Солҳои охир масоили вобаста ба об дар воситаҳои ахбори умум аз ҳарвақта бештар инъикос мешавад. Зеро бо афзоиши аҳолии ҷаҳон талабот ба ин неъмати бебаҳо зиёдтар мегардад. Аз тарафи дигар хушксолию биёбоншавӣ, селу обхезиҳо, мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бинобар ифлосшавии об ва дигар проблемаҳо, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Мувофиқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра бо чунин суръати афзоиш то соли 2050 ба зиёда аз 9 миллиард нафар хоҳад расид. Бинобар тағйирёбии иқлим то он давра бештар аз нисфи аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии оби тоза рӯ ба рӯ мегарданд. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо дарки амиқи масъала чунин иброз доштанд: «Тағйирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор буда, кӯшишҳои моро барои ноил гардидан ба рушди устувор заиф месозад. Дар давоми якчанд даҳсолаи охири асри ХХ мо дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30 фоизи пиряхҳоро аз даст додем ва ин раванд босуръат идома дорад. Танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шуда, масоҳати он то 11 километри мураббаъ кам гардид ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод.
Тайи солҳои охир таҳти таъсири тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии марбут ба об мушоҳида мегардад, ки зарари моддиву маънавии зиёд ба бор меоранд. Офатҳои табиӣ, инчунин, кӯшишҳои моро барои расидан ба ҳадафҳои Рушди устувор заиф сохта, боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти бештар дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ мегарданд».
Ҳар сол иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз селу обхезӣ, ярчфуроӣ, шӯршавии заминҳо, эрозия, биёбоншавӣ ва дигар офатҳои вобаста ба об хисороти зиёд мебинад. Чунончӣ, офатҳои табиӣ соли 2015 ба иқтисодиёти мамлакат 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд.
- Мушоҳидаи солҳои охир нишон дод, ки баланд шудани ҳарорат ва дигаргун шудани иқлим яке аз сабабҳои костани пиряхҳои Помиру Олой ва қаторкӯҳҳои Туркистону Зарафшон гардид, — мегӯяд доктори илмҳои географӣ Холназар Муҳаббатов.
Мувофиқи ҳисоби коршиносон, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим зиёдшавии ҳарорати миёнаи солона дар Тоҷикистон то соли 2050-ум 1,8-2,9 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Дар давраи гармо бошад, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат то 4,9 дараҷа баланд хоҳад гашт.
Ба гуфти сарвари ташкилоти экологии «Замини хурдакак» Темур Идрисов, дар давраи аввал обшавии пиряхҳо ба зиёдшавии ҷараёни дарёҳои алоҳида мусоидат намуда, ҷараёни дигар дарёҳои камобро то андозае зиёд мекунад, вале дар охир сатҳи оби дарёҳо ба ҳадди фалокатовар паст мегардад. Ҳавои аз меъёр зиёд гарм ва камобӣ ба биёбоншавӣ расонида, боиси талафёбии ҳосил мешавад.
Аз рӯи маълумоти Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист (ЮНЕП), аз соли 1900 то ин вақт дар сайёра 70 фоизи манбаъҳои дохилии оби тоза ба монанди кӯлу дарё ва ҷӯю чашмаҳо аз байн рафтаанд. Ин ба зиндагии одамон ва олами набототу ҳайвоноти гирду атрофи манбаъҳои об таъсири манфӣ расонид.
Исрофкорию ифлоссозии об оқибатҳои нохуш дорад. Чунончӣ, дар натиҷаи нодуруст ба нақша гирифтани барномаи ҳифзи муҳити зист ва исрофкорию беэҳтиётӣ, ба баҳри Арал хавфи азбайнравӣ таҳдид мекунад. Дар нимаи аввали асри XX Ҳукумати шӯравӣ бо мақсади азхудкунии заминҳои асрҳо лабташнаи Осиёи Миёна ҷараёни оби дарёҳои Сиру Омӯро ба даштҳои сӯзон равон кард. Майдони заминҳои обёришаванда дар ҳавзаи баҳри Арал аз 3 миллион гектар то 8 миллион гектар афзуд. Аҳолии минтақа аз 7 миллион нафари соли 1940 ба 50 миллион нафар (соли 2000) расид. Имрӯз баҳри Арал 60 фоизи сатҳ ва 80 фоизи ҳаҷмашро аз даст додааст. Талафоти об боиси дар ҷануби баҳри Арал пайдо шудани намакзори паҳновар гардид. Боқимондаи заҳрхимикату намакҳои баҳри Аралро ҳатто дар хуни пингвинҳои Антарктида ёфтаанд. Ифлосшавии обу ҳаво ба минтақаҳои аз Арал ҳазорҳо мил дур, ба монанди пиряхҳои Гренландия ва Норвегия низ таъсири манфӣ мерасонад. Аз биёбони сернамаки Аралқум, ки 3 миллион гектарро дар бар мегирад, соле қариб 75 миллион тонна ғубори намакину заҳролуд ба ҳаво бархеста, ба масофаи дур паҳн мешавад.
