Ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мунтазам санҷишҳо гузаронида мешаванд. Масъалаи иҷрои он давоми солҳои 2013-2014-ум дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансур муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шудаанд.
Моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бевосита уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, пешбинӣ намудааст.
Вазъи ҷинояткории ноболиғон дар ҳудуди ноҳия ташвишовар буда, моро водор месозад, ки баҳри пешгирии он чораҳои дахлдор андешем. Афзоиш ёфтани ҷинояткорӣ байни ноболиғон сабабҳои худро дорад. Аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур дар рафти санҷишҳо сабаб ва шароитҳои содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткории ноболиғон муайян карда мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят аз тарафи ноболиғон мусоидат мекунанд, беназоратии кӯдакон буда, волидайни онҳо ба таълиму тарбияи фарзандонашон бетарафанд.
Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур соли 2013-ум нисбат ба 26 нафар волидайн бо аломатҳои моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, онҳо барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол гардиданд. Бо қарорҳои судӣ онҳо гунаҳкор дониста шуданд. Моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон пешбинӣ мекунад. Қонунгузор барои вайрон кардани ин талабот ҷавобгарии маъмуриро дар намуди ҷарима ва огоҳӣ муайян намудааст.
Мувофиқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Соли 2013-ум нисбати волидайн чор парвандаҳои ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи фавқуззикр оғоз карда шуда, ин парвандаҳо баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол ва бо ҳукмҳои судӣ ин падару модарон гунаҳкор дониста шуданд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи прокуратураи ноҳия нисбати 30 волидайн парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо аломатҳои моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол гардиданд. Бо қарорҳои судӣ нисбати онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ва огоҳӣ таъин гардидаанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки соли ҷорӣ шумораи парвандаҳои маъмурӣ нисбат ба соли 2013-ум зиёд аст.
Масалан, шаҳрванд Лола Ибрагимова уҳдадориҳояшро нисбати фарзанди ноболиғаш Сиёваш Ибрагимов таври дахлдор иҷро накарда, ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудааст. Чунончӣ, ноболиғ Сиёваш Ибрагимов якҷоя бо рафиқаш-ноболиғ Акбаралӣ Шарипов моҳи январи соли 2014-ум бо маслиҳати пешакӣ дар кӯчаи Лоҳутӣ назди бинои 6 тариқи пинҳонӣ аз мағоза ҷавоҳироти тиллоӣ ва нуқрагӣ ба миқдори 2500 доллари ИМА-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Ин аввалин амали ҷиноии онҳо нест. Ин «шабгард»-ҳо якуми январи соли равон соати 24 дар кӯчаи Бухоро назди беморхонаи №1 аз шаҳрванди Ҷумҳурии Фаронса ошкоро сумкаашро, ки дохили он телефони мобилии тамғаи «Нокия» ва 750 сомонӣ пули нақд буд, тасарруф менамоянд. Тафтишот муайян намудааст, ки моҳи декабри соли 2013-ум дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Дӯстии халқҳо тариқи пинҳонӣ аз автомашинаи тамғаи «Старекс» як адад аккумуляторро дуздӣ мекунанд.
Нисбат ба ин ноболиғон аз тарафи ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши парванда, он аз тарафи Суди ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ гардида, бо ҳукми суд ноболиғ С.Ибрагимов дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор дониста, нисбаташ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 140 соат таъин шудааст.
Шаҳрванд Лола Ибрагимова бо қарори Суди ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба номбурда ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ гардид. Нисбати волидайни ноболиғ А.Шарипов низ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
Волидайн уҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи фарзандони ноболиғашон иҷро накарда, ҳатто даст ба содир намудани ҷиноятҳо мезананд. Дар ин давра аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур нисбати волидайн 4 парвандаҳои ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 164, ду парванда бо моддаи 340 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудаанд.
Масалан, Имом Назаров бар хилофи талаботи қонунгузории ҷорӣ амал намуда, барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосии (нуҳсола) фарзанди ноболиғаш Суман Назарова, ки бояд дар синфи 9-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳсил мекард, аз моҳи сентябри соли 2009-ум барои идома додани таҳсил дар мактаб монеъ шудааст. И.Назаров дар содир намудани ин ҷиноят бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба миқдори 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шудааст.
Ба ҳамин монанд, шаҳрванд Гулдаста Негматова барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) аз ҷониби фарзанди ноболиғаш Иноятулло Негматов, ки бояд дар синфи 7-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳсил мекард, монеъ шудааст.
Волидайн бо мақсади монеъ шудан ба таҳсилоти фарзандонашон ба содир намудани дигар ҷиноятҳо низ даст мезананд. Масалан, шаҳрванд Идимо Давлатова бо мақсади монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти умумии ҳатмӣ (нуҳсола) аз ҷониби фарзандаш Шукрона Салимова, ки бояд дар синфи 9-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23 ноҳияи Шоҳмансур таҳсил мекард, бо маслиҳати пешакӣ бо муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №63 ноҳияи Шоҳмансур Моҳинав Ядгарова маълумотномаи таҳти №20-ро аз 11 марти соли 2014 сохтакорӣ намудааст.
Аз тарафи прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур нисбати шаҳрвандон И.Давлатова бо моддаи 164 ва 340 қисми 2 банди «б» ва нисбати М.Ядгарова бо моддаи 340 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Парвандаи мазкур баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардида, бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур гунаҳкор дониста шуданд.
Шаҳрванд Саидакрам Исломов ба ҳайси мудири шуъбаи физиотерапевтии Маркази тиббии шаҳри Душанбе кор намуда, моҳи марти соли 2014-ум бо маслиҳати пешакӣ бо духтури оилавии Маркази саломатии шаҳрии №7-и шаҳри Душанбе Садбарг Сафарова ба ноболиғ Мастона Ҳалимова хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №71-и ноҳияи Шоҳмансур хулосаи комиссияи машварати тиббии таҳти №63 аз 31 марти соли 2014, ки ба муддати 7 моҳи соли хониши 2013-2014 ноболиғ Мастона Ҳалимоваро аз таҳсил озод мекунад, сохтакорӣ намуда, барои ба мактаб пешниҳод намудан ба модараш М.Сироҷиддинова додааст.
Нисбати номбурдагон низ бо моддаи 340 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи мазкур баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид. Бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур онҳо гунаҳкор дониста шуда, нисбаташон ҷазо дар намуди ҷарима ба миқдори 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 4000 сомонӣ таъин карда шудааст.
Ҳолатҳои аз тарафи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия иҷро накардани уҳдадориҳои дар қонуни мазкур муқарраргардида низ муайян карда шуданд. Дар ин давра панҷ нафар омӯзгорон ва соли 2013-ум се нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур, бинобар вайрон кардани талаботи қонун, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Кормандони Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур мунтазам дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, маҳаллаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ вобаста ба моҳият ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯриҳо гузаронида, ба саволҳои иштирокчиён посух медиҳанд.
М.Т.ШАРИФЗОДА, ёрдамчии прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2