Бо ҷашн наметавон сиёҳро сафед кард

№55 (3040) 08.05.2013

Билохира, таърихи солгарди таҳрифкардаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сӯзу гудози ҷонибдорону аъзоёнаш таҷлил гардид. Дар рӯзи ҷашн меҳмонон аз дохилу хориҷ ташриф оварданд. Ҳамин иштироки меҳмонон боиси норозигии наҳзатиён гашт. Ба гуфтаи масъулини ҳизб, барои гузаронидани ин маросим ҳудуди 200 меҳмони хориҷӣ даъват шуда буд, вале онҳо аз иштирок дар ҷашн маҳрум монданд. Онҳо сохторҳои давлатиро дар ин кор гунаҳкор сохтанд. Вале Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуфтугузорҳоро бепоя хонда, таъкид кард, ки чунин амал ҳеҷ гоҳ ҷой надошт.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳар як воқеа баҳои сиёсӣ медиҳад, ба иштирок накардани меҳмононаш (ё хоҷагонаш) низ баҳои бофтаи сиёсӣ дод. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, ки худро гоҳе наҳзатии ашаддӣ ва гоҳе аз он безор ҷилва медиҳад, ҳангоми суханронӣ аз 20 нафар меҳмони хориҷии дар таҷлили ҷашн ҳузурдошта ёдоварӣ карда, аз иштирок надоштани чанд даъватшудаи дигар изҳори рӯҳафтодагӣ кард. Номбурда гуфт, ки «мо бисёр мехостем, дӯстони азизи худро аз бисёр кишварҳои гуногун дар ин ҷашнвора бубинем, вале мутаассифона, бо сабабҳои рашки бачагона ё рашки занона гӯем ҳам мешавад, нагузоштанд, ки биёянд». Ақидаи Ҳ.А. Тураҷонзода аз ҳақиқат дида, бештар ба эҳсосот монанд аст. Дар ин ҷо вай ба ҳиссиёт дода шуда, сухани аз даҳон баромадаи худро ҳатто фаромӯш кардааст, ки чӣ мегӯяд ва барои кӣ мегӯяд. Зеро ӯ дар ҷашн  ҳузур дошт, на дар мубоҳиса. То имрӯз, дар тамоми ҷашну маросимҳои ватанӣ касе бадгуфториву нафрат ба ҷониберо раво надидааст, он гуна ки аъзои ин ҳизб ва чеҳраи «саршинос» мекунанд. Дар ҷашну нишастҳо фақат аз муваффақияту пешравӣ гап мезананд ва ҳарфи бадро ба забон намеоранд. Аммо барои ҳизби наҳзат ин анъана шудааст, то дар ҳар нишаст касеро гунаҳкор накунанд, гӯё ҷашнашон намегузарад. Ин одати ҳамешагии ҳизб аст. Зеро касерову чизеро гунаҳкор сохта, худро аз он боло гузоштан амали онҳост. Сухани Тураҷонзода бошад, агар кӯшиш ҳам мекард то бо мулоимӣ гӯяд, ҳамоно бӯйи низоу нифоқ  дорад. Чун пештара, ҷое давлату миллати Тоҷикистонро таърифу ташвиқ накардааст, ин бор низ то тавонист нисбаташ бадгӯйӣ кард.

Дар ҷойи дигари баромадаш Тураҷонзода гуфтааст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар тӯли 40 соли фаъолияти пурфарозу нишеби худ решаи мустаҳкам пайдо кардааст. Аммо сиёсатшинос А. Муҳаббатов, ки умри худро ба таҳқиқи илми сиёсатшиносӣ бахшидааст, ахиран китобе нашр намуд, ки дар он таърихи таъсиси ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба таври дақиқ оварда шудааст. Ақидаи ӯро профессори дигари тоҷик, журналист, таърихшинос ва сиёсатдони барҷаста Иброҳим Усмонов дар воситаҳои ахбори омма дастгирӣ карда, таъсиси ҳизбро хеле дертар баҳогузорӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, таърихи ҳизб бояд аз соли 1990, ки ин ҷунбиш бори аввал ҳамчун ҳизб садо баланд кард, ҳисоб карда шавад. Профессор қотеъона мегӯяд, ки ҳар он чӣ то соли 1990 буд, сарахбори ба вуҷуд омадани ин ҳизб аст, кӯшиши ташкил кардани ҳизб нест: «Ҳеҷ кас дар он замон худро ҳизбӣ ҳисоб намекард, касе дар бораи ҳизб гап намезад. То он замон дар ин ҳаракат на хусусияти ҳизбӣ, балки хусусияти бедории исломӣ бештар ба назар мерасид».

