Расо 98 сол пеш Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон таъсис ёфт, ки он нахустин ҷумҳурии демократӣ дар Шарқ ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳар сол ин санаро ҳамчун Рӯзи миллӣ ҷашн мегиранд. Вобаста ба ин бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов мусоҳиб шудем.
- Ҷаноби Сафир, мехостем дар оғоз перомуни таърихи таъсис ёфтани Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон каме маълумот диҳед.
- Баъд аз ҷанги дуюми Россияву Эрон соли 1828 Эрон шикаст хӯрд ва дар асоси қарордоди Туркманчой Озарбойҷон ду тақсим шуд. Як қисмати Озарбойҷон дар он тарафи рӯди Арас (Орос) дар ҳайати Эрон монд ва қисмати дигари онро Россияи подшоҳӣ гирифт. Моҳи октябри соли 1917 Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ба вуқӯъ пайваст. Сарвари инқилоб Владимир Илич Ленин эълон намуд, ки миллатҳои тобеи собиқ Россияи подшоҳӣ метавонанд давлати мустақили худро таъсис диҳанд. Ин пешниҳод барои мардуми Озарбойҷон имкони хубе шуд, ки соҳиби давлати миллӣ шаванд, аммо дар баробари ин ба муассисони давлати Озарбойҷон шарт гузоштанд, ки бояд барои арманҳо каме замин ҷудо кунанд, то ки онҳо низ давлат дошта бошанд.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳанд, ки озарбойҷониҳо нисбат ба халқҳои ҳамсоя аз қадимулайём соҳиби давлати мутамарказ буданд. Ҳамин тавр, 28 майи соли 1918 Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон (ҶДО) таъсис ёфт, ки он аввалин кишвари дунявии демократӣ дар Шарқи исломӣ гардид. Ҷумҳурии навтаъсис соҳиби парлумон шуд ва дар он намояндагони ҳама миллат, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва аҳзоби сиёсии кишвар шомил буданд.
Мутаассифона, ҷумҳурии ҷавон аз лаҳзаи эълони истиқлолият дар инзивои ҳарбӣ — сиёсӣ қарор гирифта, кишварҳои аврупоӣ ба воситаи намояндагони худ Сарвари ҳукумати ҶДО Фатҳалихонро ҳушдор доданд, ки агар шаҳри Эриван (Ереван) ва гирду атрофи онро ба арманҳо диҳад, ҷомеаи ҷаҳонӣ мустақилияти ҶДО-ро эътироф хоҳад кард. Дар чунин шароити душвор ҳукумати ҶДО маҷбур буд Эриванро ба Ҷумҳурии навташкилшудаи Арарат (Арманистони имрӯза) диҳад. Ҳамин тавр, Озарбойҷон 9000 километри мураббаъ ҳудуди худро аз даст дод.
- Аммо чаро ҶДО ҳамагӣ ду сол умр дид?
- Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон соҳиби вазоратҳои дифоъ, умури дохилӣ, амният ва ғайра буд. Тамоми кори лозимӣ, ки барои таъсиси як давлати мустақил зарур буд, анҷом дода буданд. Сарвари он Муҳаммадамин Расулзода ном дошт.
Баъди таъсиси ҷумҳурӣ баъзе доираҳо дар Россия аз мустақилият додан ба ҷумҳуриҳои миллӣ пушаймон шуданд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтанд, ки ҳудудҳои собиқ Россияи подшоҳиро дубора зери нуфузи Россияи сотсиалистӣ дароранд. Аз ин рӯ, шаби 26 ба 27 апрели соли 1920 артиши 72 ҳазорнафараи 11-уми Лашкари Сурх сарҳади ҶДО-ро шикаста, ба он ворид шуд. ҶДО он вақт артиши қавӣ надошт, аз ин рӯ, бо дарназардошти бартарияти низомии болшевикони истилогар маҷбур шуд, ки таслим шавад. Ҳамин тавр, шаҳри Бокуро артиши Россияи болшевикӣ ишғол намуда, дар Озарбойҷон ҳукумати шӯравӣ барқарор гардид.
Оғози раванди барқароршавии ҳукумати шӯравӣ дар ҷумҳуриҳо тақрибан як хел сурат мегирифт. Ҳар касе андаке молу сарват дошт, онро «кулак»-гӯён кашида мегирифтанду худашро чун «душмани халқ» ба Сибир ё Қазоқистон бадарға мекарданд. Аз тарафи дигар, равшанфикронро аз байн мебурданд, то мардумро бедор накунанд. Даврони шӯравӣ ҷиҳатҳои мусбат ҳам дошту манфӣ ҳам. Мусбаташ ин буд, ки мардум, новобаста аз вазъи иҷтимоиашон, бепул таҳсил мекарданд, кумаки ройгони тиббӣ мегирифтанд. Дигар ин ки барои рушди фарҳанг барои миллатҳо шароит фароҳам оварда шуд. Дуруст аст, ки сарватҳои табиии ҳар ҷумҳуриро низ мебурданд. Озарбойҷон илова бар ин дар давраи шӯравӣ як қисми ҳудуди худро аз даст дод, зеро бо мусоидати И.Сталин як қисми замини Озарбойҷонро ба Арманистон доданд. Солҳои 1926-1939 аз вилояти Нахчувони Озарбойҷон 50 ҳазор нафар озариро ба Сибир бадарға намуда, ба ҷои онҳо 5000 нафар арманиро маскун намуданд, то ки оянда ин вилоятро низ ба Арманистон ҳамроҳ кунанд. Танҳо оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон Сталинро аз ин тасмимаш боздошт.
