Чаро масъулон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд?

№48 (3842) 19.04.2018

Воқеан ҳам каманд масъулоне, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро пурра риоя кунанд. Ба чунин хулоса омадем баъди ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2017 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар идораи рӯзнома.

Ба далелҳо таваҷҷуҳ кунед: Соли 2017 дар рӯзномаи «Садои мардум» 81 матолиби проблемавӣ, таҳлилию танқидӣ, аз қабили «Оё дар Ҳисор ба замини наздиҳавлигӣ ниёз надоранд?» (Д. Мерганов, 26.01.2017, №8), «Чаро қарори раиси шаҳр амалӣ намешавад?» (А. Мирзозода, 25.02. 2017, №21), «Чуну чарои филмҳои туркӣ ва театрҳои тоҷик» (Ворис, 16.02.2017, №16), «Фаъолияти паркҳои технологӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?» (Ҷ. Сабоҳиддин, 1.06. 2017, №61), «Баҳси ҳаждаҳсолаи замин дар Ҳисор» (М. Зокир, 18.07.2017, №81), «Ба мо муроҷиат мекунанд» (Б. Каримзода, Ҷ. Сабоҳиддин, 11.07.2017, №82), «Гиёҳе, ки обро бе хароҷот софу безарар мегардонад» (С. Суннатӣ, 24.08.2017, № 101), «Чаро як идда соҳибкорону табибон ба рушди истеҳсол дар бахши доруворӣ ҳавасманд нестанд?» (Д. Мерганов, 12.10.2017, № 121), «Рӯҳро ба тозиву туркӣ чӣ кор?» (М. Рустамзода, 21.09.2017, №112), «Баҳси замин дар Бохтар» (Ш. Атобуллоев, 19.10.2017, №124), «Моҳипарварӣ рушд меёбад, агар…» (Н. Низомӣ, 28.11.2017, № 141) чоп шуд.

Дар се моҳи соли 2018 21 мақолаи танқидию таҳлилӣ ба нашр расид. Мақолаҳои «Оё бо «дуо»- ю «раҳнамоӣ» чавгонбозӣ рушд мекунад?» (Ёқуби Содиқ, 29.03.2018, №39), «На ҳар чизе, ки ҷило медиҳад, тиллост» (Н. Низомӣ, 31.03.2018, №40), «Муносибати дуюм­дараҷа ба фарҳанги имло натиҷаи нек нахоҳад овард» (Далер Мерганов, 31.03.2018, №49), «Ғанигардонии орди гандум, яъне чӣ?» (Н. Низомӣ, 25.01.2018, №10), «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» (Н. Низомӣ, 5.04.2018, №42), «Хестӣ, ки хобӣ» (М. Рустамзода, 9.01.2018, №4-5), «Офтобро бо доман пӯшида намешавад» (Ёқуби Содиқ, 9.01.2018, №4-5), «Зарфҳои пластикию халтаҳои селофанӣ ба муҳити зист хатар доранд» (С. Суннатӣ, 13.01.2018, №6), «Кӣ Ҷумъабойро аз замин маҳрум кардан мехоҳад?» (Сулаймон Султонов, 16.01.2018, №7) аз ҳамин қабиланд.

Дар ин давра 8 ҷавоб расид, ки дар рӯзнома чоп шуданд. Аз ин шумора чор ҷавоб ба мақолаи «Оё изофанависӣ корҷӯёнро соҳиби кор мекунад?», ки 7 декабри соли 2017 дар шумораи №145 нашр шуда буд, тааллуқ дорад. Дар робита ба саҳеҳ будану набудани ҷавобҳо дар мақолаи «Офтобро бо доман пӯшида намешавад» (Ёқуби Содиқ 9.01.2018 №4-5) маълумот пешниҳод гардидааст.

