Мутахассисон таъкид менамоянд, ки истеъмоли зиёди чойи халтагӣ метавонад ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонад, зеро дар таркиби коғази халтачаҳо моддаи эпихлоргидрин мавҷуд аст, ки ҳамчун пеститсид истифода бурда мешавад.
Ҳангоми ба эпихлоргидрин расидани об хатари он бештар мегардад. Намудҳои аҳромшакли халтачаҳо низ хатари камтар надоранд, таъкид менамоянд муҳаққиқон, зеро онҳоро аз нейлони одии барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ махсусгардонидашуда ё пластик истеҳсол менамоянд, ки заҳролуданд ва ба саломатӣ таъсир мерасонанд. Илова бар ин, баъзан чойро дар халтачаҳои мисли барф сафеди коғазӣ ба фурӯш мебароранд, ки дар таркиби онҳо хлор мавҷуд аст. Дар баробари ин, баргҳои чой аз хок моддаҳои фтордорро ҷаббида мегиранд ва бо мурури замон фтор дар вуҷуди инсон ҷамъ мешавад.
Дубора ва себора ҷӯшонидани халтачаҳои чой низ тавсия намешавад. Олимон чунин мешуморанд, ки истеъмоли чойи бо баркаш фурӯхташаванда беҳтар аст.
- Аксари навъи чойи сиёҳ, ки дар рафҳои мағозаҳо мехобанд, метавонанд хатари марговар низ дошта бошанд, — андеша доранд олимони олмонӣ. Чанде пеш онҳо ҳангоми намоиши мустақими Шабакаи телевизионии ZDF ҷиҳати муайян намудани миқдори пеститсидҳо дар таркиби чой ба ин хулоса омаданд. Таҷрибаи дар пеши чашми даҳҳо ҳазор тамошобини ZDF WISO гузаронидаи олимон на танҳо худи онҳо, балки сокинони Олмон низ моту мабҳут сохт. Дар халтачаҳои муқаррарии чойҳо, ки дар ҷаҳон фурӯхта мешаванд, чор намуди пеститсидҳо ёфт шуданд, ки метавонанд сабаби гирифторӣ ба бемориҳои саратон ва безуриётӣ гардида, хатари марг дошта бошанд. Ин пеститсидҳо барои тоза кардани чойзорҳо аз алафҳои бегона истифода бурда мешаванд.
Н. НИЗОМӣ,
«Садои мардум»