Чӣ тавр метавон таркиби ордро ғанӣ намуд?

№65 (4648) 17.05.2023

Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орди навъи олӣ ва якум даҳсолаи охир мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардондашуда», ки соли 2019 қабул шуда буд, далели возеҳи ин гуфтаҳост. Ҳадафи қабули қонуни мазкур таъмини аҳолӣ бо ғизои солим ва пешгирии бемориҳое арзёбӣ мегардад, ки дар натиҷаи норасоии витамин ва моддаҳои барои организми муҳим пайдо мешавад.

- Аз қабули қонун чор сол сипарӣ шуда бошад ҳам, дар самти татбиқи он то ҳол масъалаҳои зиёди ҳалношуда боқӣ мондаанд, — гуфт сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбати гирди миз, ки зери унвони «Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардондашуда» доир шуд.

- Аз ҷумла, маблағгузорӣ барои  хариди маводи иловагии «Премикс» (маводе, ки бо он ордро ғанӣ бояд сохт) ҳалли худро наёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар корхонаҳои истеҳсолии орд насби таҷҳизоти зарурӣ барои ғанигардонии маҳсулот ва назорати он ниёз ба маблағгузорӣ дорад,- афзуд номбурда.

Илова бар ин, то имрӯз касе дар кишвар таъсири маводҳоро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор надодааст. ЮНИСЕФ, FFI ва ҳатто Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ, ки тарғибгарони ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ ба ҳисоб меравад, то ҳол таркиби микронутриентҳоро муайян накардаанд.

Эътироф шуд, ки агарчи орд ғизои комил аст, ҳоло ба ғанигардонии таркиби он  зарурат пайдо шудааст. Коршиносон сабаби инро ба рушди  технологияҳо рабт медиҳанд. Мегӯянд, ки осиёбҳои муосир  бисёр элементҳои барои организми инсон зарур ва муфидро, ки асосан дар ҷанини гандум ва пӯсти он мавҷуд мебошанд, аз таркиби орд берун месозанд. Дар натиҷа, аз таркиби орд витаминҳои Е, РР ва гурӯҳи В  нест шуда, асосан крахмал ва миқдори ками баъзе витаминҳо боқӣ мемонад.

Тибқи дастурҳои созмони ғайридавлатии Fauna & Flora International (FFI), ки амалӣ намудани барномаи  «Ташаббус оид ба ғанигардонии орд»-ро ба уҳда дорад, иловаҳои асосӣ барои ғанигардонии орд — оҳан, туршии фолий (витамини В9) буда, ба он, ҳамчунин, витаминҳои А ва D, туршии никотин (В3), тиамин (В1), рибофламин (В2) ва сианокобаламин (В12)- ро илова кардан мумкин аст. Миқдори витаминҳои иловашавандаро ҳар мамлакат бояд худ муайян намояд.

Талаботи организми ҳар як одам  ба навъҳои витамин ва миқдори онҳо гуногун мебошад, аммо масъалаи мазкур ба назар гирифта нашудааст.

Соли 2009 корманди беморхонаи Хокланди Норвегия, муҳаққиқ Марта Эббинг ҳушдор дода буд, ки бо туршии фолий ғанӣ гардондани маҳсулоти ғизоӣ метавонад пайомади ногувор ба бор орад. Ӯ баъд аз силсилаи тадқиқоти солҳои 1993-2005 анҷомдодааш гуфта буд: «Табобати беморони гирифтори бемории дил бо туршии фолий дар севуним сол гирифтор шудани онҳоро ба бемории саратон 21 дарсад зиёд намуд. Пас аз 6,5 сол хатари маргро ба вуҷуд овард. Истеъмоли он марги гирифторони саратонро 38 дарсад афзуд».

Олими машҳури арманӣ Хачик Стамболсян таъкид намудааст, ки организми инсон танҳо 50 дарсади иловаҳои сунъиро метавонад ҳазм намояд. Иловаҳои боқимонда дар организм захира шуда, боиси пайдоиши бемориҳо мегарданд.

Олими соҳаи биокимиё Вардан Гаспарян таъкид месозад, ки боқимондаҳои ҳама гуна металл заҳр аст. Дар организми инсон 4 г оҳан мавҷуд аст, ки 0,1 дарсади он бо сафедаи трансферрини таркиби хун алоқамандӣ дорад. Ин сафеда интиқолдиҳандаи оҳан аст. Вақте миқдори оҳан дар организм зиёд мешавад, метавонад сабабгори бемориҳои сироятӣ гардад.

- Онҳое, ки таркиби ордро ғанӣ гардонидан мехоҳанд, асос пеш меоранд, ки дар таркиби ғизои аҳолии мамлакат норасоии элементҳои оҳан ва рӯҳ ба назар мерасад, Ҳол он ки ба таркиби орд баргардондани сабӯс ва ҷанини гандум кофист,  то нони аз он омодашуда ба ғизои комил табдил ёбад,- гуфт профессори Пажӯҳишгоҳи «Гастроэнтерология»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ғиёсуддин Мироҷов.

Ба таркиби орд илова намудани гандуми сабзида, ҷав, сулӣ, арзан, зағир, кунҷит ва дони офтобпараст метавонад ғизонокии нони аз он пухташударо баланд гардонад. Аз чунин усул дар Исроил истифода мешавад.

Дар чорабинии зикршуда раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, аз ҷумла гуфт: «Аз норасоии ғизо бештар духтарони наврас, ҳомиладорон, занони кӯдаки ширмакдош­та, кӯдакони хурдсол, сокинони камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ранҷ мекашанд».

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксарият, хосса сокинони кӯҳистони мамлакат, саломатии хуб доранд, зеро ғизои табиии бидуни иловаҳои сунъӣ, аз ҷумла, орди осиёб, истеъмол менамоянд.

Метавон хулоса намуд, ки ҷорӣ намудани технологияи истеҳсоли орд бо иловаи гандуми сабзида ба манфиати кор аст, на бо «Примакс».

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»