5 июн - Рӯзи байналмилалии муҳити зист

ЧАРО ТАБИАТ БА ШӮР ОМАДААСТ?

№72 (3552) 04.06.2016

Мушоҳида мешавад, ки ҳар рӯз дар ин ё он гӯшаи сайёра тӯфону обхезӣ, заминларза ва дигар ҳодисаҳои табиӣ рух дода, хисороти зиёд ба бор оварда, боиси талафоти одамон низ мегардад.

Атрофи ин ва дигар масоил суҳбате доштем бо раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  доктори илмҳои иқтисодӣ,  профессор Олимҷон Бобоев.

- Чаро табиат ба шӯр омада, иқлими сайёра тағйир ёфтааст? Ҷомеаи ҷаҳонӣ пайи дарёфти роҳҳои пешгирии ин ҳолат бояд чӣ кор кунанд?

-Ин ҳолат ба фаъолияти номураттаби инсон ва механизмҳои иқтисодии муосир, ки аслан барои гирифтани фоидаи беш аз тавони табиат равона шудаанд, рабт дорад. Дар ин раванд, масъалаи ҳамбастагию ҳамоҳангии инсону табиат ба назар гирифта намешавад. Ба ибораи дигар, экспансияи ноодилонаи инсон ба табиат рух дода, мувозинати байни фаъолияти инсон ва экосистемаи муҳити зист (ноосфера ) вайрон мешавад. Дар натиҷа, фалокатҳои табиӣ ва ҷангҳои гуногун бо мақсади ба даст овардани захираҳои арзони табиӣ ба амал меоянд.

- Аз ин бармеояд, ки ин нуктаҳоро инсоният дарк карда, барои беҳбудӣ  камар бастааст?

- Бале, инсоният имрӯз фаҳмидааст, ки дар натиҷаи ба назар нагирифтани он ҳолатҳое, ки зикр кардем, вазъи экологии ҷаҳон ташвишовар гаштааст. Алҳол барои кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат дар сатҳи роҳбарони давлатҳо, сиёсатмадорон, мутахассисон тадбирҳои гуногун андешида мешавад.

Аз ҷумла, ба барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва экология бо мақсади таъмини «Иқтисоди сабз» диққати ҷиддӣ дода мешавад. Махсусан, барномаҳои инкишофи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои Осиёи Марказӣ ва дигар ташкилотҳои  байналмилалии молиявӣ фаъолияти худро ба пешгирӣ намудани таъсири манфӣ ба муҳити зист равона кардаанд.

- Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ мавқеъ дорад?

- Кишвари мо, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт иқдомоти зиёд кардаасту мекунад. Дар ҷумҳурӣ вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ даҳсолаҳои охир ҳарорати ҳаво баланд гардида, боришот низ зиёд шудааст. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии Осиёи Миёна мебошанд ва дар чунин шароит хавфи обшавии он мавҷуд аст. Кишвари мо хостори он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба масъалаи мутобиқшавӣ ва паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.

Дар робита ба ин, иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ ёфта, Ассамблеяи генералии СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза» ва солҳои 2005-20015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» эълон кард. Моҳи июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи  байналмилалии  амалиёти «Об — барои ҳаёт» доир гардид. Ин ҳамоиши бузург аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои СММ ва дигар шарикони рушд доир шуд. Дар конфронс аз 100 кишвари ҷаҳон, 80 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ 1900  намоянда ширкат намуда, барои дарёфти ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об мубодилаи афкор карданд. Беш аз 70 маърӯзаи коршиносони байналмилалӣ ва минтақавӣ роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни масъала шунида шуд.  Зимни баргузории конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси нав баромад карда, пешниҳод кард, ки Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор» эълон шавад. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, ки дар ин ҳамоиши сатҳи баланд иштирок дошт, зимни суханронӣ ва ҳангоми мулоқот бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор»  баҳои баланд дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонуну, кодекс қабул намудааст, ки дар онҳо масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зист афзалият доранд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти биологӣ», «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ», «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳифзи хок», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», Кодекси ҷангал, Кодекси замин, Кодекси об ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд.

- Табиист, ки дар ин раванд баланд бардоштани маърифати экологӣ низ хеле муҳим аст.

-Бале, вобаста ба маърифати экологии аҳолӣ барномаҳои махсус татбиқ мешаванд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 қабул гардид, ки ҳадафи он такмили асосҳои сиёсати давлатӣ оид ба маърифат ва тарбияи экологӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии нав ва тарзи ҳаёти нави ҷомеа, беҳтар намудани вазъи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ҳаёти солим мебошад.

Илова бар ин, ҳоло дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ омӯзиши фанни экология  ҳатмист.

- Бамаврид аст, ки роҷеъ ба фаъолияти Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед…

- Комиссия фаъолияти худро тибқи нақшаи тасдиқшуда, аз 2 сентябри соли 2015 ба роҳ монда, то имрӯз як қатор чорабиниҳо гузаронид. Дар ин давра ба лоиҳаи қонунҳои аз кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи экологӣ воридшуда  ҳафт хулоса пешниҳод шуд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ дар ҷаласаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ибодзода Хайрулло дар бораи нақшаву барномаҳои вобаста ба муҳити зист гузориш ва ба саволҳои аъзои комиссия ҷавоб дод. Инчунин, дар ҷаласаи Комиссия гузориши муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар мавзӯи «Тоҷикистон: сиёсати обӣ ва амалия дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ» шунида шуд. Дар ҷаласаи 13 майи соли 2016 доиргардида ҳуҷҷати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Базел оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо  ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ҳоло таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари талабот ва меъёрҳои «Иқтисоди сабз» аз ҷониби аъзои комиссия Р. Латифзода ва Ҳ. Одинаев мавриди  омӯзиш қарор дорад ва таклифҳои зарурӣ ба кумитаҳои дахлдор ироа мешаванд.

Комиссия бо кумита ва комиссияҳои экологии парламентҳои дигар кишварҳо ҳамкориро ба роҳ мондааст. Барои мисол, муовини раиси Комиссияи экологӣ Р. Латифзода дар ҷаласаи  Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба қонунҳои моделӣ дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист суханронӣ кард.

Аъзои Комиссия  баъди омӯзиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои моделии давлатҳои ИДМ оид ба масъалаҳои экологӣ  «Кодекси экологиии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро таҳия карда, таҷдиди назари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши растаниҳои дорои хусусиятҳои табобатӣ» дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо мақсади ҷалби рӯзноманигорон барои инъикоси масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зист озмун эълон карда, беҳтаринҳоро ҳавасманд мегардонад. Имсол низ озмун эълон ва талаботи он дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шуд.

 Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»