Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати шашум вакилон дар қатори дигар масъалаҳо, вазъи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, № 702 «Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар вилоятро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр шуд, ки тайёр намудани мутахассисон, аз ҷумла кадрҳои соҳаи тандурустӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Қабул гардидани Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, № 702 «Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва барномаҳои дигари давлатӣ бозгӯи таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти мамлакат ба ин самти муҳим маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ, аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ беҳбудӣ металабанд».
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Иҷлосия дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилоят (даъвати 6) доир ба ин масъала андешаронӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки масъулони соҳаи тандурустии вилоят бояд дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти хизмати тиббӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати муолиҷа, татбиқ намудани усулҳои наву муосири муоина, ташхис ва табобати беморон, тарбияи мутахассисони болаёқат ва таъмини муассисаҳои тиббӣ бо кадрҳои сазовор тадбирҳои судманд андешанд.
- Санҷишҳо собит кард, ки ҷараёни иҷрои қарорҳо вобаста ба Барномаи мазкур тӯли соли сипаригардида мавриди баррасиву корбарии ҳадафмандонаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон, маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо қарор нагирифтааст. Ин ҳолат боиси нигаронӣ буда, андешидани чораҳои муассирро тақозо менамояд, — афзуд раиси вилоят.
Ҳарчанд дар вилоят ҷиҳати пешгирии тарки вазифа намудани кормандони соҳаи тиб корбарӣ шуда истода бошад ҳам, давоми соли охир воҳиди кории холӣ зиёд шудааст. Чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Исфара, Панҷакент ва Бӯстон бештар ба назар мерасад.
Таъмин намудани табибони ниёзманд ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ, ки дастгирӣ ва ҳавасмандии муҳим барои фаъолияти пурсамари табибон маҳсуб мегардад, дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳбудиро тақозо дорад.
Тибқи маълумот, шумораи умумии эҳтиёҷмандон аз ҳисоби табибон ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 470 оиларо дарбар гирифта, то ин дам эҳтиёҷи ҳамагӣ 50 оила қонеъ шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Гулистон, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дар ин самт корбарӣ суст ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҳар чӣ бештар дохил шудани довталабон ба муассисаҳои таълимии тиббии мамлакат масъулинро вазифадор намуд. Тибқи маълумоти Раёсати маорифи вилоят, айни замон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар муассисаҳои олии тиббии Тоҷикистон 4 ҳазору 387 нафар ва коллеҷҳои тиббӣ 15 ҳазору 633 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»