Дар ҷаҳон миллатҳои зиёде мавҷуданд, ки бо вуҷуди миллионҳо нафарро ташкил додан давлат надоранд. Мутаассифона, ба чунин гурӯҳи миллатҳо халқи азияткашидаи курд дохил мешавад, ки бо тоҷикон ҳамнажоданд. Имрӯз минтақаҳои курднишин миёни давлатҳои Эрону Туркия ва Сурияву Ироқ тақсим шудаанд ва кӯшиши ин миллати азияткашида барои ташкили давлат ноком аст. Тоҷикони дунё, новобаста аз шаҳрванди кишвари мо будан ё набудан, аз мавҷудияти давлати мустақиле бо номи Тоҷикистон ифтихор доранду шукргузоранд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст».
Шароити пуртазоди замони ҷаҳонишавӣ барои давлатҳои миллӣ бехатар нест. Аз ин рӯ, дар тамоми дунё марказҳои зиёди омӯзишӣ фаъолият доранд, ки раванди ҷаҳонишавиро аз лиҳози илмӣ таҳлил мекунанд. Аз назари олимон раванди ҷаҳонишавӣ аслан ба давлат ва миллатҳои рӯ ба рушд хатар дошта метавонад. Дар чунин шароит мавҷудияти марказҳои илмии миллатшиносӣ барои кишвари мо то кадом андоза зарур аст?
Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, ки замоне шуъбаи миллатшиносиро дар Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис додаву роҳбарӣ кардааст, мегӯяд: — Пештар шахсиятҳое буданд, ки ба ин масъала диққат додаанд. Аз ҷумла, профессор А. Баҳовиддинов, К. Собиров, Д. Хушқадамов, Д. Балхов, В. Зайченко мутаносибан дар самтҳои миллати сотсиалистии тоҷик, наздикшавии миллатҳо, худшиносии миллат ва худшиносии миллӣ пажӯҳиш кардаанд. Аз ҳама бештар ба ин масъала академик Аловиддин Баҳовиддинов машғул шудааст. Ӯ нафаре мебошад, ки аввалин идеяҳои миллатшиносии тоҷикро пешниҳод, намуда, доир ба ин мавзӯъ китоб навиштааст.
- Пас аз хатми аспирантура дар шаҳри Москва ба Тоҷикистон омадам ва ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кардам. Ба Шӯрои вазирон мактуб навиштам ва дар асоси он ба Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон даҳ басти корӣ ҷудо намуданд. Дар ҷойи шуъбаи коммунизми илмӣ шуъбаи масоили фалсафии этнология ё милллатшиносӣ таъсис ёфт, ки дар тамоми Иттиҳоди Шӯравии собиқ аввалин иқдом буд. Дар шуъбаи мазкур, ки яке аз калонтарин марказҳои илмии Академияи илмҳо маҳсуб меёфт, 13-14 нафар ба корҳои илмиву тадқиқотӣ ҷалб гардида буданд. Мавзӯъҳое, ки барои таҳқиқ дар як панҷсола пешниҳод кардем, ба «Сотсиализм ва масъалаҳои миллӣ» тааллуқ доштанд. Барои мисол, соли аввал «Масъалаҳои назариявии миллат дар шароити сотсиализм»-ро кор кардем. Соли дуюм «Масоили миллӣ дар шароити сотсиализм» мавриди коркарди илмӣ қарор гирифт. Масъалае, ки соли сеюм баррасӣ шуд, «Зиддиятҳо дар масоили миллӣ» буд. Ҳамин тариқ, солҳои минбаъда таҳкими давлати миллӣ ва истиқлолиятро таҳлилу баррасӣ кардем. Соли 1995, вақте натиҷаи кори панҷсолаамонро ҷамъбаст намудем, яке аз ҳамкоронам дар Шӯрои олимон ба таври шӯхӣ гуфт, ки ҳамаи ҳодисаҳо аз рӯйи нақшаи шумо ҷараён гирифтааст, — афзуд номбурда.
Бино ба гуфти ӯ, барои давлат доштани идея ё ғояи миллӣ ниҳоят муҳим аст. Маҳз набудани ғояи миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид.
- Мо замони даргириҳои дохилӣ дар фикре будем, ки чӣ гуна идеяи миллиро ғолиб намоем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ғояи миллӣ эълон карданд ва хушбахтона, ҳамватанон дар атрофи ин ғоя муттаҳид шуданд, — изҳор дошт Сайфулло Сафаров.
Ҳамсуҳбатам доир ба тақдири минбаъдаи шуъбаи миллатшиносӣ гуфт, ки пас аз ба кори дигар гузаштани ӯ номи шуъбаро тағйир доданд.
- Маркази миллатшиносӣ дар шакли маҷозӣ вуҷуд дорад, зеро мо корро дар ин самт қатъ накардем. Сарфи назар аз ин, бояд дар Академияи илмҳои Тоҷикистон шуъбаи миллатшиносиро таъсис дод. Масоили назариявии миллатшиносии тоҷикро дар китоби «Муқаддима ба назарияи миллатшиносӣ», ки соли 2012 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонд, тарҳрезӣ кардаем,-зикр кард Сайфулло Сафаров. Вай аз он нигарон аст, ки дар сурати коркард ва пешниҳод нашудани масъалаҳои миллӣ, идеяҳои динии экстремистӣ дар ҷомеа ғолиб мешаванд.
Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ низ таъсиси чунин марказро аз аҳамият холӣ намедонад. Бино ба гуфти ӯ, дар тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, Афғонистону Чину Покистон, тоҷикони бумӣ зиндагӣ мекунанд ва омӯзиши ин раванд муфид хоҳад буд. Номбурда ваъда дод, ки масъалаи таъсиси чунин шуъбаро дар маҷлиси раёсати академия ба муҳокима гузошта, назари олимонро оид ба он ба инобат хоҳад гирифт. Сайфулло Сафаров ба ин назар аст, ки айни замон дар баробари омӯзиши таъриху фарҳанг бояд паҳлуҳои дигари зиндагии мардум низ мавриди таҳқиқ қарор дода шавад.
Дар маҷмӯъ, таъсиси марказ ё шуъбаи миллатшиносӣ талаботи замон аст ва умед дорем, ки масъулин дар ин самт иқдом мекунанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»