Бо туем, Ватан!

№5 (3955) 12.01.2019

Имрӯз дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармост ва мардум тинҷу осоишта, бо хотири ҷамъ зиндагӣ доранд.

Танҳо зарур аст, ки шукри ин ободиву озодӣ  намуда, барои тараққиёти Ватан кӯшем. Аз зебогиҳои диёри зебоманзар баҳра бардошта, дар ҳифзи Ватан ҷони худро дареғ надорем.

Ҳамчун як шаҳрванди комилҳуқуқи кишвари биҳиштосо, бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати мо, воқеан ҳам, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст. Дар оғози давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон буданд гурӯҳҳои бадхоҳ ва тундраве, ки оромӣ ва суботи ҷомеаро намехостанд. Монеи пешрафт ва шукуфоӣ мешуданд.

Онҳо бо фармони хоҷагони хориҷии худ кор мекарданд. Гурӯҳҳои ифротгаро, аз қабили  ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ дар он давра зери ниқоби ислом гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Кор то ба ҷое расид, ки мардум ба ду гурӯҳ тақсим ва ба ҳамдигар душман шуданд, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар кишвар оилае набуд, ки аз ин ҷанг зарар надида бошад. Зарари моддӣ ва маънавие, ки ҷанг ба миллати тоҷик расонд, ҷуброннопазир аст ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Аммо сардорон ва мансабдорони ин ташкилоти террорис­тӣ-экстремистӣ ба хориҷа фирор намуда, бо мусоидати  хоҷагони худ дар шароити хуб зиндагӣ намуданд. Азоби ҷангро мардуми бечора кашид.

Мақсади онҳо гӯё бунёд кардани  давлати исломӣ буд, вале дар асл аз ислом фарсахҳо дур буданд. Дар ҳадисе аз паёмбари Худо (дуруд бар ӯ) омадааст: «Мусалмон касест, ки аз даст ва забони ӯ касе озор набинад». Дар ривояте  омадааст, ки аз як муллои чаласавод (нимчамулло) кофир беҳтар аст, ки зарараш танҳо ба худаш мерасад, аммо муллои чаласавод  ҷамъиятро хароб мекунад.

Ҳамин тавр, ин тоифа нақши сиёҳи худро дар саҳифаи таърих гузоштанд. Аз оғози истиқлолият то ҳол душмании онҳо ба давлату миллат идома дорад. Мехоҳанд фурсати муносиб ёфта, тоҷик ва Тоҷикистонро бадном кунанд. Аъзои ин ташкилоти террористӣ аз ибтидо бо хости дил амал карда наметавонанд, чунки фурӯхта шудаанд, лаҷомашон дар дасти дигарон аст.

Ифротгаройии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар ки ҷомеа бесавод бошад, ҳамон андоза қонуншиканӣ зиёд мешавад. Ташкилотҳои террористӣ ҷавононро дар доираи хурофот мағзшӯйӣ мекунанд ва онҳоро ба худкушӣ раҳнамун месозанд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Яъне, ӯ бевосита дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватану миллат қарор мегирад. Биёед, имрӯз, ки ба осудагиву бахти баланд расидаем, зиракии сиёсиро аз даст надода, аз чунин гурӯҳҳо худ ва аҳли оилаамонро дур нигаҳ дорем.

Ҳаргиз иҷоза надиҳем, ки бозичаи дасти ифротгароён бошем ва қурбонии ҳирси онҳо гардем. Биёед, аз тинҷиву ободӣ, сериву пурӣ шукргузорӣ ва дар канори наздикон хушу хурсандона зиндагӣ кунем ва чунин шиор дошта бошем: «Мо бо туем, Ватан»!

Маҳваш