Дидгоҳ

Чаро пайкарасозӣ ҷавобгӯи талабот нест?

№7 (4269) 19.01.2021

хайкалтарошиАгар ҳам мегӯему мегӯянд, ки ҳайкалҳои мо ҷавобгӯи сатҳу талаботи ҷаҳонӣ нестанд, хато нахоҳем кард. Не, балки одитарин меъёрҳои муқарраргардида дар бунёд­ашон ва маконашон риоя нашудаанд. Мусаллам аст, ки дар бунёду кашидани тарҳашон маблағи зиёд харҷ гардидаанд. Дидани аксари онҳо мутахассисони асили ҷаҳон ва низ кишварро андуҳгин месозанд. Ин дар суратест, ки мо ифтихор аз миллати куҳанбунёду мутамаддин мекунем. Оре, онҳо чун як асари асили ­санъат наметавонанд дар боло бурдани завқи зебоишиносӣ мусоидат намоянд ва бинандаро ба андешидан водор созанд. Ин ҳайкалҳо, маҷмааҳо, нимпайкараҳо, баъди садҳо сол, агар боқӣ монанд, ба ҳеҷ сурат ёдгории фарҳангӣ нахоҳанд шуд. Аммо метавонанд ин ҳақиқат­ро ба ояндагон бозгӯ бикунанд, ки мо дар бораи ҳайкалу ҳайкалсозӣ тасаввуроти кофӣ, ҳатто одиро, надош­таем.

 Мутахассисони соҳа, намедонем, бо чӣ сабаб хомӯширо ихтиёр кардаанду ҳақиқат­ро барои ислоҳи хатоҳову камбудиҳо ошкор намесозанд. Ё шояд аз ранҷиши ҳамкасбону ҳампешагон меандешанд? Агар чунин аст, чаро ранҷиши ҷаҳониён ва ояндагонро ба ранҷиши ин гурӯҳ тарҷеҳ намедиҳанд? Охир на вазифаи мост, ки миллатро беҳтару бештар дар арсаи олам муаррифӣ бикунем? Бо ин гуна бетарафӣ ва мавқеъгирӣ ин санъат дар кишвар ҳеҷ гоҳ рушд нахоҳад кард. Албатта, барои бунёди  баъзе аз ҳайкалу маҷмааҳо пештар озмунҳо таъсис доданд ва ғолибон ҳам бо тарҳу лоиҳаҳо муайян шуданд. Пазириши ин тарҳу лоиҳаҳо касро ба андеша вомедорад, ки ҳақиқатро ё қасдан ва ё надониста пинҳон доштаанд. Инчунин, мутахассисону баҳодиҳандагон ба асли санъати ҳайкалсозиву бунёди маҷмааҳо, ончунон ки бояд, огоҳ набуданд. Ислоҳи хатоҳо, агар ҳам дер бошад, гарон, бас гарон меафтад. Дидему шоҳид шудем, ки дар як муддати бисёр кӯтоҳи таърихӣ ҳайкалҳову маҷмааҳову пайкараҳоро кандем ва танҳо бархе аз онҳоро ба ҷойи дигар кӯчонидем. Бар сари ин масъала, ки чӣ кор кардему хоҳем кард, оё андешидаем ва ё меандешем? Дар ҳеҷ кишвари пешрафтаву мутамаддини дунё ин амал рух надодаву намедиҳад. Мутахассисони асил садди роҳи ин гуна амалҳои номатлубу нангин мешаванд, чунки аз обрӯи миллаташон меандешанд.

Барои бунёди ҳайкал ва маҷмааҳо, нимпайкараҳо шинохту интихоби ҷой, макон, атроф, иқлим муҳим, балки ҳатмӣ мебошад. Бояд ба назар гирифт, ки 93 фоизи кишвари моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва дар он чор фасли сол ба навбат ҳукмфармо мебошанд. Интихоби нодурусти ҷой ва атроф ҳусни ҳайкалу маҷмааҳову нимпайкараҳоро коҳиш медиҳад. Инчунин, онҳоро назарногир менамоянд. Меъморону лоиҳасозон, мутаассифона, камтар меандешанд, ки дар атрофи ин гуна асарҳои санъат бунёди биноҳои баландошёна мумкин аст ё не?

Рангҳои биноҳои атроф ба ин гуна асарҳои санъат бояд мувофиқ гардонда шаванд. Ба назар ҳам бояд гирем, ки дарахтон дар чор фасл бо баргҳояшон тағйир меёбанд ва ҳам урён мегарданд. Дар гирди ҳайкалу маҷмааҳо, нимпайкараҳо дарахтони арча, ки ҳамеша сабзанд ва гулҳои рангорангро шинондаанду мешинонанд. Ин гувоҳ аз безавқии мо ва нашинохтани рангҳову мавқеъ ва ҷойҳои онҳо аст.

