Нашри маводи ҳангоматалаб ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур бобати вазъи хизматрасонии тиббӣ ва раванди омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ шаҳрвандонро ба гумроҳӣ бурда, норасоии кадрҳоро дар бахши тандурустии кишвар бештар менамояд.
Ниёгони мо аз қадимулайём ба табибон арҷгузорӣ карда, онҳоро аз ҷумлаи ашхоси соҳибнуфузи ҷомеа эътироф намудаанд. Вожаи «табиби ман – ҳабиби ман» низ «ихтироъ»-и нав набуда, рӯйи кор омаданаш маншаъ аз ихлосу самимият гирифтааст. Дар таълимоти дини мубини Ислом низ пизишкон мавриди эҳтиром қарор дошта, чун «фариштагони саломатӣ» арзёбӣ гаштаанд. Аз таълифоти исломӣ бармеояд, ки замони бемор гардидани инсон Худованд кароматашро баҳри шифо ёфтани ӯ тавассути табибон амалӣ намуда, ба ин васила барои ризқу рӯзӣ пайдо намудани онҳо шароит фароҳам меорад.
Дар мамлакати мо низ бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯйи кор омада истодааст. Давоми 23 соли соҳибистиқлолии кишварамон дар ҳудуди мамлакат теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони давлати абарқудрати шӯравӣ дастрас намуданашон барои мо тоҷикон танҳо орзу буд, таъминанд.
Мутаассифона, пешравиҳои ин соҳа ба чашми баъзеҳо чун хор намудор шудаву онҳо бо истифода аз баландтарин минбари ҷомеа – воситаҳои ахбори омма бо сарфи назар намудани дастовардҳо ва нашри маводи ҳазёномезу аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур аҳли ҷомеаро гумроҳ намуда истодаанд. Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд,ки дар ин ҷода ҳафтаномаҳои ба ном «мустақил» хеле «пешқадам» мебошад. Мушоҳидаҳои журналистии банда аз он шаҳодат медиҳанд, ки «дар ҷомеаи мо ҳастанд афроде, ки ҳамарӯза бо роҳнамоии шайтон аз китфи чап бо ниятҳои муғризона аз хоб мехезанд. Ва он ният ин аст, ки имрӯз ҳам аз иғвохалтаю дасисатурбаи худ порае ба атроф партоб кунанду бозори ҳангоматалабонро гарм созанд. Агар шуду дасисаю иғвои навбатӣ ба ҳадаф расид, ин зумра ҳамон рӯзро бо табъи болида паси сар мекунанд ва агар не, рӯзашон сиёҳу шомашон торик, авқоташон талху шабашон ҳаром мегардад». Боиси таассуф аст, ки як идда журналистону ба ном «коршиносони мустақил» ба чунин бемории табобатнашаванда гирифтор шудаву дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа, аз иғвохалтаю дасисатурбаи хеш мунтазам ҷониби бахши тандурустии кишвар ва макони асосии омодасозии табибон — Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино туҳмату сафсатаҳои беасосро раво дониста, ба ин васила шояд худро «сабук» ва «хунук» менамоянд.
