Аз дарди дил ва фишори баланд азоб мекашидам, дилам тез – тез мезад, устухонҳоям месӯхту мадоре надоштам. Роҳи нафасам маҳкам шуда, чизе гулӯямро фишор медод. Маро бо ин аҳвол ба шифохонаи Қарияи Боло бурданд ва дар ошёнаи дуюм, ҳуҷраи 5 хобонданд. Пас аз чанде духтури ҷавоне ба назди ман омада, бо табассуми ширин савол дода, дар дафтарчааш қайд кард. Пас аз рафтанаш ба шавҳару писарам норозиёна нигариста гуфтам: -Духтур хеле ҷавон аст. Ҳанӯз таҷриба надорад. Оё чизе медонад?
Шавҳарам ҷавоб дод: — Аз саволҳояш пай набурдӣ, ки чӣ хел босавод аст.
Ин моҳи июли соли 1994 буд. Ҳамин тавр, ман бо ин духтури ширинсухан, ҳалиму меҳрубон – Ҷунайдулло Салимов шинос шуда, ҳар моҳ як маротиба барои санҷидани саломатиам ба наздаш меомадам. Солҳо мегузаштанд, боз ба касалхона афтода, муолиҷа гирифтам. Ҳангоми табобат бо шахсони дар паҳлуям бистарибуда шинос шудам. Яке аз Қумсангир буду дигаре аз Шаҳритуз, сеюмӣ аз шаҳри Ваҳдат ва ғайра. Онҳо самимона дар ҳаққи духтур суханҳои нек мегуфтанд: ниҳоят доно, ҳалиму меҳрубон ва ботарбия аст. Бо дору не, бо муомилаи хуб беморро табобат карда, ба хонааш мефиристонад.
Моҳи октябри соли 1996 боз бемор шуда, ба касалхона афтодам. Духтур Ҷунайдулло Салимовро дида, бениҳоят хурсанд шудам. Ҳампалатаҳо Ҳалима Ёрова аз ноҳияи Ҷ. Балхӣ, Миҷгона Олимова аз ноҳияи Айнӣ, Соҷида Оева, Рисолат Ҷабборова аз ноҳияи Рӯдакӣ хислатҳои ӯро тавсиф карданд: — Духтури хуб аст, касбашро нағз медонад, суханҳояш ҳалимона, чунон рафтор мекунад, ки дард аз тани бемор гум мешавад.
Пурсидам, ки шумо ин духтурро аз куҷо мешиносед? Маълум шуд, ки яке шаш сол, дигаре чор сол, сеюмӣ чанд бор дар назди вай табобат гирифта будаанд.
Салимов рӯзе 2- 3 маротиба ба назди мо даромада, фишорамонро месанҷид, ҳалимона ҳолпурсӣ мекард.
Соли 2000 фишори хунам боз баланд шуду маро ба касалхонаи Қарияи Боло бурданд. Аз духтури навбатдор илтиҷо кардам, ки Салимовро ҷеғ занад. Духтур норозиёна ҷавоб дод: -Ҳама духтурон як мактабро хондаанд, ҳама дилсӯзанд ва мехоҳанд, ки касалашон табобат гирифта, сиҳату саломат ба назди фарзандонаш баргардад.
Ман истодагарӣ кардам, гуфтам, ки дардамро ҳамон кас медонад, зеро шаш сол боз маро табобат мекунад.
Ин дафъа ҳам ӯ маро табобат кард…
Ҷунайдулло Салимов инсони хоксору фурӯтан, донишманд, касби худро дӯст медорад. Ба чеҳраи ин марди нурониву ботамкин нигариста, ҳар бемор дар худ як сабукиро эҳсос мекунад. Ҷунайдулло бо боварӣ сухан мегӯяд, ки барои бемор ниҳоят зарур аст.
Якуми ноябри соли 2008 ба сактаи қалб гирифтор шуда, аз ҳуш рафтам. Чашм кушода, худро дар шуъбаи эҳёгарии Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил дидам. Он рӯз навбатдори шуъба Салимов то нисфи шаб дар наздам буду ҳар замон фишор ва набзамро месанҷид ва бо шӯхиву ширинзабонӣ кӯшиш мекард, ки дардамро фаромӯш кунам.
Ҷунайдулло Салимов аз моҳи апрели соли 2014 мудири шуъбаи бемориҳои дили шаҳри Душанбе мебошад. Дар бораи худ кам ҳарф мезанад, ҳамеша дар ёди беморон мебошад. Бештар аз устодони худ бо меҳру муҳаббат ва ихлосу сипос ёдоварӣ мекунад:
- Маҳз заҳмату сахтгирии устодон Соҳибназар Раҳмонов, Зикриё Раҳимов, Навҷувон Навҷувонов, Наим Олимов, Зарина Гуева ва дигарон буд, ки ба ин поя расидам, — мегӯяд ӯ.
Падари панҷ фарзанд аст. Писараш Неъматулло касби падарро интихоб кардааст. Мехоҳад, ки дар оянда ба мисли падараш сазовори иззату эҳтиром бошад.
Ҳамин тариқ, 20 сол аст, ки маро духтури ботаҷриба Ҷунайдулло Салимов табобат мекунад. Дар ин миён борҳо бо марг рӯ ба рӯ будам, хушбахтона дастони пурэъҷози ин духтури шифокор маро наҷот доданд. Ман ба ин табиби ҳозиқ арзи миннатдорӣ менамоям, ба ӯ обрӯ ва мартабаи бештар орзу менамоям.
Олима НАИМОВА,
Муаллимаи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон солҳои 1985 — 1990