Қаблан доштем. Он соли 1958 дар шаҳри Сталинобод нашр шуда буд. Як нусха аз шумораи аввали онро ман соли 1993 пайдо кардам. Муассиси маҷалла Бюрои ташкилии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст ва ҳар моҳ ба нашр мерасидааст. Ҳарчанд кӯшиш кардам, аммо шумораҳои баъдии онро пайдо карда натавонистам ва то ҳол шумораи нахустини маҷалларо дар бойгонии шахсӣ нигоҳ медорам.
Дар он сармақолаи «Вазифаҳои мо», матни Қарори Комитети Марказии КПСС «Дар бораи беҳтар кардани роҳбарӣ ба ҳаракати оммавии мухбирони коргару деҳқони матбуоти советӣ» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), гузориш аз ҷашнвораи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Праздник культуры таджикского народа», мақолаҳои Ҳоҷӣ Содиқ — раиси бюрои ташкилии Иттифоқи журналистони вилояти Ленинобод — «Съездамонро сазоворона пешвоз гирем», А. Глуховская — «Незабываемая встреча», А. Раҳматов — «Роҳи васеъ ба ахборот», М. Каримов «Многотиражные газеты», роҳбари сексияи ҳаҷвии бюрои ташкилии Иттифоқи журналистони РСС Тоҷикистон Тоҷӣ Усмон — «Сатира ва юмор дар саҳифаҳои газетаҳои районӣ» ва дигар хабару гузоришҳо чоп шудаанд.
Баъди ним аср, бо иқдоми гурӯҳе аз рӯзноманигорону муҳаққиқон — М. С. Боқизода (сардабир), Амирҳамзаи Сайидолим (муҳаррири масъул), Мирзоалӣ Ҷӯраев (котиби масъул) ва Иноятулло Иноятов (мушовир), бо сарпарастии Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон маҷаллаи илмӣ — оммавӣ ва таҳлилию сиёсии «Журналист» таъсис ёфта, моҳи ноябри соли 2008 нашр гардид. «Мо, созмондиҳандагони ин маҷалла дер боз дар орзуи он будем, ки барои ифшои мушкилоти соҳаи рӯзноманигорӣ, минбаре барои ҳамкасбони худ созмон дода, барояшон имконият диҳем, то мавзӯъҳои мубрами соҳаи рӯзноманигориро мавриди баррасӣ қарор диҳанд… Мақсад аз созмон додани маҷалла он аст, ки аз раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дарназардошти ормонҳои миллӣ, моҳияти беҳдошти ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ, бо баёни мавзӯъҳои доғ, ифшои костагиҳои ҷомеа, дастовардҳои нодири соҳаи илму техника, рушди иқтисоду саноати кишвар матлаб нашр намуда, паҳлуҳои норӯшани касбияти рӯзноманигориро ба навқаламони тозаэҷод бозгӯйӣ шавад, — қайд шудааст дар паёми аҳли эҷоди маҷалла.
Мутаассифона, ин «Журналист» ҳам умри дароз надид ва орзуҳои аҳли эҷод амалӣ нагардид.
Шояд ним асри дигарро интизор нашуда, «Журналист» — и наверо ба майдони матбуот орем?..
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»