Нуктаи асосие, ки ин нафарон мунтазам ба он дахл намуда, онро муғризона арзёбӣ менамоянд, муқоисаи донишу малакаи хатмкардагони замони шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Ба андешаи ин «бузургон» гӯё сатҳи дониши хатмкардагони замони соҳибистиқлолӣ дар муқоиса ба онҳое, ки пештар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудаанд, нисбатан паст аст. Вале далелу арқоми мавҷуда, ки аз таҳлилҳои амиқу доманадор маншаъ гирифтаанд, бозгӯйи онанд, ки ин андеша билкулл нодуруст аст. Садҳо мисолҳои радкунандаи ин сафсата мавҷуданд, вале мо танҳо бо овардани чанде аз онҳо иктифо менамоем. Барои мисол, айни замон дар хориҷи кишвар зиёд нафароне ҳастанд, ки донишгоҳро баъд аз соли 1992 хатм намуда, дар беҳтарин муассисаҳои тандурустӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд. Гуфтан бамаврид аст, ки зиёда аз 370 нафарашон дар вазифаҳои масъул (сардухтур, мудири шуъба, кормандони хурду калони илмӣ ва ғайра) кор карда истодаанд, ки имрӯз бо роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тамос ва ҳамкорӣ доранд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки дар муқоиса ба замони шӯравӣ дар шароити кунунӣ хатмкардагони донишгоҳ тавонистанд дар хориҷи мамлакат кишварамонро таври бояду шояд муаррифӣ намоянд. Дар муассисаҳои тандурустии кишвар низ онҳое, ки донишгоҳро баъд аз соли 1992 хатм кардаанд, ҳамчун ворисони арзандаи Сино фаъолияти назаррас ва шоистаи таҳсин доранд. Мутаассифона, ин омилҳо ба чашми «ҳамабин»-и «дӯстон»-и мо наменамояд. Омили дигаре, ки мехоҳем ба хотири «муборак»-и ин «бузургон» расонем, марҳилаи ба камол расидани хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун табиб маҳсуб меёбад, зеро хатм кардани ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ маънои онро надорад, ки шахс ба маънои томаш табиб шудааст. Илми тиб ва раванди омодасозии мутахассисони ин бахш аз соҳаҳои дигар ба куллӣ фарқ дошта, вижагиҳои хоси худро дорад. Масалан, ҷавоне, ки донишгоҳро бо ихтисосҳои дигар, аз ҷумла иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, геолог ва ғайра хатм менамояд, имкон ва қудрат дорад, ки шурӯъ аз ҳамон замон фаъолияташро вобаста ба ихтисоси омӯхтааш пеш барад.Вале, барои он ки хатмкардагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун табиби комил фаъолияташонро шурӯъ намоянд, 10-15 лозим аст. Ин марҳила замина ва шароит фароҳам меорад, ки мутахассисони ҷавон дониши назариявӣ ва амалиявии хешро, ки дар донишгоҳ омӯхтаанд, такмил дода, бо «кулбор»-и ғанӣ ба табобати маризон оғоз намоянд. Биноан, «коршиносон»-ро мебояд зимни «таҳлил» ва «баҳодиҳӣ» ин ҷиҳати масъаларо низ ба инобат гиранд.
Нашри силсиламақолаҳои «танқидӣ» далели возеҳи он аст, ки соҳибони баъзе ҳафтаномаҳо латма ворид намудан ба обрӯи табибони тоҷик ва халал расонидан ба фаъолияти муназзам ва бемайлон рушдёбандаи бахши тандурустии ҷумҳуриро аҳдофи хеш қарор дода, аз эҳтимол дур нест, ки зери «нағора»и кадом як хоҷаи хориҷии худ «рақс намуда истодаанд». Аламовар он аст, ки дар ин қабил мавод муаллифон сангу маломатро ба сари табибон ва бахши тандурустии мамлакат арзонӣ дошта, сарҳади инсофро беинсофона убур намудаву сафсатаву буҳтонро ба ҳадди ифрот расондаанд.
Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳамасола дар ИМА, бинобар ба хатоӣ роҳ додани табибон, зиёда аз 225000 нафар ва Британияи Кабир зиёда аз 40000 нафар беморон оламро падруд гуфта, дар Федератсияи Россия аз се як ҳиссаи ташхиси табибон носаҳеҳ арзёбӣ мегардад. Дар ҷумҳурии мо бошад, ин нишондиҳанда бамаротиб пасттар аст. Барои мисол, соли 2010 дар кишварамон 144000 амалиёти ҷарроҳӣ сурат гирифта, шумораи фавтидагон мутаносибан 0,2 фоизро ташкил медиҳад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки фавтидани беморон дар аксари маврид на ба хатоии табибон, балки бо сабабҳои дигар, аз ҷумла дер ба духтур муроҷиат намудан, бардоштани ҷароҳати бениҳоят вазнин, хунравии зиёд ва ғайра рабт дорад. Дастро болои сина монда, бояд иқрор шавем, ки давоми солҳои охир сатҳу сифати дастрасии аҳолии мамлакатамон ба хизматрасонии тиббӣ бамаротиб беҳтар гашта, тамоми шаҳрвандон сарфи назар аз мансубияташон ба ин ё он қишри ҷомеа, имкони бархӯрдорӣ аз онро доранд. Вале дар ИМА, ки муқтадир ва пешрафтатарин давлати олам маҳсуб меёбад, ҳамагӣ аз 30 то 42 фоизи аҳолӣ имкони дастрасӣ ба хизматрасонии тиббиро доранду халос. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин кишвар хизматрасонии тиббӣ мунтазам танҳо ба шахсоне расонида мешавад, ки суғуртаи тиббӣ доранд. Яъне, онҳое, ки суғуртаи тиббӣ надоранд, танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба табибон муроҷиат менамоянд. Новобаста аз он ки бемор суғуртаи тиббӣ дорад ё не, баъд аз расонидани хизматрасонии тиббӣ фавран ба ӯ хабарнома барои пардохти маблағ меояд. Дар аксари маврид, бинобар сабабҳои болотар зикргашта, ёрии таъҷилии тиббиро ба беморон сӯхторхомӯшкунон мерасонанд. Шоистаи зикр аст, ки далелҳои овардашуда маҳсули «тахаюлот»-и мо набуда, бардоштҳои яке аз ҷарроҳони машҳури олам, доктори илмҳои тиб П. Шалонов, ки солиёни зиёд дар ИМА зиндагиву фаъолият дорад, аст. Худ қазоват намоед, ки оё дар ҷумҳурии мо ягон ҳодисаи дастрасӣ надоштани бемор ба ёрии таъҷилии тиббӣ ва дидаву дониста аз ташхису табобат дар канор монондани беморон ба мушоҳида мерасад? Бо дарки масъулият ва аз рӯйи инсоф бояд бигӯем, ки чунин ҳолат умуман вуҷуд надорад. Зиёд мешунавему мебинем, ки баъзе шаҳрвандон аз хароҷот шудани як миқдор маблағашон барои табобати худ ва пайвандонашон изҳори «нигаронӣ» намуда, онро тарзе баён менамоянд, ки гӯё ин маблағҳо ба «боди фано» рафта бошанд, на барои табобат. Вале дар ҳамин ҳол, чунин ашхос аз хароҷоти ғайримақсадноки зиёде, ки эшон ҳамарӯза онро бо майлу хоҳиши худашон ба хотири кайфу сафои чандлаҳзаина амалӣ менамоянд, «муҳри хомӯшӣ» ба лаб задаанд. Мушоҳида мешавад, ки баъзе журналистон бо истинод ба чанд табиби «ватандӯст», ки алъон дар хориҷи кишвар зиндагӣ ва фаъолият доранд, сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паст маънидод карда истодаанд. Инсоф куҷост «бузургон»? Дар ҳоле ки дар арсаи байналмилалӣ раванди омодасозии мутахассисон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино намунаи ибрат эътироф шудаааст, ин нукта магар «тарошаи аз бом афтода» ва «як бому ду ҳаво»-ро шабеҳ нест?
