садақа дода мешавад. Дар доираи оила ҳар инсон, тибқи ҳувият, садақакунанда мебошад.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»