Баъди аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (29.07.2018) дар ноҳияи Данғара содир шудани амалиёти террористӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ интишори мақолаҳои муғризонаи таҳлилгарон, коршиносон ва журналистони рус оид ба он шурӯъ шуд. Аксари муаллифони мақолаҳои ҳангомаҷӯёна, ки дар олами буҳтону дурӯғ ва зӯроварии иттилоотӣ худро реклама мекунанд, аъзои ТТЭ ҲНИ-ро пуштибонӣ намуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки ҷинояти содиршударо дар муддати кӯтоҳ ошкор намуданд, дар бесалоҳиятӣ айбдор мекунанд.
Вале далелҳо гувоҳи раднопазиранд ва онҳо яқинан ба сӯйи муқобил шаҳодат медиҳанд. Ҳақиқат ин аст, ки роҳбари гурӯҳи ҷинояткор, иҷрокунандаи асосии ҳамлаи террористӣ дар ноҳияи Данғара Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович ҳангоми дар шаҳри Одинтсовои вилояти Москваи Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан, соли 2013 аз ҷониби ҳамшаҳраш, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович бо лақаби «Қорӣ Носир» ба сафи ин ташкилоти террористӣ ҷалб карда шуд. Бародари Ҳ. Абдусамадов — Бахтиёр бо лақаби «Мулло Умар» узви ТБТ «Ҳаракати исломии Туркистон» буда, барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ 24 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Зимни бозпурсӣ Ҳ. Абдусамадов тасдиқ намуд, ки аз соли 2014 то соли 2015 омодагии идеологӣ ва ҳарбӣ-тахрибкориро дар шаҳри Қум ва урдугоҳи тамринии шаҳри Омули остони Мозандарони Эрон гирифтааст. Пас аз бозгашт, моҳи сентябри соли 2015, дар ҳайати гурӯҳи мусаллаҳонаи ТТЭ ҲНИ бо нияти кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар амалиёти ҷангӣ ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ иштирок намуда, баъдан афв шудааст. Бо нияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтан, 1 ноябри соли 2015 аз Беларус, ки он ҷо аз тариқи роҳҳои даврӣ омадааст, тавассути ҳавопаймо ба Озарбойҷон парвоз кард. Аз он ҷо 9 ноябри худи ҳамон сол ба Эрон парвоз намуд, ки инро қайдҳояш дар хатсайрҳо собит месозанд. Чопи хатсайрҳои ӯро тавассути Интернет бидуни ҳеҷ мамониат дастрас кардан мумкин аст ва метавон чунин суоли табииро ба миён гузошт: чаро баъди кӯшиши бенатиҷаи табаддулоти давлатӣ Ҳ. Абдусамадов ба хотири пинҳон шудан ба Россия, Америка, Аврупо, Африқо ва ё ҳамчун узви ДИИШ ба Афғонистон, ки он ҷо ҳоло ҳазорҳо аъзои ДИИШ қарор доранд, фирор накарда, маҳз ба Эрон рафт? Агар Ҳ. Абдусамадов узви ДИИШ мебуд, чаро хадамоти махсуси зираки Эрон, ки бо ин ташкилот дар ҳоли муқовимати шадид қарор доранд, ӯро дастгир накарданду иҷозат доданд, ки бемамониат сарҳадро борҳо убур карда, дар Эрон озодона ҳаракат намояд? Бо истифода аз пойгоҳи маълумоти байналмилалӣ оид ба террористон хадамоти махсуси ҶИЭ медонистанд, ки Ҳ. Абдусамадов дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале хомӯширо ихтиёр карданд. Онҳоро лоақал, далеле ки аъзои ТТЭ ҲНИ Ҳ. Абдусамадов ва Н. А. Убайдов дар шаҳрҳои Одинтсово ва Подолски назди Москва ҳамчун террористон ҷамъ гардида, ба корҳои ҷалбкунӣ машғул мешуданд ва беҷазо мондаанд, бояд ҳушдор медод.
Фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар Данғара содир карда шуд, Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович (соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Фархор) мебошад, ки аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ буда, аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Соли 2015 ба рӯйхати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Ҷинояткор ба падараш Убайдов Саидаҳтам (соли таваллудаш 1930), узви фаъоли ТТЭ ҲНИ, пайравӣ кардааст. Падараш дар деҳаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоҳ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангида, дар куштори чанд нафар аҳолии осоишта ва дар ҳамлаи террористӣ ба намояндагони зиёии кишвар даст дорад, инчунин дуздиву ғоратгарӣ низ кардааст. Писари ӯ, Убайдов Носирхуҷа дар мактаби динии узви ТТЭ ҲНИ М. А. Мирзоев, дар ноҳияи Ҳисор таҳсил кардааст. Ҳамчунин бо падараш, солҳои 90-ум, замоне ки ҳанӯз аз ДИИШ ҳарфе ҳам набуд, ӯ ба сафи ТТЭ ҲНИ дохил шуд ва баъдан ба гирифтани қассоси падараш шурӯъ кард. Н. Убайдов бо роҳбари қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Амриддин Табаров робитаи зич дошт. Аз соли 2002 то 2006 Н. А. Убайдов дар Эрон зиндагӣ карда, дар муассисаҳои динии шаҳрҳои Зоҳидон ва Хош таҳсил намудааст. Ҳангоми дар Эрон будан фаъолона ба ҷалби ҷавонон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буд. Солҳои 2011-2015, вақте ки дар шаҳрҳои назди Москва (Одинтсово ва Подолск) қарор дошт, ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёнро ба сафи ТТЭ ҲНИ идома дод. Нисбат ба ӯ мутобиқи қ. 2-и м.187 (Иштирок дар ҷамъияти ҷиноятӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда шудааст. Дар амалиёти ҳарбии кишварҳои Шарқи Наздик бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ ширкат варзидааст. Ду ҳамсар дорад, ки яке аз онҳо М. Т. Шарифова соли 2004 дар мадрасаи «Мадинат ул-Явм» таҳсил кардааст. Ҳоло дар Ироқ дар маҳбас қарор дорад. Фаъолияти гурӯҳи ҷинояткори Ҳ. Абдусамадовро, ки амали террористӣ содир намуд, Н. А. Убайдов тавассути барномаи «WhatsApp», на аз ҷойии дигар, балки аз шаҳри Хоши Эрон роҳбарӣ мекард.
Аъзои дигари гурӯҳи ҷинояткор А. Ё. Маҷидов ва З. Д. Сафаров аз моҳи феврал то июни соли 2018 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд. 17 ва 20 июли соли ҷорӣ онҳо ба номи узви ТТЭ ҲНИ Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич, истиқоматкунандаи шаҳри Норак, 20 000 рубли русӣ равон карданд, ки ӯ онҳоро барои омодагӣ ба содир намудани амали террористӣ нисбат ба сайёҳони велосипедрони хориҷӣ истифода намуд. Ҳоло К. И Ғаниев таҳти тафтишот қарор дорад.
Далелҳои интиқоли маблағҳо мувофиқи аснод собит шудаанд. Ин аст расиди бонк оид ба интиқоли маблағ бо забони русӣ:
Коршиносони рус мебоист бидонанд, ки ДИИШ, ки талош доранд ҳамлаи террористӣ бар зидди сайёҳони велосипедрони хориҷӣ дар Данғараро бо он алоқаманд созанд, ҳамчун қувваи ба таври фаъол амалкунанда аллакай вуҷуд надорад, аз ҷумла бо шарофати амалҳои низомиёни Федератсияи Россия. Аз ДИИШ гурӯҳакҳои ночизе боқӣ мондаанд, ки дар Шарқи Наздику Миёна парешон гардидаанд. Он паёмҳои видеоие, ки аз ном ва зери парчами ДИИШ бо мақсади таблиғот ва тарсонидан интишор мешуданд, аз қабили навори аз ҷониби гурӯҳи Ҳ. Абдусамадов истифодашуда, дигар арзи вуҷуд надоранд. Ин ТТЭ ҲНИ аст, ки аз парчами бегона – парчами сиёҳи ДИИШ истифода бурда, зери он ҷиноятҳои худро пинҳон месозад.
Ҳолатҳое мешаванд, ки як ташкилоти террористӣ (ДИИШ) масъулияти ҳамлаи террористии содирнамудаи узви ташкилоти террористии дигар (ТТЭ ҲНИ)- ро, ба хотири аз ҳастии худ дарак додан, нишон додани қувваи собиқа ва «васеъ намудани» миқёси ҷуғрофии нуфуз ба зимма мегирад. Вале, маълум аст, ки дар айни ҳол хадамоти махсуси Эрон бренди ДИИШ-ро ҳамчун асбоб ва пардаи пӯшиши ҳадафҳо истифода бурда, таҳти ин «чатр» изи фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳамлаи террористии мудҳиш содир намуд ва зери пуштибонии ғоявӣ, маънавӣ ва молии ҶИЭ қарор дорад, пинҳон месозанд.
