Чанде пеш гузорам ба маҳаллаи Яккачинори пойтахт афтоду дар нонвойхонаи «Чанори куҳан» нонҳои гарми бо гандуми маҳаллӣ пухташударо дида, ҳавасам омад. Нони «сиёҳ» (сабӯсдор), ки бо гандуми таҳҷоӣ пухта шудааст, воқеан, лаззати дигар дорад. Аз нигоҳи тиббӣ низ манфиати нони «сиёҳ» аз нони бо орди сафед пухташуда бештар аст. Зеро дар он ғозҳои набототии зиёд мавҷуданд, ки фаъолияти узвҳои ҳозимаро беҳтар намуда, хатари сар задани бемориҳои саратони рӯдаро кам месозанд.
Нахҳои ғизоии орди гандуми таҳҷоӣ (сабӯсдор) сатҳи холестерин ва қандро дар хун кам мекунад ва барои пешгирии бемориҳои диабети қанд ва атеросклероз муфиданд. Орди сабӯсдор хосияти зиддиилтиҳобӣ низ дорад. Аз сабаби дар таркиби он зиёд будани минералҳои тозакунандаи рагҳои хунгард истеъмоли доимии нони «сиёҳ» беҳтарин воситаи пешгирикунандаи бемориҳои дилу рагҳо ба шумор меравад.
Нони «сиёҳ» аз калий, калтсий, оҳан, фосфор, натрий, йод, молибден, витаминҳои Е, А ва гурӯҳи В бой аст. Витамини В системаи асабро қувват мебахшад. Витамини Е антиоксиданти табиӣ буда, пиршавии бармаҳали организмро пешгирӣ, масунияти организм (иммунитет) — ро қавӣ ва системаи наслофариро неруманд мекунад. Витамини А низ антиоксиданти муқтадир буда, қувваи биноиро беҳтар ва бемориҳои сироятиро пешгирӣ менамояд.
«Шакарро камаш хуб», — мегӯянд дар урфият. Бо вуҷуди доштани манфиати зиёд гирифторони бемориҳои гастрити шадид, захми меъдаю рӯда, панкреатит, холесистит, энтерит, ашхоси туршии меъдаашон баландро зарур аст, ки нони «сиёҳ»- ро аз ду пора зиёд истеъмол накунанд.
Бартарии дигари нони «сиёҳ» дар он аст, ки фаъолияти рӯдаро хуб намуда, сатҳи қандро паст ва эҳсоси сериро дурудароз месозад. Яъне, ҳангоми саҳархӯрӣ дар вақти рӯзадорӣ истеъмол намудани нони «сиёҳ» касро то дер сер нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, касоне, ки ба ҷойи нони «сафед» нони «сиёҳ» истеъмол мекунанд, хеле кам майли хӯрдани ширинӣ карда, аз зарари қандхӯрӣ эмин мемонанд. Аммо аз истеъмоли нони «сиёҳ»- и гарм худдорӣ бояд кард. Зеро он ба меъда вазнинӣ оварда, боис ба дамиши шикам мегардад. Шабонгаҳ низ истеъмоли нони «сиёҳ» тавсия дода намешавад. Онро, бинобар дер ҳазм шуданаш, дар наҳор ва нисфирӯзӣ истеъмол кардан нафъ дорад.
Дар маҷмӯъ, истеъмоли нони «сиёҳ» гирифторшавӣ ба фарбеҳӣ, диабети қанд, сахтшавии дарун, гиреҳзании рагҳоро пешгирӣ намуда, ба камкунии вазн ва пешгирии илтиҳоби музмин мусоидат менамояд.
С. АМИНИЁН, «Садои мардум»