Дар лоиҳаву тарҳу бунёди ҳайкалҳову маҷмааҳо, ки барои садсолаҳо мебошанд, бояд андак хато роҳ наёбад. Ҷойи таассуф аст, ки ин хатоҳо аз безавқӣ, беҳунарӣ он гуна ошкоранд, ки аксари мардуми одӣ ҳам онҳоро мебинанду мешиносанд.

Ҳайкалҳову маҷмааҳо  бояд пурмазмун бошанд, дар онҳо устухонбандӣ, ки талаботи асосӣ дар асарҳои асили санъат аст, риоя шаванд. Инчунин, бозгӯи замону ҳақиқати таърихӣ бошанд. Ҳамчунин, барои онҳо масоҳати заруриро ҷудо кунем.

Ҳайкалҳову маҷмааҳову нимпайкараҳо бояд зебоиро дар макон ва гирду атроф ба вуҷуд биоранду нигоҳ доранд. На ҳамаи ҷо дар шаҳру ноҳияҳо барои бунёди ҳайкалу маҷмааҳо ва нимпайкараҳо мувофиқанд. Мутаассифона, ин талабот риоя нагардидааст ва ба ин наздикиҳо ҳам наметавон ба ислоҳашон умед баст. Масолеҳи ин гуна асарҳои санъат ё бар асари нодонӣ ва ё нодорӣ нодуруст интихоб шудаанд. Барои дурустӣ ва тақвияти ин андешаҳои мунсифона метавонам мисол биёрам, аммо мавҷудияти қариб ҳамаи ҳайкалу маҷмааҳо ва нимпайкараҳо дар кишвар маро аз ин амал бозмедорад. Магар он чӣ, ки бас аён аст, оё ҳоҷат ба андак баён аст? Не, ки не! Ҳамин аст, ки дар мо ин навъи санъат на танҳо рушд наёфт, балки безавқиро тавлид намуду ривоҷ дод, вагарна мардум аз рӯи муҳаббат ва дидани асари асил ба диданашон борҳову борҳо мерафтанд. Ба ҷуз ин, дар пиромуни онҳо андешаҳояшонро иброз медоштанд. Наметавон ҳатто хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ба тамошои онҳо бурду дар бораашон пурра маълумот доду суҳбат кард.

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст. Хуб мебуд, ки дар барномаи сайёҳон дидани ҳайкалҳо, маҷмааҳо ва нимпайкараҳо ворид мешуданд. Аммо бо мавҷудияти асарҳои ин навъи санъат дар кишвар наметавонем диққати онҳоро ҷалб бикунем. Ин гуна асарҳо бояд бисёр олӣ эҷод ва бунёд шаванд, то овозаву шуҳраташон дар арсаи олам паҳн бишавад. Дар ин сурат сайёҳон махсус ба дидани онҳо меоянд.

Аз он, ки бигӯем ин гуна асарҳои асили санъат бояд чун ганҷ, ёдгории таърихиву фарҳангӣ ҳифз шаванд, на дар вақти худ аст. Чизе ки вуҷуд надорад, чӣ гуна онро ҳифз мекунем?

Дар мо ҳеҷ лоиҳаву тарҳсоз, меъмору бунёдкунандаи ин гуна асарҳо, фикр мекунам, ҳеҷ гуна азоби рӯҳӣ накашидаанду намекашанд ва ҳам дилашон ба сарфи нодурусту беҳудаи пулҳои зиёди миллат насӯхтаасту намесӯзад. Кору эҷоду масъулиятро саҳл пиндоштаанду мепиндоранд.

Дар ҳалли муваффақонаи ин масъала бояд ба ҷавонони эҷодкори асилу дилсӯзи миллат рӯ биёрему такя бикунему умед бубандем. Онҳоро то як муддати муайян зарур аст, ки дар хориҷи кишвар тарбия бинамоянд. Дар интихобашон на танҳо воситаҳоро истифода нанамоянд, балки талабот истеъдод ва дилсӯзӣ барои пешрафти соҳаву миллат бошад. Меъморон ҳам бояд дониши казоӣ ва кофӣ дошта бошанду асарҳои асили ин навъи санъатро бишиносанд. Масолеҳи сохтмонии ҳайкалҳо, маҷмааҳо, нимпайкараҳоро мебояд, ки аз ташхиси махсус бигузаронанд ва дар ин кор ба андак тақаллубкорӣ роҳ надиҳанд.

Лоиҳаҳову тарҳҳои онро пас аз озмунҳо аз назари мутахассисони варзидаи байналмилалӣ гузаронанд ва ризояташонро барои қабулу бунёд гиранд. Ба сохтмону бунёди ин гуна асарҳои безавқу пастсифат дар кишвар хотима дода шавад.

Бигузор дар мамлакат як ё ду ҳайкалу маҷмааву нимпайкара бошад, аммо чун асари асили санъат аз ҷониби ҷаҳониён эътирофу қабул шаванд.

Абдулқодири РАҲИМ,

рӯзноманигор