Аксари ҷавобҳо «маҷбурӣ» буданд. Бинобар ин, ба вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор нома навишта, талаб кардем, ки вобаста ба матлаби дарҷшуда ва ё масъалаи инъикосгардида назари хешро баён кунанд. Дар асл бояд масъулон мунтазири таъкиде набошанд ва тибқи фармони зикршуда аз матолиби дар воситаҳои ахбори омма нашргардида сари вақт огоҳ шаванду вокуниш нишон диҳанд. Масалан, аз ҷониби роҳбарону масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба матолиби танқидӣ, проблемавӣ ва таҳлилӣ сари вақт вокуниш нишон дода шуд.

Соли гузашта чанд дигаргуниро дар вокуниши шахсони мансабдор ба мақолаҳои танқидӣ мушоҳида кардем. Қисме аз роҳбарони аввали вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ «эб» намебинанд, ки дар вокуниш имзояшонро гузоранд ва ин масъулиятро бар дӯши раёсатҳо ва ё шуъбаҳо ҳавола мекунанд. Агар дар мақолаҳо маҳз фаъолияти нодуруст ё бефаъолиятии раёсатҳо , шуъбаҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танқид шуда бошад ва танқидшудаҳо ҷавоб нависанд, ҳақиқат рӯпӯш намешавад? Дар ин ҳолат шояд ҳатто аз назари роҳбарони аввал – вазир, раис ва ғайра камбуду норасоиҳо пинҳон монанд.

Масалан, ба мактуби сокини кӯчаи Меҳвари ноҳияи Ёвон Хайриддин Мансуров, ки таҳти унвони «Оё сохтакорӣ ҷиноят нест?» дар рӯзнома чоп шуд («СМ», №4 аз 14.01.2017) ва аз ноҳақии судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳло Ваҳобҷонова, тақаллубкории САҲШ ва Идораи давлатии нотариалии ноҳия шикоят мекард, судяи Суди шаҳри Душанбе М. Раҳмонзода вокуниш нишон додааст. Магар суд, САҲШ ва Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Сино роҳбар надоранд? Чаро онҳо ба даҳон об гирифтаанд? Ба ҳамин монанд, ба мақолаҳои хабарнигорон, аз ҷумла Муҳаммад Зокир – «Чаро як идда дарахтонро манбаи ҳезум медонанд?» («СМ»,№21 аз 25.03.2017) сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи (ҳоло шаҳри) Ҳисор Н. Маҳмадализода ва Ёқуби Содиқ – «Клуби фарҳангӣ ба ҳашаротхона табдил ёфтааст?» («СМ»,№107 аз 07.09.2017) мудири бахши бойгонӣ – матбуотии МИМҲД-и шаҳри Кӯлоб С. Ситамов ҷавоб фиристодаанд. Аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки масъалаҳои дар рӯзнома бардош­ташуда баъзан дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо баррасӣ намегарданд.

Мақсад аз навиштани мақола ва нишон додани камбудиҳо, пеш аз ҳама, ҷалб кардани таваҷҷуҳи роҳбарони аввал ба масъала аст, зеро танҳо баъди дахолати онҳо норасоиҳо бартараф мегарданд. Агар шуъбаю раёсатҳо аз уҳдаи вазифа мебаромаданд, ба норасоӣ роҳ намедоданд. Дар масъалаи вокуниш нишон додан ба мақолаҳои танқидӣ «таҷриба»-и Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳое, ки ёдовар шудем, даҳ баробар бештар аст. Ба мақолаҳои танқидӣ танҳо бахши иттилоотии ин мақоми олии муҳофизи қонунияту адолат «вокуниш» нишон медиҳад. Чунончӣ, ба муроҷиати хаттии сокини шаҳри Душанбе Норова Мавлуда Холовна, таҳти унвони «Оё судяҳо ҳам қонуншиканӣ мекунанд?» («СМ», №15 аз 28.09.2017), мақолаи танқидии «Баҳси ҳаждаҳсолаи замин дар Ҳисор» («СМ», №81 аз 08.07.2017) Бахши иттилоотии Суди Олӣ вокуниш нишон додааст. Ба назари мо, «шуъба» ё «бахш» шахс нест, аз ин хотир, аз чопи онҳо худдорӣ карда шуд. Тавре дар фармон омадааст, маҳз роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ба мақолаҳои танқидию таҳлилӣ вокуниш нишон диҳанд, на бахш ё шуъбаи онҳо. Агар масъулини муҳтарам фаромӯш карда бошанд, мо талаботи фармони мазкурро бори дигар барои онҳо ёдрас мекунем. Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», аз ҷумла омадааст: «Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд».

