Чанд хабар аз як гузориш

№23 (4606) 10.02.2023

24-уми январи соли 2023 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда шуданд.

Соли 2022 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 115,7 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш таъмин шуд.

Сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 3,8 банди фоизӣ кам мебошад.

Соли 2022 ба қисми даромади умумии буҷети давлатӣ 36,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки дар қиёс ба нақша 1,3 миллиард сомонӣ зиёд аст.

Ҳамчунин, соли гузашта дар кишвар 487 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат нисбат ба соли 2021-ум 776 миллион киловатт — соат ё 3,8 фоиз зиёд гардид.

Соли гузашта истеҳсоли умумии маҳсулоти кишоварзӣ 49,3 миллиард сомониро ташкил дода, суръати рушди он нисбат ба соли 2021 ба 108 фоиз баробар гардид.

Соли 2022 нисбат ба соли 2021 ба кишвар 1,9 баробар зиёд сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст.

Аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳибкорон ва аҳолӣ соли 2022, дар маҷмӯъ, 14,4 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки назар ба соли 2021-ум 700 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 Дар соли 2022 ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 16,3 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли 2021-ум 11,4 фоиз зиёд аст.

 Татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли сипаришуда тавассути ҳама гуна нақлиёт 103,4 миллион тонна бор ва 818,6 миллион нафар мусофир кашонида ва бурда шуд, ки аз соли 2021 мутаносибан 26 ва 11 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2022 ҳаҷми умумии гардиши савдо 47,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 11,2 фоиз зиёд аст.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият фароҳам оварданд, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ дар қиёс ба соли 2021-ум 15 фоиз афзоиш ёбад.

Дар ин давра бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа 221 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф кардани мушкилоти мавҷуда соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 2,6 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 13 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2022 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 6 ҳазор ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15,4 фоиз афзоиш ёфт.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе дар соли сипаригашта корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома ёфта, 708 иқдоми созандагӣ, аз ҷумла бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 74 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзиш, рангубори 146 бино ва як қатор корҳои дигар бо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор, амалӣ шуд.

Соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 110 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 2 баробар, гардиши савдо 109 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 126 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 103 фоиз, боркашонӣ 1,7 баробар ва мусофиркашонӣ 109 фоиз афзоиш ёфтааст.

Соли гузашта истеҳсоли алюминийи аввалия 62 ҳазор тоннаро ташкил кард, ки нисбат ба соли гузашта 1,5 ҳазор тонна ё 2,5 фоиз зиёд мебошад.

Таҳияи Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»