Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини фаъолияти муътадилу муттасили ҳокимияти қонунгузор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Зеро танҳо бо роҳи танзими қонунии равандҳои гуногуни ҳаёт ва муносибатҳои ташаккулёбандаи ҷомеа ноил шудан ба пешравӣ, амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ имконпазир аст.
Эътироф бояд кард, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст. Маҳз дар ин замина барои боз ҳам васеътар ворид намудани меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда ба низоми қонунгузории миллӣ иқдоми зиёд амалӣ гардид.
Имрӯз парламенти касбӣ ба сифати як шохаи ҳокимият бо таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи навин ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи хос дорад. Ташаккул ва рушди парламентаризми миллӣ, аз ҷумла фаъолияти бомароми вакилони халқ собит сохт, ки ин ниҳод дар пешрафт ва нигоҳ доштани авзои ҷомеа таъсири бевосита расонида, вакилон ҳангоми қабули қонунҳо ба сифати онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода, қонунҳоро аз лиҳози ҷавобгӯ будан ба талаботи замон ва ҷомеа асоснок менамоянд.
Агар фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакатро мухтасар бозгӯӣ намоем, боварӣ ҳосил хоҳем кард, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо дарназардошти дурнамо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ ва пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин ба хотири таҳкими заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо дарки масъулияти баланд дар назди ояндаи Давлату миллат таҳия ва қабул шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳамон ҷумла буда, бо мақсади дастгирии воридкунандагони маҳсулоти заргарӣ, аз байн бурдани воридоти қочоқи мол ва хариду фурӯши ғайрирасмии маснуоти заргарӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ таҳия ва қабул шудааст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Тоҳир Ҷобирзода, дар шарҳи он қайд намуд, ки қаблан ба тариқи таҷрибавӣ тибқи ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2017 аз нимсолаи дуюми соли 2016 барои воридоти маснуоти заргарӣ меъёрҳои устувор муқаррар шуда, барои 1 грамм маснуоти аз тилло истеҳсолшуда 18,0 сомонӣ ва 1 грамм маснуоти аз нуқра истеҳсолшуда 3,1 сомонӣ пардохти махсуси гумрукӣ ҷорӣ гардида буд. Тоҳир Ҷобирзода аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ин иқдом натиҷаи мусбат ба бор овардааст. Барои мисол, агар то қабули меъёрҳои устувор дар нимсолаи аввали соли 2016 ба ҷумҳурӣ 15,0 кг маҳсулоти аз тилло ва 129, 6 кг маҳсулоти аз нуқра истеҳсолшуда ворид гардида бошад, дар нимсолаи дуюми ҳамон сол 179, 7 кг маҳсулоти аз тилло ва 407,2 кг маҳсулоти аз нуқра истеҳсолшуда ворид гардид, ки нисбат ба нимсолаи аввал мутаносибан 12,0 ва 3,1 баробар зиёд мебошад. Муҳимтар аз ҳама, аз вақти ҷорӣ намудани пардохти мазкур ба ҷумҳурӣ 1895 кг маснуоти заргарӣ ворид шуда, аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 11,0 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Доир ба зарурати идома ёфтани ибтикор зикр шуд, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» муҳлати амали меъёрҳои пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснуоти заргарӣ то 30 июни соли 2018 муайян шуда буд. Бинобар ин, бо мақсади татбиқи доимии меъёрҳои пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснуоти заргарӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Тибқи он, дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 340 ба номгӯйи пардохтҳои гумрукӣ пардохти махсус илова шуда, ҳамчунин, моддаи 3401, ки муқаррар намудани меъёри ин пардохтро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ворид гардид.
Ҷанбаҳои мусбати ин иқдом зиёд буда, барои пешрафти соҳа ва ташкили низоми ҳавасмандкунандаи пардохти шаффофи боҷи гумрукӣ дар иртибот ба гардиши маснуоти заргарӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Вакили Маҷлиси намояндагон махсус таъкид кард, ки пештар (то мавриди амал қарор гирифтани қонуни зикршуда) вазъи бозори маснуоти заргарӣ ташвишовар буду воридоти он бо дарназардошти талаботи иқтисодиёт ва рушди соҳибкорӣ такмил ва дастгирии давлатиро тақозо менамуд. Таҳлили нишондиҳандаҳои барасмиятдарории маснуоти заргарӣ дар солҳои охир аз он шаҳодат доданд, ки ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ, бо сабаби баланд будани пардохтҳои давлатӣ, ки бо дарназардошти хароҷоти интиқолӣ аз 40 то 42 дарсади арзиши моли воридкардаро дар бар мегирифт, ба таври қочоқ воридшавии маснуоти мазкур тамоюли афзоишро касб намуд. Табиист, ки ҳолати мазкур сабаби рушди бозори пинҳонии харидуфурӯши маснуоти заргарӣ шуда, омилҳои коррупсиониро ба миён оварда буд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 сол қабл зимни суханрониашон дар Форуми байналмилалии соҳибкории «Душанбе-2015» оид ба «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда буданд.
Дар баробари пешравиҳои дигар, ба шарофати қонуни зикршуда миёни истеҳсолкунандагони маснуоти заргарии ватанӣ рақобати солим роҳандозӣ ва баҳри коркарди ашёи хоми ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорон, ба кишвари содиркунандаи ин намуди маҳсулот табдилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам шуд.
-Табиист, ки заминаи мукаммали қонунгузорӣ — қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи тасдиқи Феҳристи корҳое, ки аз онҳо ҳаққи иёр рӯёнида мешавад», «Тартиби иёр гирифтан ва тамға задани маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда» ба пешрафти соҳа мусоидат намуданд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Тоҳир Ҷобирзода.
Далер Мерганов,
«Садои мардум»