Хонандаи азиз, худ қазоват намоед, ки чӣ гуна шахсе солҳои дароз аз Тоҷикистон дидан накардааст, метавонад сатҳу сифати тайёр кардани мутахассисони бахши тибро ба риштаи баррасӣ кашад. Чунин тарзи кор «дӯшизаеро, ки ҳанӯз модар нашуда, ба дигарон тарбияи фарзандро омӯхтанист» ба хотир меорад. Муаллифони «муҳтарам»-и силсиламаводи зикршуда муқоисаи кишварамонро бо давлатҳои пешрафта хеле зиёд дӯст медоранд ва зимни иншои буҳтонномаҳояшон аз чунин тарзи кор васеъ истифода менамоянд. Мутаассифона, эшон «вақт наёфтаанд», ки раванди омодасозии мутахассисони соҳаи тибро дар хориҷ аз кишвар ҳамрадиф бо арзиши маблағи таҳсил дар онҳо бозгӯйӣ намоянд. Ҳол он ки ба шарофати Шабакаи умумиҷаҳонии интернет ин омил имконпазир аст. Шояд он вақт иттилоъ меёфтанд, ки танҳо барои қабул намудани ҳуҷҷатҳои довталаб дар Донишгоҳи Калгарии кишвари Канада ҳудуди 200 доллари амрикоӣ маблағ пешбинӣ шудаву арзиши солонаи таҳсил зиёда аз 150000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз лиҳози сатҳи дониши муҳассилин, заминаи моддӣ-техникӣ, равобити байналмилалӣ, сифати таълиму тарбия яке аз пешсафон маҳсуб меёбад. Роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тамоми пешравиҳои раванди фаъолиятро ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут медонанд. Онҳо ифтихор доранд, ки маҳз дар заминаи чунин дастгириҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аввалин шуда, «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои солҳои 2006-2015» дар сатҳи Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардид.То ин замон, бино ба гуфти масъулин, аз 25 банди ин барнома ба истиснои ду банд, ки татбиқашон танҳо ба салоҳияти донишгоҳ марбут нест, боқӣ ҳама дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гаштаанд. Табиист, ки дар ин раванд масъулиятшиносӣ ва поквиҷдонии раёсати донишгоҳ, таҳти роҳбарии ректори он — доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонов низ нақши муассирро доро буда, чунин тарзи кор барои амалӣ намудани ҳадафҳои пешорӯ такони ҷиддӣ гардидааст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки соли 2005 дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамагӣ 27 компютери куҳна мавҷуд буду халос. Ҳоло бошад, теъдоди компютерҳо дар донишгоҳ 900 ададро ташкил медиҳад. Аз соли 2006 инҷониб масоҳати биноҳои таълимии донишгоҳ 40000 метри мураббаъ зиёд шудааст. Дар ҳамин радиф, теъдоди ҷойҳои нишаст, ки соли 2005 ҳамагӣ 6000 буд, айни замон ба 15000 расидааст. Агар соли 2006 ҳамагӣ се монография аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ ба нашр расида бошад, пас давоми шаш соли охир теъдоди онҳо ба 43 адад расидааст. Тайи муддати зикршуда аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 6898 таълифоти илмӣ, 216 пешниҳоди навоварӣ ва 96 ихтироот рӯйи кор омад. Аз шумораи кормандони донишгоҳ 141 нафар рисолаи номзадӣ ва 21 нафар рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Гуфтан бамаврид аст, ки наваду шаш ихтирооте, ки зикр шуд,аз лиҳози моҳият хеле муҳим ва саривақтӣ буда, қисмати зиёдашон дар таҷрибаи корӣ маротибаи аввал мавриди истифода қарор гирифтаанд. Синну соли миёнаи ҳайати профессорону омӯзгорон, ки яке аз омилҳои муҳим маҳсуб меёбад, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино айни замон 48 солро ташкил медиҳад, ҳол он ки ин нишондиҳанда соли 2005 ба 53 сол баробар буд. Дар ҳамин росто, шумораи омӯзгорони дараҷаи илмидошта низ тамоюли афзоишро касб намуда, аз 251 нафари соли 2005 ба 317 нафар расид. Ҳоло дар сохтори донишгоҳ 17 шуъба, 8 шӯро, 10 марказ ва 62 кафедра фаъолият мекунанд. Дар навбати худ кафедраҳои донишгоҳ аз рӯйи хусусияти таълимӣ ба кафедраҳои клиникӣ – 38 адад, кафедраҳои тиббӣ- назариявӣ – 15 адад ва умумитаълимӣ -9 адад гурӯҳбандӣ шудаанд. Роҳбарияти донишгоҳ аз он изҳори қаноатмандӣ менамоянд, ки иқдомоти онҳо дар ҷодаи баланд бардоштани сифати таълим самар овардааст.