Умре ба шарофати деҳқонӣ нон хӯрдаам. Моҳи апрели соли равон Фарҳод ном нозири минтақавӣ ҳамроҳи ҳамкораш ва муҳандиси заминсози Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ҷумъа Ёрматов маро ба заминҳои хоҷагии деҳқониамон даъват намуданд. Фарҳод гуфт, ки собиқ янгаатон Ҷумагул Равшанова тавассути мақомоти дахлдори ноҳия ба 1, 04 гектар замини хоҷагии деҳқониатон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда тартиб дода, ба расмият даровардаасту замин ба ӯ тааллуқ дорад. Дар ҷавоб изҳор намудам, ки дар заминҳои хоҷагии деҳқониам пахта кишта, нигоҳубини онро ба уҳда дорам. Аз ин рӯ, заминамро, ки воситаи рӯзгузаронии аҳли хонавода мебошад, ба касе намедиҳам.
Ҷумагул Равшанова суханамро шунида, ногаҳон ба ман дарафтода, латукӯб кард. Дар ҳузури шоҳидон бо истифода аз рӯймолам буғӣ карда, дашномҳои қабеҳ дод. Танҳо бо дахолати ҳамдеҳагон аз ҷанголи ӯ раҳо ёфтам. Мутаассифона, нозирони минтақавӣ нисбат ба ин рафтори Ҷ. Равшанова ягон чора надиданд. Бо роҳхати ШВКД – 1 ноҳияи Ҷ. Балхӣ аз ташхиси тиббӣ — судӣ гузашта, нуҳ рӯз дар беморхонаи вилоятии «Қарияи Боло» — и шаҳри Бохтар бистарӣ гардидам. Ташхис осеби пӯшидаи косахона ва майнаи сар, ларзиши майнаи сар ва латхӯрии бофтаҳои мулоимро нишон дод.
Ҷумагул Равшанова ҳамсари бародарам Салим Намозов, ки 20 — уми июни соли 2016 вафот кардааст, мебошад. Падарам Бобоқул Намозов маросими дафни бародарамро гузаронида, 1,04 гектар саҳми замини аз хоҷагии деҳқонии «Алимзода» мондаро ҳамчун ворис қабул намуда, ба расмият надароварда, 18 — уми майи соли 2018 аз олам даргузашт. Ман мероси аз падарам монда, яъне саҳми замин аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи «Алимзода»- ро ҳамчун ворис қабул карда, ҳамроҳи аҳли оила аз он истифода бурда истодаем.
Собиқ янгаам Ҷумагул Равшанова 20 октябри соли 2017 дар ҳузури кормандони Ҷамоати шаҳраки Гулистон, намояндаи ШВКД- и ноҳия ва раиси маҳалла чизу чораи хонаи бародари марҳумам, аз қабили ду ҷевони калон (шифонер), як ҷевон, 2 қолини калон, 2 қолини хурд, 2 гилем, телевизору танӯрчаи барқӣ, сандуқ ва ғайраро бурд. Дар баёноташ навиштааст, ки «тамоми чизу чораи ба ман тааллуқдоштаро гирифтам ва дигар даъво надорам».
Тибқи санади раиси маҳаллаи «Шайхзода» — и Ҷамоати шаҳраки Гулистон А. Абдураҳимов, собиқ янгаам моҳи ноябри соли 2017 ба сокини деҳаи Тошработи ноҳия Б.Ҷ. ба шавҳар баромадааст. Падараш дар майдони зиёда аз 100 гектар хоҷагии деҳқонӣ дорад. Аммо аз чӣ бошад, ки Ҷ. Равшанова ба замини мо «чашм ало кардааст».
Мутаассифона, масъулини Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) аз 27 декабри соли 2002 таҳти №489 ва Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, дараҷаи А №0034109, такя карда, ба Ҷумагул Равшанова Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос доданд. Ҳол он ки замин саҳми хоҷагии деҳқонии «Алимхон» — и Ҷамоати шаҳраки Гулистон мебошад. Масъулон барои чунин кирдори ғайриқонунӣ назди қонуну виҷдон чӣ ҷавоб мегуфта бошанд?
Бибирайҳон НАМОЗОВА, сокини деҳаи Кайҳони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