Бо дарназардошти дар аксар маврид ба муроҷиати шаҳрвандон бетафовутӣ зоҳир кардани масъулон соли гузашта мақолаи таҳлилии шуъбаи дахлдори идораи рӯзнома бо номи «Аз поён ба боло. Аз боло ба поён» («СМ», 19.10.2017, №124) ба нашр расида буд, ки дар он аз идора ба идора сарсону саргардон шудани корафтодагон сухан мерафт. Аз ҷумла, дар мақола омада буд, ки «…масъулони баъзе (бисёр ҳам гӯем, хато нест) идораю ташкилот ва мақомоти маҳаллӣ нисбат ба ҳалли мушкилоти мардум ва арзу доди шаҳрвандон бемасъулиятӣ ва бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Дар натиҷа, ашхоси корафтода рӯзҳо, ҳафтаҳо, баъзан солу моҳҳо роҳи ҳалли мушкилоташонро пайдо намекунанд ва ба идораҳои болотар муроҷиат менамоянд. Сипас, умеди охирини худро дар рӯзномаҳо мебинанд, зеро бовар доранд, ки сухани аз тарафи рӯзнома гуфташуда ба масъулон низ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, бо қалби пуралам ва ҷузвдони пур аз аризаву ҷавобҳо меоянд. Вале, маълум мегардад, ки ба баъзе масъулон на сухани рӯзнома таъсир мекунаду на ҳолати шахси корафтода…».

Инак, аз оғози соли 2018 беш аз се моҳ гузашт. Шаҳрвандони кишвар айни ҳол бо рӯҳбаландӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд. Сарвари давлат таъкид намуданд: «Дар айёме ки манфиатҷӯйиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии қуд­ратҳои ҷаҳонӣ торафт шиддат пайдо карда, дар натиҷа вазъи сайёра рӯз ба рӯз мураккабу буҳронӣ шуда истодааст, ҳамаи мо вазифадорем, ки барои ҳимояи истиқлолияту озодӣ, яъне неъмати бузургтарини зиндагиамон ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонунияту тартибот, омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва ободонии сарзамини аҷдодӣ тарбия кунем.».

Дар иҷрои ин вазифаҳои муҳим нақши матбуот низ бузург аст. Маҳз чунин рисолати муҳимро ба назар гирифта, бо мақсади баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа 7 феврали соли 2009, таҳти №622 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба имзо расида буд, ки ба фаъолияти кормандони воситаҳои ахбори омма такони ҷиддӣ бахшид. Аз ҷумла, ходимони рӯзномаи «Садои мардум» ­фаъолиятро ба инъикоси ҷараёни дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат равона карда, дар оянда низ ҳамкориро бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам менамоянд.

Дар навбати худ аз масъулону роҳбарони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки нисбат ба арзу шикояти мардум, масъалаҳои ҳалталабе, ки вобаста ба онҳо дар саҳифаҳои рӯзнома матолиб ба нашр мерасанд, бетафовут набошанд ва сари вақт вокуниш нишон диҳанд. Ҳама хизматгори мардумем ва бояд ин рисолатро содиқона ба ҷо орем.

Б. КАРИМЗОДА, Н. НИЗОМӢ,

Ҷ. САБОҲИДДИН,

хабарнигорони шуъбаи ахбор, номаҳо,

муносибатҳои байнипарлумонӣ

ва робита бо ҷомеа