Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Бенизомӣ дар терминалҳои мусофиркашонии Кӯлоб. Ё чаро сӯзишворӣ арзон шуду роҳкиро не?» — ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» (№101 (4051) аз 22 августи соли 2019) ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркаш доимӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои нозиротӣ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд ва нисбат ба ронандагоне, ки ғайриқонунӣ, бе иҷозатнома бо фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро риоя намекунанд, бе таъхир чораҳои маъмурӣ андешида шуда истодаанд.
Бояд зикр намуд, ки дар хатсайрҳои амалкунандаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, асосан, воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави тамғаҳои «Опел», «Мерседес», «Чанху» фаъолият мекунанд ва теъдоди на чандон зиёди микроавтобусҳои тамғаи «Хундай Старекс» дар баъзе аз хатсайрҳо истифода мешаванд. Автобусҳои калонҳаҷм умуман фаъолият надоранд.
Дар моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» тарифҳо барои интиқоли бор, мусофирон, бағоҷ ва хизматрасоние, ки ба интиқол вобастаанд, тарифи озоди шартномавӣ муайян гардидааст. Новобаста аз ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи нақлиёт бо мақсади ба танзим даровардани арзиши роҳкиро тарифҳои номиналиро таҳия ва тасдиқ намудааст, ки ҳангоми истифодабарии онҳо интиқолдиҳандагон даромади муайянеро ба даст меоранд.
Дар хатсайрҳои амалкунанда ҳаққи роҳкиро аз тарифҳои номиналии тасдиқшуда пасттар аст. Масалан, ҳарчанд дар масири Кӯлоб — Душанбе ба тавассути мусофиркашҳо (таксиҳо) аз рӯи тарифҳо 64 сомонӣ бо сӯзишвории бензин ва 52 сомонӣ бо сӯзишвории газӣ муқаррар шуда бошад ҳам, мусофиркашҳо бар ивази 30 — 35 сомонӣ мусофиронро интиқол дода истодаанд. Дар дигар хатсайрҳо низ нархи роҳкиро паст аст.
Хадамот бо мақсади баррасии далелҳои дар мақола овардашуда гурӯҳи корӣ таъсис дода, фаъолияти хатсайрҳои дар мақола зикршударо такроран санҷид. Тавре маълум гардид, дар хатсайрҳои деҳаҳои Сангпар, Ҳакимобод, Бахтобод, Чашмасор, ки дар маҷмӯъ, аз 8 км то 11,7 км дарозӣ доранд, мусофирон тавассути таксиҳо бо пардохти 5 ва микроавтобусҳо 3 сомонӣ интиқол дода мешаванд. Дар хатсайрҳои деҳаҳои Пушёни боло, Пушёни поён, Осмонбика, Ғелот, ки аз 10 то 18 км дарозӣ доранд, низ маблағи интиқоли мусофирон тавассути таксиҳо 5 ва микроавтобусҳо 3 сомониро ташкил медиҳад.
Хизматрасонӣ дар хатсайрҳои мазкур ба ҶДММ «Сабзавот» вобаста аст. Ҳар рӯз то 12 адад таксӣ ва 10 адад «Танген» дар ин самт ба мусофирон хизмат мерасонанд. Илова бар ин, сокинони ин маҳаллаҳо, ки нақлиёти хусусӣ доранд, ҳангоми ба кор рафтану омадан мусофиронро савор мекунанд. Ҳоло кормандони хадамот нисбат ба фаъолияти ғайриқонунии онҳо чораҳои маъмурӣ андешида истодаанд.
Ҳамчунин, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ бо аҳолӣ ва раисони деҳоти зикршуда суҳбатҳо гузаронида, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, риояи қоидаҳои мусофиркашонӣ ва амнияти мусофирон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамот минбаъд низ назоратро дар ин самт пурзӯр намуда, ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта чораҳои судманд меандешад.
Ш. САИДМУРОДЗОДА, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон