Дар бораи он ки аз азал ҷангу пархошу мубориза байни қувваҳои «нав» — у «куҳна» вуҷуд дошт, ҳама хуб огоҳӣ доранд. Сад сол муқаддам халқҳои ҷабру ситамкашидаи Осиёи Миёна дар пайравӣ ба болшевикони рус ба мубориза алайҳи хоҷагон, ки аз паси меҳнати сангини ба қавли худашон «муздур»-ону «батрак»-ҳову «бадзот»-они камбағал соҳиби молу давлат гашта буданд, бархостанду обу замин, корхонаву сарвату боигарии онҳоро давлатӣ карданд.
Табақаи ҳукмрону сарватманд, ки ҳама чизро аз даст дод, бо мақсади барқарор кардани ҳокимият ба мубориза зидди «пойлучон» бархост ва бо истифода аз дуздону ҷинояткорон ва ашхоси ба қавли халқ, «хунибинӣ»-ву «синаи модарбурида», дастаҳои ғоратгару одамкушро ташкил кард, онҳоро бо аспу яроқу пул таъмин ва ба ҷанги зидди омма сафарбар намуд. Ба ин кор империалистони Ғарб, ки ба ҷанги зидди давлати Шӯроҳо камар баста буданд, низ ёрирасон гардида, дастаҳои ҷангиро (умуман душманони давлати ҷавонро) бо тиру тӯпу туфанг мусаллаҳ гардониданд. Мутаассифона, дар ин дастаҳо шумораи деҳқонони бесаводу гумроҳшуда низ кам набуданд, ки бо таблиғи муллоёни ҷоҳил гӯё барои дифоъ аз дину шариат қиём мекарданд.
Ин дастаҳои одамкушу ғоратгар шабу нисфишаб, ногаҳонӣ ба шаҳру деҳот ҳуҷум карда, мардумро қатли ом намуда, молашонро ба яғмо мебурданд. Халқи бечора аз дасти яғмогарон ба дод омада, онҳоро «босмачӣ» ном монда буд. Аслан, калимаи «босмачӣ» туркӣ буда, решаи он аз калимаҳои «босма», «босмоқ», «босиш» гирифта шуда, маънои «зер карда омадан», «таҷовуз кардан», «истилоъ кардан» ва маънои маҷозии «талаву тороҷ кардан»-ро ифода мекунад.
Мо хурд будему аз калонсолон, ки чунин рӯзҳои сахту мудҳишро дида буданд, дар бораи шабохуну қатлу ғорату тороҷу куштори босмачиҳо қиссаҳои бисёр мешунидем. Шоири шинохтаи истаравшанӣ Султонмурод Ҳоҷибоев, ки даҳаи 8-уми умри хешро паси сар мекунад, гуфт, ки «Ҳини кӯчак будан модаркалонамон дар бораи шабохунзанӣ, ваҳшату даҳшати босмачигарӣ нақли зиёд мекарданд. Мегуфтанд, ки босмачиҳо на танҳо мекуштанду орду ғалла ва озуқавории мардумро мебурданд, балки духтарони ноболиғ ва арӯсакони ҷавонро бо зӯрӣ кашида мегирифтанд».
Чанде қабл яке аз фаъолони Созмони ҷавонони Истаравшан ба ман навиштаеро дар чанд варақ дода гуфт:
- Бинед, ин Сайидюнус боз чӣ нағма баровардааст. Худро «босмачӣ» номида, бо навиштаҳои дурӯғин босмачиёнро сафед карда, онҳоро «муборизони роҳи дину шариату озодӣ» ба қалам додааст.
Баробари шунидани номи муаллифи мақола табъам хира шуд. Имрӯз дар шаҳри Истаравшан (ба фикрам, дар ҷумҳурӣ ҳам) бо шунидани номи Сайидюнус Бурҳонов ҳама рӯй турш мекунанд.
