БУНЁДИ МАЙДОНЧАҲО БАҲРИ ОММАВИЯТИ ФУТБОЛ

№ 09.06.2016

Дар шаҳри Конибодом ду майдончаи сунъии варзишӣ барои дӯстдорони бозиҳои футбол бо 800 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи чумҳурӣ Дилшод Ҷӯраев ва дӯстдорони варзиш ширкат доштанд.

Ғайбулло Боҳирӣ ва Дилшод Ҷӯраев зимни суханронӣ ифтитоҳи майдонҳои варзиширо ба ҳаводорони варзиш таҳният гуфта, изҳори умед карданд, ки ин иқдом боиси пешрафти варзиш дар ноҳия ва таваҷҷуҳи бештари наврасону ҷавонон ба бозии футбол мегардад.

Абдувосит Салимзода,

«Садои мардум»