Боғшаҳр

№42 (3992) 16.04.2019

Dushanbe-city-walk_DSC2175-cИмрӯз касе, ки шаҳри Душанберо бубинад, мафтун мешавад ва ба васфаш сухан мегӯяд, шеър эҷод мекунад, дос­тон менависад, дар ҳаққи бунёдкорон дуои хайр менамояд. Инро ҳар рӯз, сари ҳар қадам зимни суҳбат бо одамон эҳсос мекунем.

Содиқи Кашрӯдӣ, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3:

- Душанбе хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон аст. Зебову чароғон ва чун баҳор сабзу гулафшон ва чун Аржанги Моно садранг аст.

Сокинонаш барои ободию осудагӣ ва рушду нумӯяш хидмати софдилона ба ҷо меоранд. Дар оғӯши гармаш хушу хуррам умр ба сар мебаранд. Ҳар касе, ки қадам ба хоки покаш мегузорад, вуҷудашро нармию хушҳолӣ фаро мегирад. Аз тамошои бинову кӯчаҳояш, хиёбону гулгаштҳояш, боғу буттаҳояш хотираш болида мешавад.

Раиси шаҳр муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш дар пайи ободии Душанбе ҳастанд. Дар ин замина симои шаҳр дигаргун шуда, умед аст, ки он шаҳри зеботарини ҷаҳон мешавад.

Мирзозода Искандаршо Ҷивоншо, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, муовини якуми прокурори шаҳри Душанбе:

- Вақте сухан дар бораи дирӯзу имрӯзи пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе меравад, ҳодисаю воқеот ва таҳаввулоти баамаломада чун навори кино пеши назар ҷилвагар мегардад.

Баробари расидан ба Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикис­тон роҳи демократии инкишофро пеш гирифт, зеро ин тарзи идораи давлат ба ҷомеаи тоҷикон бегона набуд. Баъди Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Тоҷикистон, таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳое ба вуҷуд омаданд, ки барои ташаккули андешаҳои зиддидемократӣ мусоидат намуда, экстремизми сиёсию диниро ба вуҷуд оварданд ва ҷумҳуриро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва кашмакашҳои мусаллаҳона кашиданд. Дар раванди ба эътидол овардани вазъи баамаломада мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ пешоҳанг буд. Қайд кардан зарур аст, ки вазифаҳои мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иборат аст.

Дар вазъияте, ки шаҳри Душанбе макони даргирӣ ва муқовимати гурӯҳҳои гуногуни силоҳдор ва манфиатҷӯ гардид, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, барқарор кардани адолат кори осон набуд. Роҳбарият ва кормандони мақомоти прокуратура, новобаста аз маҳал, ҳама чун як тан дар доираи ваколат амал намуда, барои ба эътидол овардани вазъият саҳмгирӣ намуданд. Дар маҷмӯъ, дар таҳкими қонуният ва ба эътидол овардани вазъият дар пойтахт саҳми арзанда гузоштанд.

Хушбахтона, дар Иҷлосияи таърихии ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати конститутсионӣ таъсис ёфт ва ба бахти миллат чун туҳфаи Илоҳӣ шахсе Сарвари давлат интихоб гардид, ки боиси ифтихори тоҷикистониён ва тоҷикони рӯи дунё аст. Таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон вазъият рӯ ба эътидол овард ва аз ҷумлаи корҳои аввалине, ки тақозои замон буду бояд анҷом дода мешуд, ҷорӣ ва мус­таҳкам кардани қонуният, таъмини иҷрои қонунҳо, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон буд.

Шаҳри Душанбе маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо таваҷҷуҳу дастгирӣ ва иқдомоти роҳбарияти олии мамлакат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Имрӯз онро ҷаҳониён ҳамчун Шаҳри сулҳ ном мебаранд. Алҳол дар Душанбе садҳо бинои наву замонавӣ ва баланд­ошёна, марказҳои фарҳангӣ, варзишӣ, тиҷоратӣ бунёд ёфта, роҳу гулгаштҳо обод гашта, воситаҳои навтарини нақлиёти мусофирбар фаъолият карда истодаанд.

Бояд донишу масъулияти худро ба он равона кунем, ки қалби Ватанамон — шаҳри Душанбе ҳамеша обод бошад, ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд ҳимоя гардад.

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ:

- Душанбе ҳамеша шаҳри дӯстдоштанӣ буд. Дар даврони шӯравӣ меҳмононе, ки боре Душанберо дидаанд, онро боғшаҳр меномиданд. Ҳар кӣ ба ин шаҳр меомад, мафтуни он мешуд. Оне, ки дар Душанбе замоне зистааст, ҳамеша онро бо муҳаббат ба ёд меорад. Агар имрӯз, гумон дорам, одамоне, ки 20 — 25 сол боз ин шаҳрро надидаанд, ба Душанбе оянд, онро намешиносанд. Симои Душанбе соат ба соат дигар мешавад. Худи мо, ки дар ин шаҳр зиндагӣ дорем, имрӯз ба гӯшаи дигари вай рафта, бо манзараву иморатҳову боғу гулгаштҳои нав рӯ ба рӯ меоему ангушти ҳайрат мегазем.

Ин шарофат ва баракати истиқлолият аст. Боғҳои Рӯдакӣ, Айнӣ, Дӯстии халқҳо, Ирам ва даҳҳои дигар, ки бозсозӣ шуданд, ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам карданд.

Маҷмаае, ки Қасри миллат, Боғи Парчам, Нишони давлатӣ, Осорхонаи миллӣ ва Наврӯзгоҳро фаро мегирад, аз назар гузаронед. Оё ёд доред, ки дар замони шӯравӣ чӣ манзара ­доштанду имрӯз чӣ манзара доранд? Оё метавонистед ин ҳашаматеро, ки имрӯз Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» дорад, тасаввур кунед?

Бо ин ободиву шукуфоӣ, ки аз даҳ якашро гуфтем, на танҳо бояд ифтихор кунем, балки фарҳангу одобу маърифати худро низ ба сатҳи ин ободиҳо бардорем. Ин вазифаи инсонӣ ва қарзи виҷдонии мост.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»