Ман ӯро намешиносам, боре ҳам надидаам, вале медонам, ки барои ҳарзаву дурӯғу дасиса аз Ватан фирорӣ шудаасту дар хориҷа умр ба сар мебарад ва аз паси резачинии хони хоҷагони хориҷӣ давлату сарвату савлат дораду баҳри тамаллуқ ба онҳо ҳатто мазҳаби хешро дигар кардааст ва ба хотири «ҳалол» кардани маблағҳои ҳангуфту бедардимиёни хоҷагон (чуноне генерали ба ном «мардумӣ» Эшони Қиёмиддин баъди ба даст афтодан тарзи долларгирӣ аз хоҷагонро кушоду равшан ба воситаи телевизион иброз дошт) санг ба сӯйи Тоҷикистон меандозад.
Ман хуб медонам, ки мақолаи Сайидюнус, ки дар интернет ҷой додааст, андеша ё маҳсули хаёли танҳо вай нест, балки мақолаи дастаҷамъии як гурӯҳ худаш барин ватанфурӯшон аст, ки бо таҳрири хоҷагони пулдораш «эҷод» шудааст. Муаллифи мақола мехоҳад, ки «коҳи куҳнаро бод дода», зеҳни ҷавононеро, ки аз он ҳодисаҳо бехабаранд, олуда созад.
Рости гап, аз ҳарзаву сафсатаи ин нимчамуллои олимтарош мардуми тоҷик қимоб шудааст. Истаравшаниҳо бошанд, аз ӯ ор мекунанд ва нафрат доранд.
Боре дар як суҳбат чун сухан аз шахсияти Сайидюнус Бурҳонов рафт, марди солдидае, ки аз авлоди сайидони шаҳри Истаравшан аст, гуфт, ки Сайидюнус аз зоти сайидони бофтаю сохтаи шаҳр аст ва диндориву худошиносиаш низ сохта аст. Бобояш пулдору мулло будааст ва дар замони шӯравӣ «кулак» шудааст. Падарашро ҳам халқ ҳамчун аспдузд мешиносад ва ду додараш бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дар маҳбас қарор доранд. Вале нофаҳмост, ки чаро ин авлод, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ «ранҷида» буд, имрӯз Тоҷикистонро сиёҳ мекунад?…
Ман навиштаи ин олимтарошро хондам. Он дурӯғу ҳарзаву тавте аст ва ҳоҷат ба ҷавоб гуфтанаш ҳам нест. Муаллифи ҳарза бисёр хуб медонад, ки насли калонсоли ҷомеаи имрӯзаи тоҷик аз ҳақиқати ҳол дар бораи босмачиён ва сияҳкориҳои онҳо хуб огоҳ аст. Бо вуҷуди ин, ӯ тавассути сомонаи хеш ҷавонони ноогоҳу зудбовар ва бетаҷрибаро гумроҳ карданист. Ҳамин гунаҳоянд, ки ҷавонони ноогоҳро ёфта, гӯл зада, ба дастаҳои ифротию ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мекунанд, ба Сурияю Ироқу Афғонистон мефиристанд, падару модару наздикони онҳоро дар назди аҳли ҷомеа шармсор ва ба ғаму ғусса ғӯтавар месозанд.
Сайидюнус менависад, ки «Давлати шӯравию болшевикони рус аз босмачӣ «душман», «хоин» ва «муздур» сохтаанд ва ҳар чизе, ки дар бораи ин тоифа навишта шудааст, аз сензураи Давлати Шӯравӣ мегузашт ва ҳатто асарҳои устод Айнӣ аввал аз филтри онҳо гузашта, «сонсур мешуд, он гоҳ пешкаши хонанда қарор мегирифт. Ва ҳатто дар мавориде ба муаррихон ва нависандаҳо дастур мешуд, ки чунину чунон бинависанд».