- Фоҷиаи Арал бояд барои насли башар ибратбахш бошад, — мегӯяд устоди ДМТ Ҷамолиддин Яъқубов. — Шахсоне, ки ба неъматҳои табиат беэҳтиётӣ мекунанд, гумон доранд, ки ҳадяи табиат беохир аст. Аммо таҷрибаи Арал нишон дод, ки беэътиноӣ ва исрофкорӣ ба об чӣ оқибати ногувор дошта метавонад.
Баҳри боздошти исрофи об чӣ бояд кард? Ба ақидаи олимон, танҳо аз ҳисоби беҳтару пуртаъсир сохтани ташкили идораи об бо роҳи татбиқи дастҷамъонаи қонунҳои қабулгардида, бе ҷалби маблағгузории калон кам намудани масрафи об имкон дорад. Бо ин роҳ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давоми 5 -7 сол 5-20 фоизи об сарфа мешавад, ки ин тахминан 10-11 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад.
- Обёрии шабона, ба роҳ мондани усули обёрии қатрагӣ, сари вақт тоза кардани ҷӯю канал ва кандани заҳбурҳо талафшавии обро пешгирӣ мекунанд, — мегӯяд номзади илмҳои кишоварзӣ Шамсиддин Солиев. — Зироат ва навъҳои кам обёрӣ талабмекардаро киштан низ боиси пешгирии исрофи об мегардад. Илман исбот шудааст, ки дар мавзеъҳои дорои масоҳати калони арчазор боришот нисбат ба дигар мавзеъҳо 9-30 фоиз бештар аст. Аз ин рӯ, сол то сол зиёд намудани масоҳати арчазор миқдори боришро зиёдтар карда, пеши роҳи шусташавии хок, омадани сел ва лойолуд гаштани оби дарёҳоро мегирад.
Солҳои навадуми асри гузашта аз сабаби камчинии техника ва набудани маблағ дар як қатор ноҳияҳои водии Вахш оби зеризаминӣ боло рафта, боиси шӯразании заминҳо шуд. Хушбахтона, бо зиёд шудани маблағгузорӣ ва истифодаи техникаҳои муқтадир заҳбурҳо тоза ва дар бисёр мавзеъҳо замин дубора киштбоб гардид.
Яке аз роҳҳои таъсирбахши пешгирии ифлосу исрофшавии об баланд гардонидани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Зарур аст, ки шурӯъ аз хона то боғчаи кӯдакону мактаб ва коллеҷу донишгоҳҳо муносибати эҳтиёткорона нисбат ба обу манбаъҳои обро тарғиб намоем. Имрӯз аз бефаросатӣ ва бемаърифатии иддае дар рӯду ҷӯйҳо зарфҳои пластикӣ, партови маишию хасрӯба, ҳатто уребча (памперс) -ҳои истифодашударо низ дидан мумкин аст. Инсон вақте ба дунё меояд, ӯро ба об шустушӯ мекунанд. Чун аз дунё рафт, ӯро шуста ба хок месупоранд. Гузаштагонамон туф кардан ба обро макрӯҳ (караҳ, кароҳият) мешумориданд. Чунончӣ, дар китоби «Маслак-ул-муттақин» («Роҳи парҳезкорон») таъкид шудааст:
Оби бинию фам манеҳ бар об,
Ки караҳ фармудаанд дар ин боб.
Тавассути барномаҳои телевизиону радио дар хусуси пок нигоҳ доштани манбаъҳои об барномаю видеофилмҳои ҷолиб таҳия бояд кард. Бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо бояд ба сокинони мамлакат сарфаю сариштакорона истифода бурдани об ва тоза нигоҳ доштани онро талқин намоем. Вагарна бо мурури чанд соли дигар дарёфти оби тозаю безарар мушкил мешавад.
Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»