Баробари гарм шудани ҳарорати ҳаво ҳолатҳои офтобзанӣ, сӯхтани пӯсти бадан, хунравӣ аз бинӣ, авҷгирии бемориҳои дилу рагҳо, фишорбаландӣ, диабети қанд, диққи нафас (астма) ва асабоният бештар ба мушоҳида мерасад. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ солҳои 2000-2019 ҳамасола ба ҳисоби миёна 489 000 фавт аз гармо ба қайд гирифта шудааст, ки 45 дарсади он ба кишварҳои Осиё ва 35 дарсад ба Аврупо рост меояд.
Аз сабаби тағйирёбии иқлим шумораи рӯзҳои аз 40 дараҷа гарм сол то сол зиёд шуда истодааст. Бо мақсади эмин мондан аз таъсири гармо бисёриҳо аз кондитсионер истифода мебаранд, ки суиистифода аз он ба шуш зарар дорад. Дар баробари ин, имрӯз на ҳама имкони харидани кондитсионерро доранд.
Бо мақсади кам кардани таъсири манфии гармои шадид маслиҳатҳои муфиди мутахассисонро аз манбаъҳои гуногун ҷамъ овардем, ки онро манзури хонандагон менамоем.
Агар дар фасли зимистон ҳар қадар зиёдтар ба хона даромадани нурҳои офтоб фоида дошта бошад, дар фасли тобистон аз онҳо (махсусан, аз соати 7-и субҳ то соати 18) «гурехтан» лозим аст.
Бо ин мақсад, инчунин, метавон аз плёнкаҳои атермалӣ истифода бурд. Плёнкаҳои мазкур, ки болои шишаҳо кашида мешаванд, 80 дарсади шуои офтобро бармегардонанд.
Дару тирезаҳоро шабонгоҳ ва субҳи барвақт то баромадани офтоб кушода монед. Ҳавои салқин ба хона даромада, дергоҳ ҳарорати ҳуҷраро муътадил нигоҳ медорад.
Агар шамолдиҳак (вентилятор) дошта бошед, ба назди он зарфи оби яхдор гузоред. Шамолдиҳак ҳавои салқинро ба ҳуҷра паҳн карда, аз гармшавӣ эмин медорад.
Саҳаргоҳон баъд аз офтоб баромадан фарш (пол)-и хонаро бо латтаи дар оби яхнӣ таркардашуда пок кунед. Сипас, дар чор тарафи хона зарфи оби яхдоштаро гузоред. Ҳуҷра чанд соат бе кондитсионер салқин меистад. Агар бегоҳӣ ин амалро такрор кунед, дар хонаи салқин хоби бароҳат хоҳед дошт.
Ҳангоми зиёд арақ кардан бо оби сард оббозӣ накунед, ки боиси хурӯҷи дарди миён (радикулит) ва дигар бемориҳо шуда метавонад. Оббозӣ бо оби ширгарм касро беҳтар салқин нигоҳ медорад.
Сачоқи калонеро дар оби хунук тар карда, рӯ ба рӯи шамолдиҳак гузоред. Дар ин сурат ҳавои хона салқинтар мешавад.
Ҳангоми ҳавои гарм, агар бо зарурате берун рафтан лозим ояд, либоси сафеди пахтагин ба бар ва кулоҳи сабук ба сар кунед. Куртаи сафеди пахтагин нури офтобро хеле кам ба худ мекашад. Сари луч гаштан хатари офтобзаниро зиёд мекунад. Агар имкон бошад, ҳамроҳи худ ҳадди ақал зарфи нимлитраи об гиред. Обро якбора зиёд нанӯшед, зеро ин боиси арақкунии шадид шуда, ба фаъолияти гурда халал мерасонад. Бояд обро кам-кам ва дар фосилаи наздик баъд аз ҳар як соат нӯшед.
Беҳтарин воситаҳои ташнагишикан, пеш аз ҳама, оби тоза, чойи кабуд (аммо на чандон талх), компоти бешакар аз хушкмеваҳо, шарбати помидор ва чолоби кабудидор ба шумор мераванд. Нӯшобаҳои ширини газдор ва яхмос бо вуҷуди яхнӣ буданашон ташнагиро баръакс, зиёд мекунанд.
Дар мавсими гармо аз истеъмоли шакар ва дигар шириниҳо (кулчақанд, мураббо, хамириҳои ширин), нони сафед, бирёниҳо, хӯрокҳои серравған (кабоб, шаурма) худдорӣ бояд кард. Бештар ба меваю сабзавот ва кабудиҳо, ки манбаи витамину минералҳои заруриянд, таваҷҷуҳ зоҳир намудан лозим аст. Ба ҷои хӯрокҳои серравған шӯрбои сабзавотӣ, чолоби серрайҳону помидору бодирингдор, нони сиёҳи сабӯсдор, гӯшти мурғ, моҳӣ, творог, чаккаю ҷурғот истеъмол намудан фоида дорад.
Ҳангоми кӯдаконро бо аробача (коляска) ба сайругашт бурдан бо худ латтаи намнок ва дар зарфе об гиред. Атрофи аробачаро бо латтаи намнок печонед. Баъд аз хушк шудани латтаи аз нури офтоб муҳофизаткунанда дубора онро намнок кунед.
Дар сурати риояи тавсияҳои зикршуда умед аст, ки саломатиатонро ҳифз намуда, неруи барқ ва маблағи хонаводаро сарфа мекунед.
С. НАҶМИДДИНЗОДА,
«Садои мардум»