Ба маълумоти ин «нофозили номуҳтарам» (ӯ дар ин навишта коммунистонро «номуҳтарам» меномад), маълумотҳоеро пешкаш мекунем, ки ҳама аз бойгонӣ ва ба қавли худаш, аз «оршиф»-ҳо гирифта шудаанд:
Ҳукумати Шӯравӣ истиқлолияти Бухороро эътироф карда буд. Амир Олимхон ва атрофиёнаш аз тарси вусъат ёфтани инқилоби коргарону деҳқонон Бухороро ба яке аз марказҳои ҳарбии империализми Англияю Америка, сафедгвардиячиёни рус, ба истеҳкоми ҳуҷум ба Туркистони Шӯравӣ мубаддал сохта буданд. Империалистон аз хориҷа ба Бухоро корвонҳои пур аз тӯп, пулемёт, тиру милтиқ мефиристоданд. Танҳо баҳори соли 1919 амири Бухоро зиёда аз 40 ҳазор милтиқ гирифт. Декабри ҳамон сол Англия ба зидди инқилобиҳои Бухоро корвони иборат аз 200 шутур борро, ки пур аз яроқу аслиҳа буд, равон кард. Дар Бухоро бо ёрии муҳандисони Англия ду корхонаи боруту тирсозӣ сохта шуд. Истилогарони Англия, дар баробари яроқу аслиҳа, садҳо дастурдеҳони (инструкторони) ҳарбиро фиристода буданд, ки ба сарбозони амир ҷанг ёд медоданд. Лашкари амир ҳамон вақт аз 13 ҳазор савора, 12 ҳазор пиёдагард, 70 ҳазор деҳқони гумроҳу ба зӯрӣ оварда иборат буд.
Оё Сайидюнус ҳодисаи аз ҷониби амир Олимхон бурида шудани сари ҳазорон ҷадиду ёшбухороиҳоро, ки ба мардум саводу рӯшноӣ оварданӣ буданд, дар қатори онҳо ба қатл расидани бародари устод Айнӣ — Сироҷиддинхоҷа ва 75 чӯб зада шудану ба маҳбаси амир — Обхона партофтани устод Айниро ҳам инкор мекунад?
Акнун меоем ба сари масъалаи босмачиҳо. Онҳо киҳо буданд?
Иброҳимбек писари як амалдори амир буд, ки то инқилоби Бухоро ба дуздию роҳзанию одамкушӣ «машҳур» гардидааст. Фузайл Махсум, ки ҳазорон аҳли зиё ва қувваи озодихоҳӣ, аз ҷумла, мудири маорифи вилояти Ғарм Каримҷон Ҳусейнзодаро парронида, нахустин ҷавонмуаллимаҳои маҳаллӣ Оламбибӣ, Сайрамбибӣ ва Маълумбибиро ба дор овехт, собиқ беки Қаротегин буд. Анварпошшою Салимпошшо, ки дар навоҳии ҷануби Тоҷикистон зиёда аз се сол бар зидди ҳокимияти ҷавони Тоҷикистон мубориза ва садҳо одами бегуноҳро кушта, молу давлаташонро ба ғорат бурданд, хориҷӣ (якумӣ генерал ва собиқ сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Туркия ва дуюмӣ офитсери ҳамин давлат) буданд.
Мардум имрӯз ҳам хуб медонанд, ки босмачиёни Тоҷикистони Шимолӣ, ба монанди Асрорхону Холбӯтаю Сайидмурод ҳокимону ғосибону дуздону чаповулҳо буданд.
Сайидюнус дар оғози навиштаи худ ба қавли мардум, «деворро аз пеш зада», аз хонанда хоҳиш кардааст, ки «коре ба шахси нависандаи ин навиштор, ки чӣ касе ҳаст ва аз назари сиёсӣ чӣ гароише дорад, оё мувофиқ аст ё мухолиф, диндор аст ё бедин надошта бошад»!
Чунонки мардуми водии Зарафшон мегӯянд: «Хестӣ, ки хобӣ!» ё ба қавли мардуми доно: «Инро ба касе гӯй, ки туро нашносад!»
Адабиётшиноси шинохта Сайидумари Султони 93 — сола, ки имрӯз аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои чашмгири кишвар меболад, баробари шунидани ин қазия, ки Сайидюнус Бурҳонов дар мақолааш худро «босмачӣ» номидааст, гуфт:
- Агар маънии луғавии калимаи «босмачӣ» хоину дузду чаповул бошад, пас Сайидюнус худро босмачӣ номида, бори аввал дар умраш ба ҳақиқат тан додааст, зеро ӯ ва аҷдоди гузаштааш, дар ҳақиқат, «босмачӣ» буданд!
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»