Нуқтаи назар

Чаро роҳе нагирем пеш, ки он рушду нумӯъ орад

№17 (4757) 05.02.2024

Бузургон дар ҳама давру замон носипосӣ ва қадрношиносиро мазаммат кардаанд. Асадии Тӯсӣ фармудааст:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан бар он сангу хок.

Мурод аз ин сатрҳо танҳо исрофкории неъмати бебаҳо — об ва афкандани ҳар гуна ифлосию ҳатто наҷосат ба кӯл, наҳру дарёҳо нест. Ҳарчанд айни муддаост, агар аз рафтори иддае аз ҳамватанон нисбат ба оби муқаддас, неъмати бебаҳое, ки бе он ҳаёт дар рӯи замин вуҷуд дошта наметавонад, оғоз кунем. Чун сухан аз боби имону инсоф, дину оини мусулмонӣ равад, аксарият  аз худ ҳомии шариат метарошанд. Дар амал бошад, аксари онҳое, ки хасу хошок ва партовҳои хонаю ҳавлӣ, ҳоҷатхонаю оғилҳояшонро рӯфта, ба оби поки наҳру дарёҳо мерезанд, эҳтимол панҷ вақт намозашонро тарк накарда, рӯза ҳам доранд. Пас, ин ҳама тавофутро чӣ гуна метавон шарҳ дод?

Қазоват намоед, агар мардум муддате бо ягон сабаб аз оби нӯшокию барқ бенасиб монанд, чӣ қадар шӯру валвала бармехезад. Дар сайёра ҳамарӯза ҳазорон нафар аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд ва ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар хурдсолӣ ба мо талқин мекарданд, ки ҳаргиз ба об туф ва нонро таги по накунем. Коғазу китобро пеши по назанем, ки кӯр мешавем. Бемуҳобот, ба ҳақиқати он таъкидҳо эътимод дорам ва борҳо дар зиндагӣ шоҳиди ҳолатҳое гардидаем, ки носипосон беҷазо намондаанд. Мисолҳо лак андар лаканд, вале ба доно ишораву ба нодон калтакро фармудаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳо ба ҳолатҳои мағшуше дучор омадан мумкин аст, ки табъи одами заррае имону инсофдошта хира нашуда наметавонад. Аз ҷумла, дар пойтахт — шаҳре, ки имрӯзҳо қариб аз тамоми гӯшаю канори олам меоянду мераванд ва бархе дер боз кору зиндагӣ менамоянд. Бовари кас намеояд, ки онҳо дар мулки бегона ҷуръат пайдо кунанду ба шикастани шишаҳои истгоҳҳо, дарахтони сабз, рӯи роҳҳо афкандани пасмондаҳо, кашидану нависондани ҳар гуна расмҳои бешармона ва суханони қабеҳ даст зананд. Меҳмонон мумкин аст ин амалҳоро аз ҷониби баъзе наврасону ҷавонон ва ҳатто солмандони мо дида гиребони тавба ба даст гиранд.

Эҳтимол, онҳо беморони ботиние бошанд, ки аз харобкориҳо, зулм ба ҳайвону парандагон, ҷабр ба одамон кайфияте бубаранд. Вақте дар пойтахти ҷумҳурӣ, ки ҳамеша равуои одамон, гаштугузори нозирони милиса қатъ намегардад, чунин бошад, пас, аз ноҳияву деҳоти дурдаст чӣ ҷои гила? Наход илоҷи дастгир ва ҷазо додани чунин харобкорон мавҷуд набошад, дар сурате ки ин қадар воситаю таҷҳизоти нодир мавҷуданд? Агар як харобкорро дастгир намудан номумкин бошад, пас, чӣ гуна метавон ягон ҷинояткори хавфнокро дастгир намуд?

Ҷои инкор нест, ки ин кори бархе фарзандони ҷомеаи мост. Фарзандоне, ки аз беназоратии падару модарон эркатулфор ба воя расида, бинобар зери таъсири ҳар гуна таблиғоти ифротгароёнаи душманони миллат мондан ба чунин бетамизиҳо даст мезананд. Пас, ҳайфи он маблағҳое, ки дар кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ бо мақсади тарбияи ин тоифа ҷудо ва сарф мегарданд. Ҳайфи маблағу меҳнати сарфшудаи шаҳрдорону устоҳо, ки ба хотири ободию зебоии шаҳру ноҳияҳо харҷ мешаванд.

Бадии кор дар он аст, ки чунин харобкорон фардо амалҳои аз ин ҳам зишттарро анҷом медиҳанд. Кирмҳо ба аждарҳо табдил меёбанду барои нафсу манфиати худ ҳама чизро аз пеши роҳашон мебардоранд. Аз бенизомиҳои солҳои навадуми асри гузашта истифода намуда, чунин шахсон ба сари чӣ қадар корхонаю иншооти обод об рехтанд. Бар ивази маблағи ночиз бо баҳонаи хусусигардонӣ он дастовардҳои бузурги саноатие, ки бо пули умум сох­та шуда буданду садҳо ҳазор оилаҳоро мехӯронду мепӯшонд, валангор намуданд.

Дар оғӯши гарми Ватан истода, хиёнат ба халқу Ватан аз ин зиёд намешавад. Ба маънои маҷозӣ, Тоҷикистони биҳиштосои мо низ шабеҳи ҳамон ҷӯест, ки мо обашро меошомем, тамоми нозу неъматҳои диёрро истифода мекунем, аммо иддае аз дастурхон нон хӯрда, ба он туф мекунанд. Чунин пастфитратон дар ҳасрати як қулт обу як пора нон, дар вайронае аз олам хоҳанд даргузашт. Пушаймон хоҳанд шуд, вале дер хоҳад гашт.

Чанде аз ин мушоҳидаҳоро дар пойтахт дидаю нороҳатона бо телефон акс бардоштам ва аз тариқи «Фейсбук» барои андеша ва ислоҳ пешниҳод намудам. Бо шукрона аз сулҳу суботи Ватан ва мушоҳидаҳо аз вазъи ногувори кишварҳои дар оташи ҷанг қарордошта гуфтам:

Чаро роҳе нагирем пеш, ки он рушду нумӯъ орад,

Шукуфоию хушбахтию бахту обрӯ орад?

Мирзо РУСТАМЗОДА,

 «Садои мардум»