Боиси нигаронист, ки ҳақиқати ҳол дар мавриди фоҷиаи рухдода дар Тоҷикистон аз ҷониби бо ном «коршиносони мустақил», қасдан таҳриф мешавад. Вале, маълум аст, ки ин мустақилият танҳо аз дурии онҳо нисбат ба ҳақиқат, воқеият, мантиқ ва афкори солим иборат буда, дар фазои ВАО тибқи қонунҳои манфиатҷӯйӣ ва муносибатҳои бозорӣ ба роҳ монда шудааст.
А. Дубнов (бо Кабирӣ муносибатҳои шахсӣ дошт), В. Панфилова (шавҳараш – О. Панфилов дар солҳои 90-уми асри XX ҲНИТ-ро фаъолона дастгирӣ мекард), А. Серенко (солноманавис ва хушомадгӯйи ТТЭ ҲНИ), ҳамчунин, А. Грозин, А. Князев ва дигар иштирокдорон бо эҳтимоли зиёд бо намояндагони ташкилоти террористӣ — экстремистии мазкур ҳамкории зич доранд. Онҳо дар мавзӯи Осиёи Марказӣ туфайлихӯр шуда, омодаанд дар бораи ҳар чизе, ки лозиму нолозим аст, нависанд, бе дарназардошти он ки як калимаи беҷо метавонад суитафоҳумро дар тӯдаи худашон барангезад.
Санҷиш ва таҳқиқи ҳар суоле аз ҷониби мутахассис (коршинос) донишҳои махсусеро дар соҳаҳои муайян тақозо мекунад. Мутаассифона, муаллифони номбаршудаи ВАО аз ин чиз бехабаранд. Фавти мудҳиши сокинони осоишта барои онҳо ҷиҳати бори дигар хидмат кардан ба хоҷагон – фармоишгарон баҳонаи иттилоотии муносиб гардид. Аз ҳама хатарнок ва зиёновар ин аст, ки онҳо худро ба унвони рӯзноманигорони рус муаррифӣ намуда, дур аз инсоф (ноҳақона) ба худ мақоми коршиносон-таҳлилгаронро додаанд. Баъди гирифтани фармоиши иттилоотӣ, бо ҷӯшу хурӯш нуқтаи назари худро ҳамчун ҳақиқати ягона пешниҳод мекунанд. Бо дастрас будани Интернет ва маълумоти расмии интишоршудаи тафтишот, маълумоти ВКД аз рӯи ҳодисаи ин ҷиноят, ягон нафаре аз ин «коршиносон» фурсат пайдо накардааст, ки оид ба қазияи рухдода дуруст фикр ва далелҳоро муқоиса намояд, ба иттифоқҳо диққат диҳад, иттилоотро баррасӣ кунад ва «мағзҳои таҳлилӣ»-ро густариш диҳад.
Ин чӣ аст? Корношоямии касбӣ, ғайриҳирфаӣ ё қасдан таҳриф кардан, амалҳои муғризона? Танҳо коршиносони ҳақиқӣ аз маълумоти камтарин метавонанд хулосаҳои саҳеҳ бароранд, на коршиносони сохта. Ҳол он ки имрӯз дар нашриёти озод далелҳои зиёде мавҷуданд, ки дар бораи ҳамлаи террористӣ ва иҷрокунандагони онҳо гувоҳӣ медиҳанд.
Пас, барои чӣ муаллифони номбурда, ки ҳеҷ робитаи мустақиме бо Тоҷикистон надоранд, ба сохти дунявии иҷтимоӣ муносибати манфӣ зоҳир намуда, исломгароёни ифротӣ, ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ-ро беғаразона ҳимоя мекунанд? Бо кадом мақсад ҷониби Кабириро мегиранд, ки аз лиҳози тафаккур, ақоид ва дину мазҳаб ба онҳо бегона аст? Таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба террористони ТТЭ ҲНИ дар чист? Чаро ҳимояи манфиатҳои ҷинояткороне, ки амалҳои хушунатбори ғайриинсониро анҷом додаанд, барои онҳо болотар аз ҳақиқат, амният ва субот аст? Чаро онҳо экстремистонро, ки ба ҳар роҳе бошад, мехоҳанд ҳокимиятро ба даст оварда, давлати шариатӣ барпо намоянд, ҳамраъйӣ мекунанд?
Охир, маҳз аъзои ТТЭ ҲНИ нисбат ба намояндагони дигар миллату мазҳаб ва хориҷиён ҳисси бетаҳаммулӣ, кина ва бадбинӣ нишон медоданду медиҳанд. Онҳо буданд, ки иғвои хурӯҷи дастаҷамъонаи русҳо ва намояндагони дигар халқиятҳоро аз Тоҷикистон барангехтанд. Ин ҳизб аз ибтидои ҳастии худ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ буд. Ҳадафи террор – ин бо роҳи зӯроварӣ ноил шудан ба мақсадҳои худ, тезутунд кардани фазо ва носубот сохтани вазъ бо роҳи хушунату тарсонидан мебошад. Дар куштори мақсадноки даҳҳо шаҳрванди Россия, аз ҷумла, хизматчиёни ҳарбӣ, журналистон ва аҳолии осоишта, маҳз аъзои ТТЭ ҲНИ даст доштанд. Мардуму миллатҳои гуногуне, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекарданд, қурбонии онҳо гардиданд.