Воқеан, ҳар ду муҳаққиқ ҳам сиёсатшинос ва ҳам таърихшиносу журналист исботи қотеъ доранд. Ҳаминро низ ҳамагон дастгирӣ карда, ба он такя мекунанд, ки Мавлавии Ҳиндустонӣ дар соли 1973 дарси динӣ ташкил карда буд, на ҳизби сиёсӣ.  Таҳлилгарон бар онанд, ки Мавлавии Ҳиндустонӣ баъди хатми мадрасаи Девбандияи Ҳинд дар манзилаш, дар маҳаллаи Аэропорти куҳнаи шаҳри Душанбе, пинҳон аз сиёсати даври шӯравӣ аз ислом дарс медод. Баъзе шогирдонаш, баъди гирифтани тадрис дар наздаш, гурӯҳи навро ташкил намудаву исломро ба онҳо меомӯзониданд. Яке аз онҳо Саид Абдуллои Нурӣ буд, ки дар ҳамон соли 1973 гурӯҳи якуми шогирдонашро аз ҳисоби хешу табораш, иборат аз панҷ нафар, ҷамъ намуда, дарс додааст. Ҳамин панҷнафараро наҳзатиҳо ҳамчун муассисони аввалини ҳизбашон муаррифӣ карданӣ ҳастанд.

Маҳмуд Қосимов, яке аз муассисони ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав», зимни таҷлили 40-солагии ҲНИТ шарм надошта, изҳор намудааст, ки ҳеҷ кас ба андозаи ҲНИТ барои истиқлоли Тоҷикистон ҷонфидоӣ накардааст. Ана мантиқу мана мантиқ. Ҳол он ки барои истиқлолияти Тоҷикистон касе ҷон фидо накардааст. Балки давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд ва ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ истиқлолиятро муфт ба даст оварданд. Маҳз ҳамин осонрасӣ ба мустақилият сабаб шуд, ки кашмакашҳо барои мансаб дар Тоҷикистон оғоз гардаду бо рехтани хуни садҳо тоҷик анҷом ёбад. Ва ҳақиқат он аст, ки ҲНИТ дар саромади ин хунрезиҳо қарор дошт, куҷо расад ба ҷонфидоиҳои он.

Дар ҷашн суханони аз ҳақиқат дур ва пучу бемаънӣ хеле зиёд буданд. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон таъкид кард, ки «таърихи ҲНИТ як қисми ҷудонашавандаи таърихи Тоҷикистон ва саҳифаи хоси ҷараёни рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҷоннисоркунии мардуми кишвар мебошад». То имрӯз касе ҷоннисоркунии аъзои ҳизби наҳзатро надидааст, онҳо танҳо ҷони дигаронро қурбони манфиатҳои ҳизбӣ-гурӯҳии худ кардаанд. Таърих инро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Зеро китобу маъхазҳои илмӣ-таърихӣ дар ин бора саҳифа ба саҳифа эҷод шудаанд. Бо  чанд китоби афсонашабеҳ, ки бофтаи чанд наҳзатии фарсахҳо дур аз таъриханд, наметавон худи таърихро таҳриф кард ва ҳеҷ як ҷашне, новобаста аз шукӯҳу шаҳоматаш, наметавонад ҳаводиси сиёҳи таърихиро дар дидаи инсоният сафед нишон диҳад. Ҷашни ҳизби наҳзат низ ҳамчунон.

Муҳаммад Маҷид