Бори аввал – таъмини нақша дар 30 рӯз

№55 (4951) 02.05.2025

1-1430-юми апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат иҷро гардид. Тибқи иттилои  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои пурраи даъвати ҳарбӣ пеш аз муҳлат натиҷаи ҳамкории доимии мақомот бо мардум, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳот ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо мебошад.

Тибқи иттилои вазорат солҳои охир сафи ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» зиёд гардидааст. Илова бар ин, ҷавонон дастгирию ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати мамлакатро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароити хизмативу маишӣ дар қисмҳои низомӣ бо қаноатмандӣ дарк намуда, барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан сари вақт ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мешаванд.

Одатан мавсими баҳории даъват ба Артиши миллӣ аз 1-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳи май давом мекард. Соли равон  бошад, то 30-юми апрели соли равон  иҷрои нақшаи даъват пурра таъмин гардид.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»