- Имрӯз вазъи сиёсию иқтисодии Озарбойҷон чӣ гуна аст?
- Озарбойҷон миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дорои суръати баланди рушд мебошад. Заминаи ин пешрафтро Пешвои умумимиллии Озарбойҷон шодравон Ҳайдар Алиев гузошта буд. Ӯ солҳои 1969 — 1982 Озарбойҷонро аз як ҷумҳурии ақибмондаи аграрӣ ба ҷумҳурии аз лиҳози саноат пешрафтаи шӯравӣ табдил дод. Дар шаҳри Боку ду ноҳия ва чор маҳаллаи нав бунёд ёфта, он ба яке аз пойтахтҳои зебову сарсабзи шӯравӣ табдил гардид. Соле аз 800 то 1200 ҷавони озарбойҷониро ба макотиби олии шаҳрҳои Москваю Ленинград (Санкт –Петербург), Киев, Минск, Одесса ва ғайра фиристод, то ихтисосҳои барои рушди иқтисодиёти Озарбойҷон заруриро биёмӯзанд.
Дар даврони дуюми роҳбариаш Ҳайдар Алиев ҷанги дохилиро дар Озарбойҷон пешгирӣ намуда, миёни Озарбойҷону Арманистон созишномаи оташбас имзо кард. Ин давра дар Озарбойҷон 3000 мактаб ва 500 бемористон сохта шуд. Сатҳи зиндагии мардум боло рафт. Имрӯз Озарбойҷон ба як маркази гуфтугӯи тамаддунҳо ва баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст. Танҳо дар охирин Форуми байналмилалии гуманитарӣ, ки дар шаҳри Боку доир гардид, дар қатори сиёсатмадорону мутафаккирони шинохта, 13 нафар дорандаи ҷоизаи Нобел ширкат варзиданд. Имрӯз 80 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаи Қафқоз ба Озарбойҷон рост меояд.
Озарбойҷон мавқеи хуби географӣ дошта, миёни қитъаҳои Аврупою Осиё ҷой гирифтааст. Аз ин рӯ, метавонад кишвари қулаи транзитӣ аз Аврупо ба бандарҳои обашон гарм бошад. Чунончӣ, аз шаҳри Бандари Аббоси Эрон дар муддати кӯтоҳ тавассути шимоли ин кишвар молу маҳсулоти гуногунро ба Озарбойҷон ва баъдан ба Россияву дигар кишварҳои аврупоӣ метавон интиқол дод.
-Робитаҳои Тоҷикистону Озарбойҷон имрӯз дар кадом сатҳ қарор доранд?
- Ҳафтаи равон ман бо Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон мулоқот дорам. Мо дар байни парлумони кишварҳоямон робитаи доимӣ дорем. Дар парлумони ҳар ду мамлакат гурӯҳи дӯстӣ фаъолият мекунад. Чанде пеш ду нафар вакили мардумии Озарбойҷон ва ду нафар аъзои Комиссияи интихоботии Озарбойҷон ба ҳайси нозир дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳадди ақал соле як бор гурӯҳҳои парлумонӣ ба кишварҳои ҳамдигар ташриф меоранд.
Имсол қарор аст, ки сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Озарбойҷон сурат гирад. Ҳоло дар ин бобат кор бурда истодаем то санаи аниқи сафар мушаххас шавад.
Соли равон дар шаҳри Боку бо ташаббуси СММ Форуми VII эътилофи тамаддунҳо баргузор мешавад. Дар он собиқ президентҳо, раисони парлумон, собиқ сарвазирони кишварҳои гуногун иштирок меварзанд. Шукурҷон Зуҳуров низ ба ин чорабинӣ даъватианд.
Равобит миёни президентҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар сатҳи олист. Мо дар байни кишварҳои ҳамдигар ягон мушкили сиёсӣ надорем. Соли 2008, ки зимистон дар Тоҷикистон хеле қаҳратун омад, аз Озарбойҷон ба маблағи 1 миллион доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуд. Соли гузашта низ аз Озарбойҷон ба зарардидагони зилзила дар ВМКБ хӯрокворӣ, хайма ва дигар ашёи зарурии рӯзмарра ба маблағи 800 000 манат фиристоданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Озарбойҷон дар дӯстӣ содиқ аст.
Ҳоло барои рушди робитаҳои дуҷониба ду мушкилӣ мавҷуд аст. Яке, набудани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Боку, дигаре набудани роҳи наздики заминӣ. Аз Озарбойҷон барои корхонаи «ТАЛКО» гилхок, кокс ва маводи химиявӣ ворид мешавад. Зимни бо қатора овардани маҳсулот баъзе мушкилиҳо пеш меоянд.
Мо ҳоло бо ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар бобати ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе –Боку –Сочӣ гутфтушунид дорем. Агар ин нақша амалӣ шавад, дар китоби ҳамкориҳои дуҷониба саҳифаи наве боз хоҳад шуд. Заминаҳо барои рушди робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ, илмӣ ва туризм миёни ду кишвари дӯсту бародар зиёданд.
Худованд ба Тоҷикистон обу ҳавои гуворо, манзараҳои дилкаш, меваю сабзавоти лазиз, мардуми меҳнатдӯст ато кардааст. Илова бар ин, тоҷикон роҳбари хирадманду раиятпарвар ва дурандеш дорад. Иншооллоҳ Тоҷикистонро ояндаи аз ин ҳам шукуфону равшан интизор аст.
Мусоҳиб С. Суннатӣ, «Садои мардум»