Беш аз 500 саҳифаи интернетӣ дар фазои Осиёи Марказӣ ба ифротгароӣ машғуланд

№61 (4481) 21.05.2022

17 майи соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон: пайомадҳои сиёсию идеологӣ» конференсия баргузор гардид.

- Шоҳиди он ҳастем, ки муборизаҳои иттилоотӣ ба омили асосии барҳам задани оромиву субот дар баъзе аз кишварҳо мубаддал шудааст, — изҳор дошт зимни ифтитоҳи он директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода ва афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун истифодабарандаи хизматрасонии шабакаҳои бузурги фаромиллӣ бояд пайваста ба омӯзиши саривақтии паёмадҳои ногувори чунин равандҳо таваҷҷуҳ намуда, дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳодҳои таҳлилию машваратӣ тадбирҳои муносиби ҳадафрас андешад. Ҳамчунин, ба омодасозии мутахассисони самти веб-журналистика, барномасозӣ, робита бо ҷомеа ва ғайра дар заминаи фарогирии малакаи истифодаи фанновариҳои пешрафтаи иттилоотӣ диққати бештар диҳад. Дар ин замина, омӯзиши таҷрибаи низоми иттилоотии кишварҳои пешрафта низ дар мавриди маҳдуд ва масдуд кардани ҳузури контенту шабакаҳои алоҳидае, ки талаботи қонунгузории кишварро риоя намекунанд, бояд мадди назар бошад.

Зикр гардид, ки тибқи маълумоти таҳқиқоти маҷозии доирнамудаи яке аз муассисаҳои бонуфузи пажӯҳишӣ, бештар аз панҷсад шабакаю саҳифаи интернетӣ дар Телеграм, Фейсбук, Инстаграм, Твиттер, Ютуб, Вконтакте, Одноклассники ва ғайра ошкор шудаанд, ки аз ҷониби ташкилотҳои ифротгаро дар фазои Осиёи Марказӣ мавриди истифодаанд. Ба ин шабакаю саҳифаҳо 174 ҳазор нафар номнавис бошанд ҳам, миқёси воридшавии аслии корбаронро натиҷаҳои таҳқиқот бештар аз миллион нафар тахмин мезананд.

Дар шаш — ҳафт соли охир дар фазои интернет шабакаҳои тоҷикии хусусияти оппозитсионидошта низ босуръат ба вуҷуд омада, фазои иттилоотии кишварро бо ахбори бардурӯғу иғвоангези зиддиҳукуматӣ пур намуданд.

Бино ба қавли директори марказ дар ин раванд бояд барои фаъолияти пурсамари воситаҳои ахбори омма ҷиҳати таъмин кардани шаҳрвандон ба иттилои воқеӣ тадбир андешид.

- Таҷҳизонидани ниҳодҳои марбута бо технологияҳои муосири иттилоотӣ, паҳн намудан ва интишор додани иттилоот тавассути технологияҳои нави иртиботӣ, зиёд намудани маблағгузории давлат дар самти ҳифзи фазои иттилоотии кишвар, хусусан шабакаи ҷаҳонии интернет, ворид кардани таҷҳизоти замонавӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати кор дар марказҳои иттилоотӣ, идораи нашрияҳо, аз ҷумла матбуот, радио ва телевизион, зарур ҳисобида мешавад, — пешниҳод кард Х. Усмонзода.

Директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Саъдӣ Маҳдӣ доир ба саҳми аҳли зиё дар набардҳои иттилоотӣ маърӯза хонда, изҳори нигаронӣ кард, ки қишри равшанфикри ҷомеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нест.

Дар конференсия муовини директори АМИТ «Ховар» Қаноатулло Сайфуллозода, сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Ҳуринисо Ализода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков ва дигар намояндагони идораву муассисаҳои дахлдор низ иштирок ва баромад карданд.

Рӯзибойи УМАР,

 «Садои мардум»