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки тибқи таҳлили натиҷаҳои ҷамъбастии хатмкунандагон соли гузашта 99,7 фоизи хатмкунандагон донишгоҳро бомуваффақият хатм намуданд. Сифати дарсазхудкунии хатмкунандагон 74,9 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 9,3 фоиз зиёд аст. Ҳамчунин дар соли сипаришуда дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олӣ аз донишгоҳ 21 нафар аз рӯйи 12 фан иштирок намуданд ва 14 нафари онҳо ғолиб омаданд. Дар маҷмӯъ, муҳассилини донишгоҳ соҳиби ду ҷойи якум, ҳафт ҷойи дуюм ва панҷ ҷойи сеюм шуда, дар ҷамъбасти даставӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино миёни мактабҳои олии кишвар мақоми дуюмро соҳиб шуд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар Интернет — олимпиадаи байналмилалӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил панҷ мақоми аввалро ишғол намуданд, ки дастоварди арзанда маҳсуб меёбад. Ҳамзамон дар ин давра аз тарафи олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ 20 таълифоти илмӣ дар маҷмӯаи конференсияҳои хориҷи кишвар ба табъ расид.
Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти муназзаму босамари макотиби олӣ таъмини маводи таълимӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. Роҳбарияти донишгоҳ дар ин ҷода низ муваффақ ва пешсафанд. Давоми соли 2013 ба китобхонаи илмии донишгоҳ 25878 нусха адабиёти чопӣ ба маблағи умумии 584709 сомонӣ ворид гардид ва фонди умумии китобхона ба 701498 нусха адабиёти гуногунмавзӯъ расид. Аз ин теъдод 169153-тоашро маводи электронӣ ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, таъминот бо адабиёти таълимӣ бо забони давлатӣ 100 фоиз, бо забони русӣ 199 фоизро дар бар мегирад.
Нуктаи дигари муҳим амалӣ намудани як силсила иқдомот баҳри тавъам намудани назария бо амалия дар раванди таълим мебошад. Бо дарназардошти муҳимияти ин омил, дар заминаи ташаббуси раёсати донишгоҳ ва дастгирии молиявии Дафтари швейтсарии ҳамкорӣ оид ба рушд дар доираи татбиқи Лоиҳаи ислоҳоти барномаҳои таълимии факултети тиббӣ, Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ таъсис ёфт, ки он бо ҷадидтарин воситаҳои амалии таълим муҷаҳҳаз шудааст. Маркази малакаҳои амалӣ дар давоми фаъолияти худ ба донишҷӯёни донишгоҳ имконият фароҳам овард, ки маҳорати худро такмил диҳанд. Бо мақсади ҳавасманд намудани донишҷӯён ва баланд бардоштани завқи онҳо ба донишандӯзӣ ҳамасола аз тарафи раёсати донишгоҳ барои донишҷӯёни бо баҳои хубу аъло таҳсилкунанда ва фаъол 50 стипендияи номӣ ҷудо шудааст. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ ҳар моҳ ба ҳар як донишҷӯйе, ки ятими кулл маҳсуб меёбад, 100 сомонӣ кумакпулӣ ва баъди ҳар шаш моҳ ба ин маблағ боз 80 сомонӣ таври илова пардохт мешавад. Бо мақсади ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва минбаъд ба зинаҳои ординатура ва аспирантура ҷалб намудан дар шуъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ рӯйхати ятимони кулл тартиб дода шудааст, ки айни замон таҳти омӯзиш ва ҷобаҷогузорӣ қарор дорад.