Бозор, нарх, истеҳсол ва ҳисоботи масъулин

№61 (3698) 01.06.2017

БозорбойМақолаи Муҳаммад Зокир «Агар захира кофӣ мебуд, қиматӣ намешуд»-ро («Садои мардум», 2 майи соли 2017, №47) хондаму лозим донистам баъзе аз андешаҳои худро роҷеъ ба мушкилоти бозор, гаронии нархи маҳсулот ва камёфт гардидани баъзе аз онҳо иброз намоям.

Бозор тибқи қонуни нонавиштае амал мекунад, ки аз мақоли халқ — «Бардорад зам кун, набардорад кам кун» сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, гилагузорӣ кардан бобати нархнома доштан ва ё надоштани маҳсулоти бозор ва таҳлили рақамҳо, ки вазни онҳоро танҳо коғаз бардоштааст, мушкилотро осон намекунад. Барои ҳалли масъала хуб мешуд, ки сабабҳои сар задани мушкилот, омилҳои ба он таъсиррасонро муайян карда, барои ошкору бартараф намудани камбудӣ ва пешгирии болоравии нархи маҳсулот таклифи мушаххас ироа ва чораҳои манфиатбахш роҳандозӣ шаванд.

Масъулини соҳаи кишоварзӣ соли гузашта ваъда доданд, ки истеҳсоли картошкаро ба зиёда аз як миллион тонна расонда, эҳтиёҷоти мардумро қонеъ мегардонанд. Тибқи маълумот, соли гузашта кишоварзони мамлакат 960 ҳазор тонна картошка истеҳсол карданд. Вале болоравии нархро дар моҳҳои январ-феврали соли равон ба боришоти зиёди барф, мушкилгузар будани роҳҳо ва аз вилояти Суғд ворид нашудани картошка нисбат додан чандон асоснок нест. Имрӯз дар бозорҳо картошкаи баҳорӣ фаровон буда, нархи он 4-5 сомонӣ боқӣ мондааст. Баъзе савдогарон болоравии нархро ба баланд шудани курси доллари ИМА рабт медиҳанд. Ҳол он ки қурби доллари ИМА ду баробар боло нарафтааст. Нархи картошка бошад, дар баъзе ҳолатҳо то се баробар боло рафт.

Солҳои охир дар ҳисоботи оморӣ чунин тартиб расмӣ гардидааст, ки ҷамоатҳои деҳот картошкаи дар ҳавлиҳои сокинони деҳот киштшударо ба ҳисоботи оморӣ ворид месозанд ва он ба истеҳсоли умумии картошка ҳамроҳ мешавад. Саволе ба миён меояд, ки ба ҳисоботи оморӣ дохил намудани 10-15 ҷӯяк картошкаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ чӣ зарурат дорад? Чунин шакли ҳисоботдиҳӣ ба ҷуз назарфиребӣ ва аз худ дур намудани масъулият чизи дигаре нест. Аз дигар тараф, ин ҳисобот дақиқ набуда, ҳисоботдиҳандагон ба хотири гап нашунидан ва ҳимояи худ чизеро хоҳанд менависанд. Натиҷа ин аст, ки танҳо дар коғаз маҳсулот ҳаст.

Яке аз сабабҳои дигари болоравии нархҳо дар он аст, ки бозорнишинон манфиати худро доранд ва фоидаи зиёд гирифтан мехоҳанд. Маҳсулот ба бозорҳои яклухтфурӯшӣ ба воситаи дасти дуюм ворид мешавад. Аҳолӣ маҳсулотро дар аксар бозорҳо аз дасти сеюм ва чорум мехарад, ки дар натиҷа нархҳо осмонхарош мегарданд.

Тобистони соли гузашта дар мавсими камчин шудани помидор дар бозори «Деҳқон» шоҳиди чунин манзара шудам: соҳибкоре аз вилояти Суғд як килограмм помидорро бо нархи 2,5 сомонӣ мефурӯхт. Харидорон аз ин кор розӣ буданд. Вале аз куҷое ду нафар пайдо шуданду бори мошинро яклухт харида, баъд аз гузаштани ним соат помидори харидаашонро 3,5 — 4 сомонӣ ба савдо гузоштанд…

Вазъи имрӯзаи бозор, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии ниёзи аввал, пешгирии болоравии сунъии нарх тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба миён овардани рақобати солим чораи муассир роҳандозӣ шавад. Ташкил намудани ширкати тиҷоратию истеҳсолие, ки барои аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонон харидорӣ намудани маҳсулоти тайёр масъул бошад, аз манфиат холӣ нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «бо дарназардошти захираву иқтидорҳои кишвар барои бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти соҳа ҳанӯз имкониятҳои зиёд мавҷуданд». Масъулинро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кор қарор дода, масъулиятшиносу боғайрат ва дурандеш бошанд.

Маҳмадҷон Раҳмонов,

Рӯзноманигор