Мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тавре коршиносон иброз медоранд, мубориза ба ин таҳдиди глобалӣ танҳо вазифаи як сохтор нест. Дар ин самт миёни ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳию пешгириро ба роҳ бояд монд. Зеро сухан дар бораи ҳифзи солимии ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон – насли ояндаи миллату давлат меравад.
Бино ба гуфти муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Пирмаҳмадзода, ҳоло дар муқоиса ба солҳои 2007-2008 фавт дар байни беморони сил ду баробар коҳиш ёфтааст. Гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ соли 2018 тибқи ҳисоби пешакӣ 56,2 ба 100 ҳазор аҳолӣ рост омадааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба даҳ соли пеш 25 — 27 нишондод коҳиш ёфтааст.
Бемории сил бемории сироятӣ буда, аз тариқи ҳаво метавонад ба шахси дигар гузарад. Шаҳрвандон бояд дарк намоянд, ки бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст, ба шарте ки сари вақт ташхис ва табобат карда шавад. Табобат ҳатман бояд зери назорати кормандони тиб сурат гирад. Шахси гирифтори бемории сил дар сурати сари вақт муайян накардани беморӣ ва риоя накардани қоидаҳои табобату истеъмоли доруҳои пешгирикунанда метавонад аз 10 то 20 нафарро сироят кунад.
Аз суҳбат бо корманди марказ Тоҷиддин Касиров маълумот гирифтем, ки бемории сил ду намуд — шушӣ ва ғайришушӣ мешавад. Доир ба намуди якум маълум аст, ки шуш гирифтори бемории сил мешавад. Ба намуди ғайришушии сил метавонад устухон, бачадон, пӯст, рӯдаву ғадудҳои дохили шикам, ғадудҳои канорӣ, гардан гирифтор шавад.
Нафари гирифтори бемории сили шушӣ ҳангоми атсазанӣ, сулфидан ва суҳбат чӯбчамикробҳои кохро ба муҳит пош медиҳад ва онро нафарони дигар нафас кашида, сироят меёбанд.
Ба гуфти мутахассисони соҳа, сулфаи бардавом, балғампартоӣ, баландшавии ҳарорат дар қисмати дуюми рӯз ва пайдошавии дарди қафаси сина аз нишонаҳои бемории сил аст. Баъди мушоҳидаи чунин нишонаҳо шахс бояд ба табиб муроҷиат намояд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян ва ташхису табобат тамоми шароит муҳайё аст. Дастгоҳҳои муосири тиббӣ имконият медиҳанд, ки ин беморӣ дар кӯтоҳтарин фурсат муайян карда шавад. Гирифторони чунин беморӣ то сиҳатёбӣ бо доруҳо таъмин шуда, табобаташон ройгон сурат мегирад.
Тавре мутахассисон иброз медоранд, мушкилии ҷиддие, ки дар ин самт ҷой дорад, пинҳон доштани беморӣ аз ҷониби маризон мебошад. Ин омил метавонад сабаби афзоиши беморӣ гардад. Аксарият ҳангоми зоҳир шудани нишонаҳои аввалини он (сулфаи давомнокиаш зиёда аз 2 ҳафта, нафастангӣ, арақкунӣ, кам шудани иштиҳо, лоғаршавӣ, баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан) бепарвоӣ зоҳир мекунанд.
Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳар як беморӣ ба равони инсон таъсир мерасонад. Ба андешаи ӯ, дар сиҳатшавии бемор баробари мутахассисони соҳа, инчунин нақши равоншиносон низ калон аст. Дар тиб як илми махсус ҳаст, ки он аксуламали равонии одамонро нисбат ба беморӣ меомӯзад.
- Мо медонем, ки бемории сил ирсӣ нест ва он табобатшаванда аст. Дар ҳолати риоя кардани қоидаҳои беҳдошт, аз ҷумла ниқоб пӯшидан, бо маҳлули махсус шустани ашёе, ки бемор истифода мебарад, инчунин дар вақташ истеъмол кардани доруҳои зиддисилӣ беморӣ ба атрофиён сироят намекунад, — илова кард ҳамсуҳбатамон.
Номбурда ба он назар аст, ки гирифторони бемории сил бо равоншинос бояд ҳатман ҳафтае як маротиба суҳбат кунанд. Баъди сиҳат ёфтан ҳам асаби гирифторони бемории сил бояд ба воситаи доруҳои равонӣ ором карда шавад.
Корманди Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил Қадриддин Пиров мегӯяд, ки феълан дар ҷумҳурӣ се роҳи пешгирии бемории сил мавҷуд аст: биологӣ, табобати пешгирикунанда ва чораҳои маърифатӣ.
Усули биологии пешгирии бемории сил гузаронидани эми БСЖ ба кӯдакони навзод (чунин эм имрӯз дар ҷумҳурӣ аз 93 то 97 фоизро фаро мегирад) аст, ки дар 3-5 рӯзагӣ гузаронида мешавад. Он то 7 — солагӣ таъсир намуда, кӯдаконро аз гирифторшавӣ ба шаклҳои вазнини бемории сил эмин надорад.
Усули пешгирии бемории сил байни кӯдакон гузаронидани табобати химияпрофилактикии пешгирикунанда мебошад. Яъне, пас аз инкор намудани бемории сил дар кӯдакони дар тамосбуда ба онҳо то 6 моҳ бо истифода аз дору чораҳои пешгирикунанда меандешанд.
Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талошҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳми шарикони рушд дар ҷумҳурӣ усулҳои тезташхискунандаи бемории сил муҳайё гардида, дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо дастгоҳҳои муосир барои ташхису табобати саривақтии бемории сил насб карда шудаанд. Аз ин рӯ, дар сурати пайдоиши нишонаҳои беморӣ сари вақт ба табибон муроҷиат кардан лозим аст, то атрофиён аз маризӣ эмин бошанд.
Мавҷуда Анварӣ, журналист