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ шуъбаи муолиҷавии донишгоҳ вазифадор шудааст, ки донишҷӯёни ятимеро, ки хоҳиши баъди машғулиятҳо кор кардан доранд, дар муассисаҳои тиббии пойтахт бо ҷойи кор таъмин намояд. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир талабот ба хобгоҳ рӯз аз рӯз меафзояд ва айни замон наздики 50 фоизи муҳассилини донишгоҳ ба хобгоҳ ниёз доранд. Бо дастгирии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ дар натиҷаи ба тавозуни донишгоҳ бозпас гардонидани ду хобгоҳи дар ихтиёри дигар ташкилоту идораҳо қарордошта ин мушкилот то андозае ҳалли худро пайдо намуд. Айни замон имкони таъмини зиёда аз 1440 нафар бо хобгоҳ фароҳам омадааст. Давоми соли 2013 олимони донишгоҳ 17 монография, 45 пешниҳоди ратсионализаторӣ, 6 ихтироот, 9 китоби дарсӣ, 14 лоиҳаи илмӣ ва 1340 таълифоти илмӣ эҷод ва ихтироъ намуда, ба қайд гирифтанд. Кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамрадиф бо фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ, корҳои муолиҷавию машваратиро низ сарбаландона ба сомон мерасонанд. Донишгоҳ дар барқарорсозии саломатии аҳолии ҷумҳурӣ саҳми муассир дорад. Кормандони донишгоҳ ба муассисаҳои табобатӣ ёрии сарпарастӣ – машваратӣ расонида, ҳамзамон ба ниёзмандон кумаки тахассусии муолиҷавию профилактикӣ мерасонанд. Илова бар ин, ҳайати профессорони кафедраҳои клиникии донишгоҳ дар таҳия ва татбиқи як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ, ки ба соҳаи тандурустии кишвар бахшида шудаанд, фаъолона иштирок менамоянд.
Давоми соли гузашта аз тарафи кормандони донишгоҳ ба 49 ҳазор бемор ёрии ташхисию табобатӣ ва машваратӣ расонида шуд, ки аз ин миқдор 13 ҳазорашро амалиёти ҷарроҳӣ ташкил медиҳад. Дастоварди дигари арзандаи аҳли донишгоҳ дар ин давра бомуваффақият табобат намудани 22 нафар бемор бо усули ҳуҷайрадармонӣ мебошад. Дар ҳамин радиф, трансплантатсияи ҷигару гурдаҳо ва аутотрансплантатсияи мӯйи сар низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки соли гузашта барои амалӣ намудани корҳои сохтмон ва таъмиру таҷдид аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, хусусӣ ва хайриявӣ 4,8 миллион сомонӣ ва барои хариди таҷҳизот 2,9 миллион сомонӣ сарф шудааст. Икдомоти мазкур шароит фароҳам меорад, ки раванди фаъолият дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ боз ҳам беҳтар шавад. Ҳамагон шоҳиди он шуда истодаем, ки солҳои охир раванди ба хориҷи кишвар барои кор рафтани мутахассисони соҳаи тиб тамоюли афзоишро касб намуда истодааст. Бинобар ин, роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаҳду талош доранд, ки дар доираи як барномаи давлатӣ раванди баргардонидани ин мутахассисон ба ватанашон роҳандозӣ гардад, зеро таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки баргардонидани онҳо дар муқоиса ба омодасозии мутахассисони нав бамаротиб осонтару арзонтар хоҳад буд.
Вале нашри чунин маводи ҳазёномез боиси дилхунукии табибони дохили кишвар гашта, бо чунин муносибати ҷомеа раванди баргаштану бо нафъӣ миллату меҳан фаъолият намудани табибони дар хориҷи мамлакат фаъолиятдоштаро зери суол мемонад. Баръакс, чунин тарзи бархӯрд раванди ба хориҷи кишвар рафтани чунин мутахассисонро метезонаду норасоии кадрҳои соҳаи тандурустиро вусъат мебахшад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»