13 июли соли 1993 силоҳбадастони ТТЭ ҲНИ ба постгоҳи марзии 12-и дастаи сарҳадии Москваи Гурӯҳи қӯшунҳои сарҳадии Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷум карда, 25 сарҳадбонро ба ҳалокат расониданд. Аз соли 1994 то 1998 даст доштани аъзои ҳизби исломӣ-ваҳҳобӣ дар шаш ҳодисаи куштори хизматчиёни ҳарбии Россия дар шаҳрҳои Душанбе, Чкалов ва Қӯрғонтеппа собит шудааст. Ба ғайр аз ин, 53 хизматчии ҳарбии Қазоқистон, ки қарзи хизматиро дар Тоҷикистон адо мекарданд, қурбони амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ гардиданд. Ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ журналисти рус Виктор Никулинро дар ҷойи корӣ ваҳшиёна ба қатл расониданд. Аз дасти онҳо беҳтарин фарзандони Тоҷикистон ходимони ҷамъиятӣ ва зиёиён, ба мисли И. Исҳоқӣ, М. Ғуломов, М. Осимӣ, М. Назаршоев, Н. Ҳувайдуллоев ва ғайра ба ҳалокат расиданд. Фармоишгари ин ҷиноятҳои мудҳиш хадамоти ҷосусии Эрон буд. Агар коршиносони Россия таърихи динро меомӯхтанд ва медонистанд, ки тоҷикон дар маҷмӯъ суннианду эрониҳо шиа, барои онҳо маълум мегардид, ки чӣ гуна фармоишгари ҷиноятҳо – хадамоти ҷосусии ҶИЭ ба осонӣ ба ТТЭ ҲНИ қатли ҳаммазҳабонашонро супориш дода буд. Ҳамаи қурбониён аз ҷониби тоҷиконе аз байн бурда шудаанд, ки омодагии махсусро дар қаламрави Эрон гирифтаанд. Айнан мисли имрӯз, баъди ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ, дар солҳои 90-ум роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, сарпарастон ва пуштибонони хориҷии онҳо ба таври оммавӣ андуҳу тасаллияти мунофиқонаи худро ба хешовандони қурбониёни ҳамлаҳои террористии худашон ташкилнамуда изҳор мекарданд.
Ба ҷомеаи қаламбадасте, ки зери ҳиҷоби «коршиносони Осиёи Марказӣ» амал мекунанд, бояд чатри маъмулии ҳазорҳо бор истифодашудаи хадамоти ҷосусии ҷаҳон, найрангҳои онҳо, кӯшиши зери парчами бегона амал кардан ошно бошад. Парчами ДИИШ низ чун шиносномаҳои қалбакии кишварҳои дигар, ки дар чопхонаҳои КСИР, Вазорати иттилооти Эрон чоп мекунанд ва дар бештари кишварҳои Шарқи Наздик ва Афғонистон паҳн гаштааст, аз ҷумлаи ин ҳунарҳои маъмулии ҳамарӯзаи охундҳоеанд, ки имрӯз ғосибони ҳукумати интеллектуалии мардуми Эрон мебошанд.
Аъзои ҷавони ТТЭ ҲНИ, ки ба шасти ҳамқавми сиёсии Эрон гирифтор шуда, омодагии тахрибкоронаро дар урдугоҳҳои Эрон гирифтаанд, анъанаҳои харобкоронаи гузаштагони худро идома медиҳанд.
Бинобар ин, ҳамлаи террористии нави ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон, ки бо дастури хадамоти махсуси Эрон содир шудааст, гувоҳи он аст, ки онҳо саъй доранд, таърихи хунини солҳои 1990-умро такрор кунанд. Аз ин рӯ, ҷиҳати гирифтани пеши роҳи онҳо бояд ҷомеа сарҷамъу муттаҳид бошад, то ин ки тавонад густариши имконпазири таҷовузҳои террористиро сари вақт пешгирӣ намояд.
Шояд далелҳои оварда дар ин мақола барои коршиносони рус ҳамчун маълумот барои андеша ва сабаб барои аз нав баррасӣ намудани ақидаҳои нодурусташон гардад.
Бахтиёр Раҳимов, корманди илмии шуъбаи ҷомеашиносии АИ ҶТ