13 июли соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба ҳунармандон, бахусус занон дар маркази шаҳри Душанбе, аниқтараш буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Бухорои ноҳияи Шоҳмансур «Нонпазхона»-и замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми ба истифода додани он муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, раиси ноҳияи Шоҳмансур Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахти мамлакату ноҳияи зикршуда иштирок доштанд.
Бинои нонпазхона бо истифода аз нақшу нигори миллӣ сохта шуда, дар дохили он ҷойи нонпазӣ, таҳмолпазӣ ва дигар маҳсулоти нонӣ, инчунин хӯрокҳои миллӣ мавҷуд аст.
Дар баробари фароҳам овардани шароити хуби корӣ барои занони нонпаз, ҳамчунин барои истироҳату фароғат ва тановули хӯрок ба сокинону меҳмонони пойтахт шароити мусоид муҳайё гардидааст.
Дар нонпазхона 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Шоистаи зикр аст, ки он рӯз чанде аз сокинону меҳмонони пойтахт дар чорабинӣ иштирок намуда, аз маҳсулоти омоданамудаи ҳунармандон Фариштамоҳ Ашӯрова ва Зулайхо Ҳакимова чашида, ба маҳсули дастони онҳо баҳои баланд доданд.
Иқдоми зикршуда барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мусоидат намуда, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, ифтихор аз созандагӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллиро дар замири насли наврас ва сокинон афзун мегардонад.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Таҳминаи БАХТИЁРЗОДА, донишҷӯи гурӯҳи рӯзноманигории Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи П. Буйдоқов